Маърифхон Бойматов бо сабаби нарасидани синну сол дертар, ибтидои соли 1944, ба сафи армия даъват шуд. Баъди гузаштани машқи семоҳаи ҳарбӣ дар шаҳри Куйбишев (Самараи имрӯза) дар шаҳри Брнои Чехословакия ба ҷанг ворид шуд. Агарчӣ Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9 майи соли 1945 эълон шуда бошад ҳам, ҷавонписари шуҷои тоҷик Маърифхон Бойматов ва ҳамяроқони ӯ то 14 майи соли 1945 майдони ҷангро тарк накарданд. Дастаи ҳарбие, ки ӯ дар ҳайаташ хизмат мекард, баъди эълони Рӯзи Ғалаба супориш гирифт, ки бо саркашону таслимнашудагон ҷангро идома диҳанд. Муддати 6 рӯз дар Чехословакия бо ин гуна исёнгарон сахт дар набард шуда, онҳоро торумор намуданд.
Ҳамин тариқ, ҷанги вазнину тӯлонӣ бо ғалабаи пурраи Давлати Шӯравӣ анҷом ёфт, вале хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонписари диловар Маърифхон Бойматов ҳанӯз ба поён нарасида буд. Маърифхон Бойматовро ба Шарқи Дур фиристоданд. Қисми ҳарбии онҳо дар шаҳри Благовешский ҷойгир буд. Ӯ ва ҳамяроқонаш аз 9 август то 9 сентябри соли 1945 ба муқобили армияи Японияи империалистӣ ҷангида, дар озод намудани шаҳрҳои Чончуну Харбини Хитой мусоидат намуданд. Дар ин хатти фронт низ ғалаба насиби Армияи шӯравӣ гардид, вале хавфу хатари сар задани исёни нафарони шикастхӯрда ҳанӯз вуҷуд дошт. Аз ин сабаб, ба Маърифхон Бойматов лозим омад, ки хизмати ҳарбиро то 28 январи соли 1950 идома диҳад ва бо пойи захмию дардманд ҳамон сол ба Ватан баргардад. Шаш соли хизмат дар Армияи шӯравӣ ӯро рӯҳану ҷисман хеле қавӣ намуд. Барои хизматҳои ҷангию меҳнатӣ ӯ бо 14 ордену медали ҷангӣ ва чандин мукофоти дигари давлатӣ сарфароз гардидааст.
Аз деҳаи «Политодел» (имрӯз ба номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Маликшо Гиёеви деҳоти «Ориё»-и ноҳияи Кӯшониён) дар қатори Маърифхон Бойматов беш аз 100 нафари дигар ба ҷанг рафта буданд ва 27 нафар баргаштанд. Маърифхон Бойматов 93 сол умр дид ва 1 феврали соли 2015 аз олам даргузашт. Ӯ дар давраи ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъди он ҳам ҳамяроқу пайвандону ҳамдиёрони зиёдашро аз даст дод. Вале марги бародари ягонааш Маҳмудхон Бойматов (солҳои зиёд роҳбарии хоҷагиҳои ба номи Ленини ноҳияи Ҷайҳун, «Коммунизм»-и ноҳияи Кӯшониёнро ба уҳда дошт) ва фарзанди донишмандаш Толибҷон Бойматов (чанд сол ба сифати корманди масъули Кумитаи ҳизбии вилояти Қӯрғонтеппа, баъдан ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Коммунистӣ (имрӯза Кӯшониён) фаъолият кардааст) барояш басо гарон афтод. Он чиз барояш аламовар буд, ки ин ду нафар на дар ҷанги зидди душман, балки ҳангоми кашмакашҳои дохилии солҳои навадуми асри гузашта ҷони азизи худро аз даст дода буданду то ба ҳол дар куҷо будани мадфанашон маълум нест.
- Агар чунин андуҳи гарон ба сарашон намеомад, — изҳор дошт фарзанди калонии Маърифхон Солеҳҷон Бойматов, шояд имрӯз ҳам падарам дар қайди ҳаёт мебуданд.
- Ҳама гуна ҷанг пайомади ногувор дорад, ҳар нафари солимақл аз ҷанг дурӣ меҷӯяд, — суханашро идома дод Солеҳҷон Бойматов ва гуфт: — Бигузор ҷангу нооромӣ дар ягон гӯшаи дунё, бахусус, Тоҷикистон дигар ҳаргиз рух надиҳад.
Сулаймон Султонов,
«Садои мардум»