«Ҳақ омад, ботил нобуд шуд»

№136 (4242) 03.11.2020

Филми «Хиёнат» шаппотии обдоре ба рӯи нотавонбинон маҳсуб мешавад, ки баъд аз хӯрданаш ба худ омадани он тоифа дар гумон аст

Нотавонбинони тоҷику тоҷикистониён  ваҳшатзадаанд. Филми «Хиёнат» то андозае нишонрас буд, ки ҳатто ҳамсафон воқеиятро дарк намуда, мисли «турна» села — села (манзур хориҷшавии чанд «равшанфикр» аз Паймони миллӣ аст) аз канори саркарда рафта истодаанд.

ХиёнатОн аз далелу арқоми асоснок, наворҳои таъсирбахшу таваҷҷуҳбарангез, эътирофу фошкорӣ   таркиб ёфта,  ба қавле,  «каппа»-и нотавонбинонро  сӯзонд». Қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар филм «корнома»-и ба ном мухолифони Ҳукумат бори дигар, бо сабку услуби ҷадид бозгӯйӣ шуд.  «Хиёнат» вокуниш ба сафсатапароканиҳо буда, дастандаркорони дастури Пешвои миллат –  «сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд»- ро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро карданд.

Дар оғоз бамаврид медонам  моҳияти мухолифони Ҳукуматро, ки худро «қаҳрамонон»-и филм мепиндоранд, мухтасар  шарҳу тавзеҳ диҳам. Мавҷудияти мухолифин дар давлатҳои олам падидаи маъмул буда, бо вуҷуди ихтилофи назарҳо доир ба масъалаҳои гуногун, дар масоили  миллӣ  ҳукуматдорон ва мухолифин мавқеи яксон доранд.  Ҳарчанд ҳадафи ниҳоии дилхоҳ ҳизб расидан ба қуд­рат аст, вале дар ҷомеаи пешрафта дар ин ҷода аз рақобати солим ва усулҳое, ки  ба қонунгузорӣ  мухолифат надоранд,  кор мегиранд.

Коршиносон низ ба он назаранд, ки «мухолифати сиёсӣ»  ҳаргиз ба маънои «хостори расидан ба қудрат» тафсир намешавад.  Ва танқид рукни асосии фаъолияти мухолифони Ҳукумат ба ҳисоб мераваду аз зовияи далелу арқоми асоснок  ироа шуда, рабте ба афсонапардозиву сафсатапароканӣ надорад.

Мутаассифона, нотавонбинони миллату давлати мо бӯе аз муқаррароти  зикршуда набурдаву бо амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриинсонӣ ва дастгирии хоҷагони хориҷӣ мехостанд ба қудрат расанд.

Ин «аллома»-ҳо ба ҷои он ки дар заминаи далелҳои асоснок сиёсати ҳукуматро ба чолиш кашанд ва бигӯянд, ки шумо дар фалон маврид иштибоҳ мекунед  (агар чунин иштибоҳ ҷой дошта бошад), ба эҷоди тавтеа дар ҷомеа машғул шуданд.

Ҳама медонанд, ки (ҳатто онҳое, ки  вонамуд мекунанд, ки намедонанд) ашхоси мавриди назар тасмими бо роҳи ғайриқонунӣ расидан ба қудратро доштанд.  Биноан, аз имконоти фароҳамнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муқоиса бо дигар кишварҳо иҷозаи фаъолият ба ягона ҳизби исломӣ дар минтақаро дода буд, суиистифода карданд.

Дар олам ягон чиз беохир нест ва ҳар  оғозро фарҷом аст. Аз ҷумла, ҳиллаву найранг низ бо вуҷуди «ихтироъкор»  будани соҳиби мағз ҳатман ба хати қирмизӣ мерасад. Хуб дар хотир дорем, ки солҳои навадуми асри гузашта маҳз ҳамин «дигарандешон» ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистонро маҳдуд ва қисме аз онҳоро қатлу беватан карданд. Ҳаводиси баъдӣ собит намуд, ки идома ёфтани фаъолияти онҳо, ки аз хурофот, ҷоҳталабӣ, нотавонбинӣ, бегонапарастӣ ва ғайра таркиб ёфта буд, танҳо бар зарари мардум аст.

