АБД аъзои ИДМ баргузории чорабиниҳои байналмилалиро мавқуф гузошт

№38-39 (4144-4145) 31.03.2020

Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ чорабиниҳои байналмилалии дар моҳи апрел ба нақшагирифташуда, аз ҷумла, машварати Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, 51-умин машварати умумӣ ва тантанавии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро мавқуф мегузорад.

Дар ин бора аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» хабар додаанд.

Қарор дар ин бобат, бинобар вазъияти номуътадили сироятӣ ва манъ шудани сафарҳо бо фармоиши ҳукумати кишварҳо, ҳамчунин, бо дарназардошти тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул шудааст, иттилоъ додааст манбаъ.

Инчунин, дар хабар омадааст, ки чорабиниҳои байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ дар сурати бартараф гардидани хавфи сирояти коронавирус боз аз нав шурӯъ мегарданд.

Қаблан бо сабаби авҷ гирифтани коронавирус Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо иҷлосияи баҳориро, ки 20-24 апрели соли 2020 ба нақша гирифта буд, мавқуф гузошт.

«Садои мардум»