«Ҳақиқати Ленинобод» рафти Иҷлосияи XVI ШӮРОИ Олиро сари вақт инъикос мекард

№134 -136 (3771-3773) 16.11.2017

Накши мукбирониСаҳми рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») нисбат ба дигар нашрияҳо дар инъикоси рафти Иҷлосияи XVI Шӯрои  Олӣ шоёни таҳсин аст. Аз ин рӯ, зарур шуморидем бо яке аз иштирокчиёни иҷлосия, Аълочии матуботи Тоҷикистон Мазбутҷон Воҳидов ҳамсуҳбат шавем.

- Инъикоси рафти иҷлосия чӣ тавр сурат гирифт ва аз журналистони «Ҳақиқати Ленинобод» киҳо дар омода кардани гузоришу мақола бештар фаъол буданд?

- Бо супориши роҳбарияти Комиҷроияи вилояти Ленинобод, инчунин пешниҳоди ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», шахсан сармуҳаррири онвақта Файзулло Атохоҷаев, гурӯҳи мухбирони парлумонӣ ташкил шуд. Роҳбарии онро бар зиммаи банда гузоштанд. Омода ва таҳрир кардан низ чун муовини сармуҳаррир бар уҳдаи ман буд. Ба ҳайат журналистони шинохта ва ботаҷриба Ҳасанбой Шарифов, Ҳадиятулло Тӯйчиев, Ҳасани Порсо, суратгир Шарифҷон Мамадҷонов (рӯҳашон шод бод) ва Ғафур Нарзуллоев дохил шуданд.

Дар ҳар шумора қарору санадҳои ҳуқуқӣ, андешаи депутатҳои халқ ва дигар иштирокчиёнро дар шакли гузориш, мусоҳиба ва хабар чоп мекардем.

«Ҳақиқати Ленинобод» на танҳо дар вилояти Суғд, балки берун аз он низ дастраси хонандагон мешуд. Ба ин ва дигар васила сокинони ҷумҳурӣ (қисман) аз рафти кори иҷлосия дар вақташ огоҳӣ меёфтанд.

Бояд гӯям, ки мухбирони парлумонии рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҷумҳурият» ва телевизиони вилояти Суғд ҳам саҳми ниҳоят калон гузоштанд. Онҳо Файзулло Атохоҷаев, Ҳасанбой Шарифов, Мавлуда Шарифова, Ҳадиятулло Тӯйчизода аз рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», Мирзомаҳмуд Мирбобоев, Бобоҷон Абдулвоҳидов аз рӯзномаи «Садои мардум», Аюби Кенҷа аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», Додоҷон Раҷабӣ аз шуъбаи матбуоти Комиҷроияи вилоят, Акрамалӣ Ҳасанов (рӯҳаш шод бод!) аз телевизиони вилоят ва дигарҳо буданд.

Агар шумораҳои таърихиро варақ занем, бори дигар заҳмати онҳоро баҳри дарёфти суханони таъсирбахш, рӯҳбаландкунанда ва ҷолиб дарк мекунем, ки дар қалби хонандагон чӣ қадар тухми оромию субот киштанд. Масалан, саҳифаи аввали «Ҳақиқати Ленинобод» дар шумораи 16 ноябри соли 1992 бо байти зерин сар шудааст:

Зиҳӣ, кабӯтари сафеди оштӣ,

Ки дил барад суруди ҷонфазои ӯ!

«Вакилони халқ ҳозир шуданд. Соати 16-и 15 ноябр 160 нафар депутатҳои халқи ҷумҳурӣ аз ҳамаи вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон аз қайд гузаштанд». Дар ҳамон ҷо ду шеър оварда шудааст, ки «Моро кӣ мераҳонад?», «Ватанро дар амон монед!» номгузорӣ гардидаанд. Мақолаҳои дигар «Осоиши ду гетӣ» ва «Иҷлосияи ҳалкунанда» манзур гардида, дар поён омадааст: «Имрӯз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ба кори сессия барор мехоҳем!».

Дар ҳамон саҳифа мақолаи «Бузургтарин савоб гузашт аз гуноҳ аст!» ҷой дода шудааст. Он ба қалами банда тааллуқ дорад, ки ба хубӣ анҷом ёфтани кори иҷлосияро дар бахшидани гуноҳҳои якдигар медидам.

