54 нафар барои кор роҳхат гирифтанд

№ 04.09.2024

Кор МашҳурШуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои дарёфти ҷойи кори доимию мавсимӣ ва ҷалби сокинон ба шуғлҳои гуногун ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод  баргузор намуданд.

Дар ярмарка аз тарафи идораву муассисаҳои маҳаллӣ, ташкилоту корхонаҳои ноҳия барои сокинони дорои маълумоти олӣ 31 ҷойи кори доимӣ ва вазифаҳои озод инчунин, барои коргарони соҳаи сохтмон аз 300 то 400 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид.

Тавре аз ноҳия иттилоъ доданд, ҳадафи ташкили ярмарка фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҳарчи бештари корҷӯён ба фаъолият дар идораву корхонаҳои гуногун ва ба ин васила муътадил гардондани вазъи бозори меҳнат мебошад.

Дар натиҷаи баргузории ярмарка 54 нафар барои кор дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия роҳхат гирифта, аз ин теъдод 12 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Бар замми ин, 15 нафар бонувони хонашин барои азхуд намудани касби қолинбофӣ ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд.

М. ИМОМНАЗАР,

 «Садои мардум»