Бидуни тардид метавон гуфт, ки агар нисбат ба онҳо мақомоти зидахли Тоҷикистон сари вақт чораандешӣ намекарданд, пайомадаш барои тоҷику тоҷикистониён фоҷиавӣ мегашт. Ҳоло низ  нотавонбинон «одат»-и худро тарк накарда, аз хориҷ сӯи Меҳан санган­дозӣ доранд.

«Хиёнат» дар қиёс бо ҳарзагӯиву сафсаттапарокании нотавонбинон, бо истифода аз далелу рақамҳои асоснок, наворҳои таърихиву фаврӣ, эътирофи собиқ ҳамсафон ва ёдоварии шоҳидони ҳол омода шудааст.  Муаллифон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки  бо забони фасеҳу оммафаҳм бозгӯйӣ намудани воқеияти он замон ва  худдорӣ аз суханпардозиву ҳангомасозӣ,  меҳвар бошад.

Бо вуҷуди маълумоти кофӣ доштани аҳолии мамлакат аз аъмоли нопоки саркарда ва ҳаводорони ташкилоти террористи наҳзат, тамошои «Хиёнат»  мардумро дар шинохти онҳо амиқтар бурд. Ҳамватанон ба шарофати «Хиёнат» дарк карданд, ки мақсад аз пешниҳодоти популистии саркардаи нотавонбинон, ки мунтазам аз тариқи «ба ҳар ош ҷурғот шудан» расонаӣ мешуд, «ибтикори пеш аз тӯфон» ва «хам — хам рафтани сайёд баҳри қатли мурғон» будааст.

Маълум гардид, ки рисолати ташкилоти террористии наҳзат аз созмонҳои дигари террористӣ фарқ надошта, маблағгузории он низ аз ҷониби хоҷагон  бо мақсади муғризона амалӣ мешудааст. Исбот шуд, ки дар зиндагиву фаъолияти нотавонбинон ва «доҳӣ»-ҳои онҳо гуноҳҳое, амсоли ришвахӯрию фасод, анҷоми амалҳои террористӣ ва  кӯшиши табаддулоти давлатӣ падидаи маъмул аст. Намакзадагиву кӯрдилӣ то ҳадде «зуҳур» карда буд, ки  дар минтақаи Осиёи Марказӣ падидаи беназир будану ягона ҳизби исломии дар парлумон намоянда доштанашонро низ «нодида» гирифтанд.

Ба шарофати филми зикршуда собит гардид, ки моҳи апрели соли 1992, вақте ташкилоти террористии наҳзат бо нақшаи хоҷагони хориҷӣ ҷанги шаҳрвандиро сар кард, аввалин кораш гаравгонгирии мардум, кушодани зиндонҳо, шиканҷахонаҳо ва қатлгоҳҳо буд.

Аз ҷониби мураттибон барҳақ зикр шудааст, ки  ин аъмоли ташкилоти террористи наҳзат аз ваҳшонияти «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ фарқ надорад. Дар робита ба ин, «моҳият»-и  «фаъолият»-и зиндони марказии ин ташкилот, воқеъ дар бинои ҳаммоми совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш муфассал бозгӯйӣ шуд.

Маълум гардид, ки  нотавонбинон «ихтирокор»-и фаъол буданд. Ба фарқ аз ихтирооте, ки ба нафъи мардум аст, навгониҳои онҳо ба қатли инсон рабт дошт. Манзур «бочка-зиндонҳо» ва «усул»-ҳои нодири шиканҷа мебошад, ки бобати ин масъала  шоҳидони ҳол дар филм ибрози назар намуданд.

Бино ба гуфти шоҳидон, сис­тернаҳои оҳании об ё бензину керосинро гирифта, одамонро дар даруни онҳо зиндонӣ мекарданд. Гоҳо дар як бочкаи оҳании як-дутоннагӣ то 8-10 нафарро андохта, онро қулф карда мемонданд. Аз чунин зиндон на танҳо гурехта намешуд, балки аксаран инсонҳо аз гармии тоқатфарсо, аз нарасидани ҳаво нафасгир мешуданд.