Дар шумораи 17 — уми ноябр мехонем: «Дина дар Қасри маданияти Арбоб, колхози ба номи Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор сар кард». Мақолаҳои «Арбоб дар маркази диққат», «Муттаҳидӣ — роҳи наҷот», «Рӯзи дуюм», «Мақсад мусолиҳа, аммо бо кадом роҳ?», «Арбоб бо ҷаҳон гап мезанад» ва «Рӯзномаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷой дода шудаанд. Ҳамин тавр, дар ҳар шумора, рӯзи чорум: «Раиси нав интихоб шуд», муроҷиати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарварони гурӯҳҳои силоҳбадаст таҳти унвони «Даъват ба гуфтугӯи мардона», рӯзи панҷум: «Масъалаҳо ҳалли худро меёбанд», рӯзи шашум: «Аз навмедиҳо басо умед аст», «Кор аз рӯи қавл аст», рӯзи нуҳум: «26 ноябри соли 1992 — Рӯзи сулҳ ва ризояти тамоми меҳнаткашони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мурод ҳосил шуд, охираш ба хайр шавад, бо чунин умед рӯзи нуҳуми иҷлосия ба итмом расид», «Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо…», рӯзи даҳум: «Иҷлосияи таърихӣ дар Хуҷанд вазифаи олиашро иҷро кард. Бигзор, дар Тоҷикистони мустақил сулҳу ризомандӣ пойдор бимонад!», «Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муроҷиатномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо, ба тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ», «Мардон ҳам ашк мерезанд» ва монанди инҳо ба табъ расидаанд.

Дар шумораи 27 ноябр ман мужда додам, ки «Оши оштӣ — дар Арбоб» пухта шуд.

- Аз он рӯзҳо дар хотири шумо кадом лаҳзаҳо сабт шудаанд, ки ёдрас кардани онҳо гуворо мебошад?

- Масалан, дар шумораи №150, аз 15 декабри соли 2015, ба шарафи 85 — солагии рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» аз вохӯрии таърихии Эмомалӣ Раҳмон бо журналистони рӯзнома таҳти унвони «Ман ба «Ҳақиқати Ленинобод» боварӣ дорам» чунин ёдоварӣ шудааст: «Бо хоҳиши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4 декабри соли 1992 дар Комиҷроияи вилоят вохӯрӣ бо аҳли қалами рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» барпо гардид. Байни журналистон ва Раиси навинтихоби парлумони ҷумҳурӣ оид ба вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ҷамъбасти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти минбаъдаи Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар масъалаҳои муҳими рӯз мубодилаи афкор барпо гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» баҳои баланд дода, журналистони онро даъват намуд, ки минбаъд низ қувваю дониш ва ғайрати эҷодиашонро баҳри пойдор гардонидани сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон, таъмини ваҳдати мардум ва якпорчагии ҷумҳурӣ равона намоянд.

Дар он мулоқоти таърихӣ ҷонишини сармуҳаррир Мазбутҷон Воҳидов, мудирони шуъбаҳои рӯзнома Ҳасанбой Шарифову Ғафур Нарзуллоев ва мухбир Ҳадиятулло Тӯйчиев роҷеъ ба мушаххастар ва ба шароити ҷумҳурӣ мутобиқ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», таъминоти моддию техникӣ ва молиявии рӯзномаҳои маҳаллӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ аз ҷониби ҳукумат ва дигар масоили муҳими рӯз фикру мулоҳиза баён доштанд, ки аз ҷониби Раиси парлумон хуш пазируфта шуд. («Ҳақиқати Ленинобод», аз 5 декабри соли 1992)».

Дастхати мақола ва мусоҳибаҳо бо депутатҳои халқи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иштирокчиёни иҷлосияи таърихӣ, ки дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ба чоп расидаанд, алъон чун ҳуҷҷати таърихӣ ва сарчашмаи хеле муътамади омӯзиши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Осорхонаи Қасри Арбоб маҳфузанд.

Инак, аз баргузории иҷлосияи сарнавиштсоз чоряк аср сипарӣ шуд. Ман баъди кор дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба нафақа баромада, бекор нишастанро раво надидам. Ҳоло дар ҳафтаномаи «Хуҷанд»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси муовини сармуҳаррир кор мекунам. Баъзан ҳолат қаламкашони ҷавон маро аз он рӯзҳои таърихӣ суол медиҳанд. Бо камоли майл ба онҳо ҷавоб дода, мегӯям, ки сулҳу якдигарфаҳмӣ ва осудагӣ дар кишвар осон ба даст наомадааст. Пас, биёед, ба қадри он неъмати бебаҳо бирасем ва аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузор бошем.

Таҳияи Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»