Аз паём то паём

Ҳадафи асосӣ саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворист

№4 (3484) 09.01.2016

Кишоварзони шаҳри Истаравшан бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 баёнгардида кўшиш карда, соли 2015 -ро бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намуданд.

-Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият ба ҳисоб меравад. Аз ин нуктаи назар роҳбарияти раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан  бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти зарурӣ медиҳад. Вазъи соҳа дар соли 2015 хеле беҳбуд ёфт. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр тўли  ин давра  ба маблағи 517,7 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014- ум 108,9 фоизро ташкил медиҳад,- гуфт ба хабарнигорамон сардори раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан Сайфулло Почокалонов.

Иттилоъ гирифтем, ки кишоварзони шаҳри Истаравшан соли 2015 дар майдони 20568 гектар кишти баҳории зироат гузаронидаанд, ки 101,6 фоизи нақшаро ташкил мекунад. Бино ба гуфтаи мавсуф, кишоварзон ҷиҳати кишти сабзавоту картошка низ  соли сипаригардида самаранок меҳнат карда,  дар майдони 1870 гектар сабзавот, дар масоҳати 1432,8 гектар картошка кишт намуданд.

Тибқи маълумоти ҳамсуҳбатам, дар шаҳри Истаравшан 58829 гектар заминҳои кишоварзӣ мавҷуд аст, ки аз он 24173 гектарашро заминҳои киштшаванда ташкил медиҳанд.

Алҳол дар шаҳр 8900 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки 899 адади онро хоҷагиҳои коллективӣ, 8001 адади боқимондаро хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ ташкил медиҳанд.

- Соли 2015 дар 179 гектар боғу токзори нав бунёд ва 33 гектар боғу токзорҳои куҳна аз нав барқарор шуд, ки заминаи мусоид барои зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур гардид,- иброз намуд мавсуф.

Умуман, дар ин давра дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо 37654 тонна,  картошка 37225 тонна, сабзавот 68666 тонна, мевагиҳо 7110  тонна,  ангур 25503 тонна, полезиҳо 9531 тонна истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ғалладонагӣ 11780 тонна, картошка 3981 тонна, сабзавот 6258 тонна, полезӣ 701 тонна ва ангур 11 тонна  зиёд мебошад.

- Кишоварзони шаҳри Истаравшан сиёсати оқилона, дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар соли 2016 комёбиҳояшонро афзун намоянд,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Сайфулло Почокалонов.

 Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»