Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№137 14.11.2019

Вакили Думаи давлатӣ расонаҳои хориҷиро айбдор кард

пискаревРаиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Россия оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия Василий Пискарев пешниҳод кард, ки дахолати расонаҳои хориҷиро дар корҳои дохилии Россия тафтиш кунанд.

Ба гуфтаи вай, расонаҳои хориҷӣ қонуни интихоботро дар рӯзи хомӯшӣ, яъне, як рӯз пеш аз интихобот ва рӯзи интихоботи 8 сентябр, нақз карданд. В. Пискарев бахши русии «Радиои озодӣ», телевизиони «Настояшее время», «Садои Амрико», бахши русии «Би-би-сӣ», «Медуза» ва «МБХ-Медиа»-ро мисол овард. Дар ин робита Думаи давлатии Федератсияи Россия ба «Роскомнадзор» ва додситонии кишвар шикоят бурданист.

«ИНТЕРФАКС»

Парлумони Қирғизистон пароканда мешавад?

ҚирғизистонБино ба иттилои раиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Қирғизистон Нурҷон Шайлдабекова, интихоботи вакилони парлумони ин кишвар (даъвати 8-ум) моҳи октябри соли оянда баргузор мешавад. Ба гуфтаи вай, дар ду соли оянда дар Қирғизистон интихоботи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ доир мегарданд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳо ва вакилон гуфта буданд, ки эҳтимол дорад, тирамоҳи соли ҷорӣ парлумон пароканда ва интихоботи ғайринавбатӣ баргузор шавад.

- Гуфтугӯҳо дар бораи пароканда кардани парлумон дар долонҳои «Кохи сафед» идома доранд, аммо ман бар ин назарам, ки амалӣ кардани он ба кишвар чизе намедиҳад, танҳо афроди алоҳида аз он манфиат мебинанд, — навишта буд вакили парлумони Қирғизистон Достон Бекешев дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Муовини раиси парлумон Аида Қосималиева низ овозаҳои парокандашавии парлумонро тасдиқ карда мегӯяд, ки баргузории интихобот дар баҳор ё тирамоҳи соли 2020 фарқи зиёде нахоҳад дошт. Ҳарчанд ин аз омилҳои зиёде вобаста аст, вақт нишон медиҳад. Интихоботи пеш аз муҳлат «орзу»-и бархе аз масъулон аст.

«ОЗОДӢ»

Пакетҳои пластикӣ зарароваранд, аз онҳо бояд даст кашид

пластикЧунин ақида доранд мутахассисони «Роспот­ребнадзор»-и Федератсияи Россия.

Онҳо дар ин робита лоиҳаи қонунеро таҳия карда истодаанд, ки тибқи он дар мағозаҳо ва марказҳои савдои кишвар батадриҷ аз истифодаи пакетҳои пластикӣ бояд даст кашанд. Ба ин восита ҳам одамон аз зарари чунин пакетҳо эмин мемонанд, ҳам муҳити атроф тоза мешавад. Роҳбарону мутахассисони Вазорати табиати кишвар низ ин иқдомро, ки ба беҳбуди вазъи экологӣ мусоидат менамояд, дастгирӣ кардаанд.

Аммо баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки аввал бояд маҳсулоти ивазкунандаи пакетҳоро пайдо намоянд. Дар Ассотсиатсияи ширкатҳои савдои яклухт се намуди маҳсулотро пешниҳод намудаанд: пакетҳои коғазӣ, маҳсулот аз пластикаҳои биологии безарар ва сумкаҳои истифодаи доимӣ.

«ИЗВЕСТИЯ»

Дигарон ба ҷойи вакили парлумон имтиҳон месупоранд

ДигарЖурналистони Ширкати телевизионии «Nagorik TV» ошкор карданд, ки дар Донишгоҳи озоди Бангладеш ба ҷойи вакили парлумони мамлакат Таманно Нусрат дигарон имтиҳон месупоридаанд.

Ин вакил, ки ҳамзамон, донишҷӯи донишгоҳи зикршуда мебошад, чанд сол боз дар мавсими санҷишу имтиҳонҳо аз «хизмати» ҳамандом (двойник) — ҳои худ истифода мебурдааст. Онҳо 13 маротиба ба ҷойи вакил санҷиши тестӣ супоридаанд. Дар донишгоҳ инро медонистаанд, вале чун Таманно узви оилаи бонуфуз аст, ин рафтори ӯро нодида мегирифтаанд. Аммо, журналистон, вақте шоҳиди имтиҳонсупории «вакил» мешаванд, ин воқеаро зуд расонаӣ менамоянд. Дар натиҷа, «донишҷӯи фаъол» аз муассисаи олӣ хориҷ мегардад.

 «НОВОСТИ MAIL.RU»

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»