Чунин «бочка-зиндонҳо»-ро дар ноҳияи Ҷиргатол, Тоҷикобод, Нуробод ва мавзеи Роҳатӣ васеъ истифода мебурданд. Ихтирои даҳшатноки дигар ин буд, ки одамони бегуноҳро ба бочкаҳои оҳанӣ андохта, фармон медоданд, ки аз берун онро бо лому оҳан сахт-сахт зананд. Одами даруни бочка аз овози баланду даҳшатноке, ки дар даруни бочка мешуд, пардаҳои гӯшаш кафида, аз ақл бегона мешуд ва ё аз ҳолати фишори зиёди психологӣ дилу рагҳояш кафида мемурд.

Таъсири филм то ҳаддест, ки нотавонбинон варшикастаанду намедонанд сарашонро ба куҷо зананд.  Аз «ҳама кас» ва «ҳама чиз» умеди имдод доранд. Чун амалан коре карда наметавонанд, «илоҷ»-ро дар сафсаттапароканӣ, бечоранолӣ  ва афсонапардозӣ дидаанд.

Дар мавриди саркардаи ташкилоти террористии наҳзат зиёд гуфтаанду навиштаанд. «Дар филми мазкур чеҳраи номбурда ба таври бояду шояд «рӯнамоӣ» гардид. Тоҷику тоҷикистониён ин навбат муфассал иттилоъ гирифтанд, ки ӯ аз имкониятҳои зиёд ва лутфу марҳамати Ҳукумат — бозори шахсӣ, ширкатҳои бинокорӣ, тиҷорати гус­турда ва иммунитети вакили мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар бархӯрдор буд.

Боигарии осон бадастомада ончунон пардаи чашми ин навкисаро  серравған, хотираашро  ғафсу кунд сохт, ки дирӯзи худро фаромӯш намуда, худро «нофи замин», «наҷотбахш»-и дигарон тасаввур кард.  Иштиҳои касифаш рӯз то рӯз қозгир шуда, инони ихтиёрашро рабуд ва бо маблағгузории кӯшиши табаддулоти давлатӣ «шохи  рӯи он нишастаашро арра намуд».

Мардум комилан муътақид гардиданд, ки  агар шахси мавриди назар дипломат ва дурандеш мебуд, ҳизби зери роҳбариаш ташкилоти экстремистӣ эътироф гардида, думравонаш ба ин ҳол гирифтор намешуданд. Аз он ки ин шахс боз маслиҳату тавсия медиҳад, дар лабони шаҳрвандон табассум гул мекунад. Зеро ин амали ӯ мақоли халқии «агар кал табиб мебуд, сари худро даво мекард»-ро ба хотир  меорад.

Филм исботи он аст, ки нотавонбинон аз рӯзҳои аввали «мавҷудият» дини мубини исломро ҳамчун василаи расидан ба аҳдофи нопоки хеш интихоб намуда, бо кумаки хоҷаҳояшон мехостанд «обро лой карда, моҳӣ гиранд». Дар ин раванд онҳо, пеш аз ҳама, ба хурофот такя карда, манқурт намудани мардум меҳвари фаъолияташон буд.  Ҳол он ки  «ҳадафи ҳама дин эмин доштани инсон аз аъмоли нопок маҳсуб шуда, арзишҳоро ба воситаи меҳр доштан ба Худо ва муқаддас донистани дастурҳои он, аз роҳи тарс коштан дар замири одамон аз паёмади гуноҳ талқин мекунанд». Шоҳид ҳастем, ки яке аз проблемаҳои ҷаҳони муосир афзоиши хатари терроризм ва экстремизм мебошад, ки аксар маврид  зери ниқоби ислом роҳандозӣ мегардад. Дар асл  ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс таълимоташ зидди зуҳуроти хатарнок нигаронида шудааст.

