7 май парвоз ба хатсайри ҳавоии Душанбе — Лоҳур оғоз меёбад

№46 (3526) 07.04.2016

Тарик икбал СумроҶумҳурии Исломии Покистон аз аввалин давлатҳоест, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва робитаҳои ҳар ду кишвар мунтазам густариш меёбад. Аз 7 то 10 апрели соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи тиҷоратии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегардад. Дар арафаи баргузории ин чорабинӣ  бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро мусоҳиб шудем.

- Соли сипаришуда гардиши мол дар миёни ду кишвари бародар чӣ гуна буд?

- Ҳаҷми гардиши мол дар миёни Тоҷикистону Покистон соли 2015 ба 64,5 миллион доллари ИМА расид. Аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 41,3 миллион доллари ИМА маҳсулот ворид шуд. Ҳаҷми содироти Тоҷикистон ба Покистон 23,2 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод. Мо ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон боварӣ дорем. Дар назар аст, ки тайи се соли оянда ҳаҷми табодули мол миёни кишварҳоямон ба 500 миллион доллари ИМА мерасад.

- Ба андешаи шумо ду кишвари дӯст дар кадом бахшҳо метавонанд робитаҳоро густариш диҳанд?

- Ҳар ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ имкони зиёди вусъат додани ҳамкориҳоро доранд. Ҷумҳурии Исломии Покистон хоҳони ҳар чӣ зудтар амалишавии лоиҳаи CASA – 1000 аст. Шубҳае нест, ки оянда Покистон яке аз харидорони бузурги барқи содиротии Тоҷикистон хоҳад гашт. Ҳоло ҷонибҳо барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва сармоягузориҳо тадбирҳо андешида истодаанд. Моҳи июни соли равон мулоқоти Комиссияи муштараки иқтисодии Покистону Тоҷикистон (JEC) доир мегардад. Дар ин мулоқот нишондиҳандаҳои  ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ — иқтисодӣ натиҷагирӣ ва самтҳои нави рушди ҳамкориҳои минбаъда муайян  хоҳад шуд.

- Чаро то ҳол миёни Тоҷикистону Покистон хатсайри мустақими ҳавоӣ вуҷуд надорад?

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон муҳтарам Муҳаммад Навоз Шариф кӯшиш доранд, ки миёни ду кишвар ҳар чӣ зудтар хатсайри мустақими ҳавоӣ ифтитоҳ шавад. Мо пешниҳодоти сарварони ду кишвари бародарро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри амалӣ шудани ин нияти нек талош меварзем. Хушбахтона, аз 7 майи соли равон ҳафтае ду бор парвози хатсайри ҳавоии Душанбе — Лоҳур оғоз меёбад. Парвоз тавассути ширкати ҳавопаймоии Сомон — Эйр» сурат мегирад

- Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» аз марзи Покистон 25 км дур аст, вале фаъолияти соҳибкорони покистонӣ дар ин ҷо назаррас нест, чаро?

- Соҳибкорони покистонӣ дар ин хусус маълумот доранд, вале бо вуҷуди наздик будани масофа, роҳи автомобилгард вуҷуд надорад. Пешниҳодот дар бобати бунёди роҳи мошингарди Ишкошим — Читрол ба воситаи долони Вахон мавҷуд аст. Амалишавии ин лои­ҳа маблағи зиёд талаб мекунад. Агар ин нақшаи нек амалӣ гардад, рафтуомади тоҷирони тоҷику покистонӣ осон хоҳад шуд.

- Соли гузашта намоиши маҳсулоти Покистон дар Тоҷикистон баргузор шуд, имсол низ чунин иқдом сурат мегирад?

- Аз 7-ум то 10-уми апрели соли равон намоиши маҳсулот ва фестивали фарҳангии Покистон дар Тоҷикистон доир мегардад. Вобаста ба ин чорабинии бузург 7 апрел дар меҳмонхонаи «Серена» ҳамоиши соҳибкорони Покис­тону Тоҷикистон дар соҳаи саноати сабук ва 8 апрел чунин ҳамоиш дар соҳаи сохтмон баргузор  мешавад. Чорабинии мазкур бо ташаббусу мусоидати Ширкати «Promotime»-и Покистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

- Барои боз ҳам густариш ёфтани робитаҳои ду кишвари бародар чӣ бояд кард?

- Солҳои охир робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон торафт вусъат меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон муҳтарам Муҳаммад Навоз Шариф хоҳони рушди ҳамкориҳо мебошанд. Ҳар ду ҷониб барои амалӣ шудани қарору санадҳои имзошуда қадамҳои устувор мегузоранд. То ин дам миёни Тоҷикистону Покистон қариб 50 санади ҳамкорӣ имзо шудааст. Амалишавии онҳо ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар хоҳад буд.

Мусоҳиб С. СУННАТӢ