Дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Интихоби Пешвои миллат- зарурати воқеии давлатдории навини тоҷикон» (дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат») ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни суханронии худ гуфт, ки: соли 2015 аз ҳар нигоҳ барои мардуми тоҷик соли махсус ва бобарор аст. Метавон ин солро соли таърихӣ ном бурд, зеро 9-уми декабр аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул гардид, ки аз тарафи мардуми Тоҷикистон хуб пазируфта шуд. Воқеан ҳам қабули ин қонун саривақтӣ буда, ниёзҳои мардумро қонеъ мегардонад. Ин арҷшиносӣ, эҳтироми бузург ва арзи сипоси мардуми тоҷик ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ҳамчунин дар ҳамоиш зикр карда шуд, ки насли имрӯза таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар дар бунёди ҷомеаи навин ширкати фаъолона доштанду доранд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»