Забондонро зи чеҳра нур борад

№146 (3783) 09.12.2017

Нақши мураббӣ дар тарбияи хонанда хеле калон аст, чунки фарзанди солим ва бомаърифат тарбия намудан вазифаи ҷонии ӯст. Деҳқон низ дар парвариши ниҳол заҳмат мекашад, то ки он сарсабз бошад. Чунин мисол ба тарбияи фарзанд низ дахл дорад. Фарзанд низ ба мисли ниҳоли навбар аст ва он ғамхориву навозиш мехоҳад, то ки дар оянда падару модар ва ҷомеа аз ӯ баҳраманд гарданд.

Имрӯзҳо ахлоқи қисме аз ҷавонон коста аст, ки ниҳоят ташвишовар буда, бояд бобати рафъи он фикр кард.

Ташаккули ҷаҳонбинӣ ва дар рӯҳияи ахлоқи пок тарбия намудани шогирдон вазифаи аввалиндараҷаи мактабҳост. Аз ин хотир ба муаллим ва мураббия лозим меояд, ки вақти банақшагирии корҳои тарбиявӣ хулқу атвори ҳар як хонандаро хуб омӯзад. Омӯзгорон бояд донанд, ки  волидайни онҳо дорои  кадом принсипҳои  ахлоқӣ мебошанд, калонсолон то кадом сатҳ дар тарбияи ҷавонон намунаи ибратанд?

Тарбияи хонандагон дар мактаб ҳамон вақт ба мақсад мувофиқ мегардад, ки ҳамкорию ҳамфикрии оилаю омӯзгор таъмин бошад. Корҳои тарбиявӣ ҳамон вақт самар медиҳад, ки мураббиён ва муаллимон роҳу воситаҳои тарбияро хуб донанд.

Маданияти шахс, пеш аз ҳама, дар маънавиёт, муомила, муошират ва хулқу атвор, салиқаи сухандониву суханварии ӯ зоҳир мегардад. Дар зуҳур ва ривоҷи ин хислатҳои инсонӣ забон аҳамият дорад. Бо ифодаи дигар, забондонӣ аломати барҷастаи маданияти инсон аст.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. Дар фаъолияти ҳаррӯза дарк мекунем, ки забондонӣ барои пешравии таълиму тарбия аҳамияти хос дорад. Тавре ки бузургон фармудаанд:

Забондонро зи чеҳра нур борад,

Ба гоҳи гуфтан аз вай дурр борад.

Барои он ки хонандагон мафҳумҳои грамматикиро бошуурона аз худ намоянд, дар машғулиятҳо аз аёният ва дастурҳои таълимӣ истифода бурдан муҳим аст. Истифодаи воситаҳои аёнию дастурҳои методӣ ба муаллими забони модарӣ (тоҷикӣ) имконият медиҳад, ки аксар мафҳуми барои хонандагон нофаҳморо бозгӯйӣ намояд. Ба ҷуз ин, шавқу рағбати хонандагонро ба омӯзиши забони модарӣ баланд бардошта, метавонанд дар онҳо қобилияти мушоҳидакориро афзун созанд.

Ба қадри зарурӣ надонистани забон дар зиндагӣ мушкилиҳоро ба миён меорад. Баръакс, онҳое, ки забонро хуб омӯхтаанд, ин омил дар пешравии корашон мусоидат хоҳад кард. Бузургон фармудаанд:

Надонӣ гар забони давлати худ,

Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Оре, забони давлатӣ, ба ҷуз он ки ифтихори миллӣ мебошад, ҳамчунин рамзи дурахшони истиқлол ва  ҳувият низ ҳаст.

Биноан, лозим аст, ки ба забони давлатӣ ва модарӣ  садоқат ва муҳаббати беинтиҳо дошта бошем. Онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, ҷиҳати тозагӣ ва равнақи минбаъдаи он пайгирона кӯшем. Нағз дар хотир дошта бошем, ки ин забони нобро аз ниёгон ба мерос гирифтаем ва пурарзиштарин мероси мо ҳам ба наслҳои оянда ҳамин гавҳари ноёб хоҳад буд.

 Сарвиноз Хоҷаева, омӯзгори фанни забон ва

адабиёти тоҷикимуассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии

шаҳри Душанбе