Ё хатои роҳбарони собиқро кӣ ислоҳ мекунад?
Даҳаи дуюми моҳи августи соли равон сокинони маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор чанд рӯз беоб монданд. Зеро, бо баҳонаи қарздорӣ аз барқ масъулони соҳа интиқоли барқро ба ширкати «Фаррух», ки иншооти обтаъминкунии иморатҳои маҳалла дар он ҷо воқеъ аст, бе огоҳӣ қатъ намуданд.
Хонаҳои 4-5 — ошёнаи маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови Ҷамоати шаҳраки Ҳисор дар замони шӯравӣ қомат афрохта, дар он асосан коргарони корхонаи машҳури «Гидростройматериалы» зиндагӣ мекарданд. Иншооти таъмини оби гарму хунуки сокинони маҳалла дар ҳудуди ин корхона воқеъ буд. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ корхона, ки дар он садҳо нафар дар ду баст кор мекарданд, аз фаъолият бозмонд. Дар давраи хусусигардонӣ таҷҳизоти онро канда фурӯхтанду иншооти обтаъминкунӣ бинобар саҳлангории роҳбарони собиқи шаҳр (он вақт ноҳияи Ҳисор) ба ихтиёри ширкати «Фаррух» гузашт. Мебоист ин муассисаро ба ихтиёри Корхонаи обу корези шаҳри Ҳисор медоданд, вале он вақт касе ин ҷиҳати масъаларо фикр накард.
Инак, ҳар сол бо баҳонаи қарздории ширкат аз барқ чанд рӯз таъмини обро ба ин маҳаллаи марказии шаҳри Ҳисор қатъ менамоянд. Бо чунин тарзи корбарӣ оянда вазъи таъмини об дар маҳалла чӣ гуна мешавад?
Зарур аст, ки роҳбарияти шаҳри Ҳисор бо мақсади ҳалли мушкилот ба ивази пешниҳоди қитъаи замин барои аз тавозуни ширкати «Фаррух» баровардани иншооти мазкур ва ба ихтиёри Корхонаи обу корези шаҳри Ҳисор додани он мусоидат намояд.
С. Наҷмиддинзода