Қабули қатънома далели эътимод ва сатҳи баланди эътироф аст

№1 (3638) 05.01.2017

Тавре маълум аст, 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ қатъномаи A/RES/71/222-ро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» якдилона қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон апрели соли 2015 дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуд.

Дар нишасти матбуотие, ки 29 декабри соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов доир намуд, ин рӯйдоди муҳим шарҳу тавзеҳ ёфт.

Мутобиқи қатънома Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор»  аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» маҳсуб шуда, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Сироҷиддин Аслов ёдовар шуд, ки ташаб­буси Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» соли 2003 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамон сол вобаста ба ин ташаббус Маҷмаи умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он солҳои 2005 — 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» эълон гардид. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур Маҷмаи умумии СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул кард. Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» ва дар асоси қатъномаҳои Маҷмаи умумии СММ солҳои 2010, 2013 ва 2015 се муколамаи фарогири Маҷмаи умумии СММ баргузор шуд. Илова бар ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» (моҳи июни соли 2010), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (моҳи августи соли 2013), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» (моҳи июни соли 2015) доир кард.  Моҳи июли соли ҷорӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид  гузоришеро дар бораи натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» солҳои 2005-2015 интишор кард. Дар гузориш, аз ҷумла чунин қайд шудааст: «Дастовардҳои Даҳсола назаррас буданд. Дар таърихи СММ Даҳсолаи мазкурро бо дарназардошти пешравиҳое, ки дар ҷараёни он ба даст омадаанд, бо ягон Даҳсолаи дигар наметавон қиёс кард».

Бояд қайд кард, ки мувофиқи қатъномаи Маҷмаи умумии СММ ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» масъалаҳои зерин — рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва муҳити зист, роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор, тавсеаи ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳама сатҳ барои мусоидат ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд, фаро мегирад. Ғайр аз ин, қатънома аҳамияти рушди истифодаи оқилонаи обро бо дарназардошти робитаи мутақобилаи захираҳои об бо маҳсулоти ғизо, энергетика ва муҳити зист дар ҳама сатҳ таъкид мекунад. Илова ба ин, қатънома такмили абзори ташаккул ва интишори дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин, баҳрабардорӣ аз иттилооти ҷадид дар бораи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об,  бунёди шабакаҳо ва мусоидат ба ташаккули шарокат ва фаъолияти тарафҳои манфиатдор дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об, тақвияти фаъолиятҳои иртиботӣ дар сатҳҳои мухталиф барои дастёбӣ ба ҳадафҳои марбут ба захираҳои обро ҳамчун ҳадафҳои иловагии Даҳсола муайян мекунад.

Сироҷиддин Аслов, ҳамчунин таъкид дошт, ки дар ин раванд бояд натиҷаҳои тат­биқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор ва Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст, ба назар гирифта шаванд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»