Қадриддин Фақерзода: «Мақсад ободкорист»

№86 (4192) 16.07.2020

ramz_30solagiСокинони ноҳияи Тоҷикобод дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ободонию зебо гардондани диёр ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаанд.

Раиси ноҳия Қадриддин Фақерзода гуфт, ки соли равон дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2018 – 2020», татбиқи даҳ лоиҳа, аз ҷумла бунёди дарвозаи даромадгоҳи ноҳия, боғи фарҳангӣ, шаш синфхона дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 2, 42, 27, сохтмону навсозии биноҳои қасри фарҳанг, муассисаи таълимии №10 ва бунгоҳи тиббии деҳаҳои Оби Сафеду Дараи Нӯшор ба нақша гирифта шудааст. Айни замон бошад, дар доираи 20 лоиҳа ба маблағи беш аз 35 миллион сомонӣ корҳо идома доранд. Ҳафт лоиҳа ба маблағи беш аз 8 миллион сомонӣ дар марҳалаи омӯзиш аст.

- Алҳол дар ноҳия ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор додани 69 иншооти таъиноти гуногун дар назар аст, — афзуд Қадриддин Фақерзода.

То ба ҳол қисми зиёди сохтмонҳои ба нақшагирифта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, соли 2018 бо маб­лағгузории шарикони рушд сохтмони бинои кӯдакистони «Парасту» барои 120 тарбиятгиранда, се синфхонаи технологӣ — касбомӯзӣ дар назди муассисаи таълимии №17 — и деҳаи Мазори Поён, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Капалӣ ва бинои маъмурии шабакаҳои барқи ноҳия мавриди истифода қарор гирифтанд. Соли гузашта дар деҳаҳои Фатҳобод, Гулистон, Лангари Шоҳ ва Нӯшор майдончаҳои варзишӣ бунёд гардиданд. Мумфарш ва чароғонкунии кӯчаҳои маркази ноҳия низ ба анҷом расид.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияи давлатии ноҳия, соҳибкорону сокинони саховатпеша талош доранд, ки иншооти ҷашнӣ сари вақт ва бо сифати баланд сохта шаванд. Аммо аз ҷониби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то ба ҳол кашидани хати оби нӯшокӣ ба маркази ноҳия, аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сохтмони коргоҳи истеҳсоли макарон, ки дар нақшаи чорабиниҳо пешбинӣ шудаанд, оғоз нагардидаанд.

- Дар маҷмӯъ, мароми мардуми ноҳияи Тоҷикобод ободкорист. Аз ин рӯ, бо боварӣ гуфта метавонам, ки мардуми шарафманди диёр дар ин ҷода комёб хоҳанд шуд, — гуфт Қадриддин Фақерзода.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»