Дар филм «рисолат»-и як идда, ки дар хориҷи кишвар  «паноҳанда»  шудаанд, ифшо гардид. Ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳони он нестам, ки ба пойи ягон ҳамватан дар хориҷи кишвар  хоре халад. Вале мадди назар бояд дошт, ки бештари ба ном паноҳҷӯён аслан ҷинояткору террористанд ва «ҳиҷрат»-ашон рабте ба фаъолияти сиёсӣ надорад.  Иддаи дигар, ки онҳо низ ба сиёсат ҳеҷ дахл надоранд, бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳанд зери чатри паноҳанда дар Аврупо маскун шаванд. Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки зери ниқоби «паноҳандаи сиёсӣ» аксар маврид нафарони ҷинояткор пинҳон мешаванд.

Услуби пешниҳод ва инъикоси ҳаводис дар филм занҷиравӣ ва марҳилавӣ буда, маҳз ҳамин омил таъсирбахшиву таваҷҷуҳбарангезиашро фузун кардааст. Фошкориҳои собиқ ҳамсафон — Айёмиддин Сатторов, Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва ғайра шармандаҳоро шармандатар кард. Хоса, эътирофи Саид Қиёмиддини Ғозӣ,  «раъду барқ дар рӯзи офтобӣ» маҳсуб мешавад.

«Генерали мардумӣ» эътироф кард ва ба аҳли ҷомеа ҳушдор дод, ки саркардаи нотавонбинон ва «пайравонаш» дар умрашон ягон кори хайрро анҷом надодаанд. Дороиҳояшон  музди хиёнату ҷиноятҳояш мебошад. Дар ин эътироф манбаи пайдоиши молу сарват, бозору иншоот,  мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ барои худу фарзандон, сафарҳои беҳисоб ба кишвари «ҳамдину ҳамзабон»  дигар мамолики манфиатдор, зиндагию маишат дар кишварҳои хориҷӣ  бо далелу арқоми асоснок фош гардид.

Нуктаи муҳим он аст, ки «генерали мардумӣ» бо вуҷуди худ аз  гуноҳ орӣ набудан,  аз хиёнату зиштӣ, бешарафиву бевиҷдонии ҳамсафонаш  хаста шуд. Зеро  Қиёмиддини Ғозиро, ки то чанде пеш дар «домон»- и  нотавонбинон «азми намоз гузоштанро дошт», хеле моҳирона гӯл заданд. Ба ибораи дигар, «генерали мардумӣ» то он вақт «ноларо пинҳон дармекашид ва чун  симои аслӣ ва аҳдофи нотавонбинон пурра ҳувайдо ва ошкор шуд, «сина»-аш гуфт, ки «ман танг омадам, фарёд кун».

Ба шарофати  филм дар зеҳни тамошобин андешае шакл мегирад, ки нотавонбинон ҳаргиз ҳавасманди истиқрори сулҳ набудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол қабл дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барҳақ гуфта буданд, ки  «Мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон созишнома имзо накардаем». Дар шарҳи ин суханон илова гардид, ки Ҳукумати мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди неруҳои мухолифин ба имзо расонидааст.

Суханони Пешвои миллат посух ба онҳое мебошад, ки «ба оши  тайёр бакавул шудан» шеваи кору зиндагиашон аст. Хуб дар хотир дорам, ки баъзеҳо аз Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Рабонӣ домангир буданд, ки онҳоро ба сулҳ кардан маҷбур сохтанд. Ин суханон дар худ «ҳикмат»- еро ниҳон дошта, далели дигари аҳдофи нопоки нотавонбинон аст. Суоли матраҳ ин аст, ки  агар Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ маҷбур намекарданд, он ҷониб ҳавасманди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ набудаанд?

Худованд ҳар гуна ниқобро аз чеҳраҳои ботил худаш мебардорад. Дар «Қуръон»-и маҷид омадааст, ки «Бигӯ: ҳақ омад, ботил нобуд шуд. Оре ботил ҳамвора нобуд шуданӣ аст».

«Хиёнат» ҳамин рисолат­ро иҷро кард.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»