Афғонистон: Захмҳо кай шифо меёбанд?

№44 (3681) 25.04.2017

333Мирзо Шукурзода

27 апрели соли 1978 дар шаҳри Кобул таҳаввулоти чашмгире пеш омад, ки бо номи Инқилоби Савр маъруф аст. Ташаббускори он Ҳизби халқӣ — демократии Афғонистон ва ҳадафаш, ба фармуди пешвоёни ҳизб, аз вомондагии қуруни вустоӣ (асримиёнагӣ) раҳоӣ бахшидани мардуми умрҳо ситамкашида буд.

Пас аз гузашти як сол (1979) «қувваҳои маҳдуд»-и Иттиҳоди Ҷамоҳири Сотсиалистии Шӯравӣ бо даъвати ҳукумати вақти Кобул ҷиҳати пуштибонӣ аз Инқилоби Савр ба Афғонистон ворид гардиданд ва ин рӯйдод мунҷар ба ҷанги нуҳсола миёни Артиши шӯравӣ бо муҷоҳидони афғон ва қатли ҳазорҳо тан низомӣ аз ду ҷониб шуд.

Дар он набард аз Тоҷикистон низ сарбозону афсарон, мутахассисон, мушовирону тарҷумонҳо ширкат доштанд ва ин қиссаест басо дардмандона ва фоҷиабор. Нависанда ва публитсисти шинохта, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мирзо Шукурзода аз хотирот пораҳоеро аз ҳаводиси зикршуда ва паёмади он ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

 ХОНАИ МАРДУМӢ КУҶОСТ?

Зуҳр наздик мешуд. Аз таҳхона берун омадем. Офтоби тирамоҳи Багромӣ бар сари пости шӯравиҳо ва чаҳор сӯйи олам гармии лутфомезе нисор мекард, мисле ки модари меҳрубон бачаҳои шоду ношоди зери болашро аз навиди сулҳ, аз оташбаси қитъае аз тарафҳои даргир огоҳӣ мебахшид… Аммо дар ҳавои тоза дуди сигор дамкашии мо идома дошт. Командири пост барои мо ва теъдоде аз ҳамразмон зиёфати одӣ ва мухтасаре орост. Дубора вориди таҳхона гардидем. Зоҳиран аз дидор бо «духҳо»-и ҳамсояву барояш ошно капитан хурсанд буд. Мо бо изҳори сипос аз ӯ ва «уқобони пост» пас аз тановул осемасар омин гуфтему аз дари ҳуҷраи пасту танг ба олами пурвусъат баромадем. Сигор дуд дода, «будте здоровы» гуфта, ба дигар ҳуҷраи тангу тор – ба солуни зиреҳпӯш сар халондем.

Дар раванди суҳбате, ки пеш омад, ғайричашмдошт, боре ҳам аз атроф садои тирпаронӣ баланд нашуд. БТР ба самти Кобул рӯ ниҳод, вале мо ҳоло Кобулрав нестем, тадоруку такопӯи дигаре пеши рӯ дорем: аз Багромӣ бо мақсади ҷустуҷӯйи муаллим Мардумӣ ба деҳе бо номи Мирбачакат равонем. Ошност ба мо ин деҳа, ки дар канори рости бузургроҳ воқеъ аст. Командир Шербаков пас аз чанд километр ва аз кадом гардишгоҳ ба самти рост тоб хӯрданро ба ронандаи БТР ва ёвари ӯ фаҳмонд. Зиреҳпӯш дар роҳи чун кафи даст ҳамвор бебокона ҳаракат мекард, аз мошинҳои бориву сабукрав гоҳ-гоҳ пешӣ мегирифт, бо ҳадаҳаву аҷалаи харгӯшӣ пеш медавид ин «гург», ки мо бозиҳои бераҳмона ва аксар фиребхӯриҳояшро дар кӯдакӣ, аз тариқи филми «Ну погоди, заяц» дида завқидаем.

Зиреҳпӯш бо ишораи командир пас аз бист дақиқа роҳ паймудан ба дасти рост тоб хӯрд ва дар гӯшае аз даромадгоҳи Мирбачакат таваққуф кард. Ҳама такон хӯрдем. Ронандаамон, сарбози тануманд, зуд пузиш талабид.

- Ничего, бывает иногда, – ғурунгид Юрий Егорович ва мо сарпӯши БТР-ро боло бардошта,  аз болои боми он  ба замин хез задем (ин сарпӯш аз ҳамон ҳаводисе, ки тобистони соли 1981 дар Ҳирот бар сари пурсавдои ман оварда буд, бароям ошно  аст).

Мову Шербаков дар бағалкисаи камзӯлҳои тобистона туфангча дорем. Сарбозҳо бо силоҳи Калашников мусаллаҳанд. Баробари ба замин по ниҳоданамон, як гурӯҳ бачагони тақрибан 5-6 — сола, либосҳои бисёр фақирона дар бар, бо сару пойи бараҳна ҷонибамон давида омаданд. Куҷоянд зодагони онҳо то бипурсем, ки зери борони тиру тӯп ва таркиши бомбаҳои хонумонбарандоз шарт аст қатор-қатор тифлакони ояндаашон тираю торро ба дунё овардан? Дар кишваре чун Афғонистон ва ҳамсоягони он мазлумтарин махлуқ бачагонанд, бачагони оилаҳои фақиру мустаманд.

Яке думболи дигар тифлакон салом доданд:

- Издрасти, товариш!

- Здравствуйте, ребята, – саломи тифлаконро бо рӯи хандон алейк гуфт Юрий Егорович.

Аз дилам гузашт, ки онҳо пеш аз мо ҳам дидоре  ва самимияте бо сарбозони мо доштаанд ва ҳатман рӯи хуш дидаанд аз онҳо, вагарна парвонасон гирдогирди мо намегаштанд.

Бачаҳо бо кунҷковии тифлона гоҳе дида ба мову гоҳе ба зиреҳпӯш медӯхтанд. Командир пас аз навозиши андак онҳоро ба ҳоли худ гузошта, аз ҷайб қуттии сигор берун овард. Ҳар ду ба истилоҳ, яктогӣ «дуди ғам» задем. Сипас, оҳи сабуке кашида, гуфт:

– Теперь действуй, брат Мирзо. – Воқеан, амру дастури фармондеҳони мо ҳамеша лаҳни дӯстона дошт. Ман аз афсарони кашф боре ҳам надидаам, ки нафаре бо оҳанги тундутез супорише бар дӯши мо — тарҷумонҳо бор карда бошад. Самимӣ буданд бо мо. Дар ҳоле ки мо ду-се баробар бештар аз онҳо моҳона мегирифтем.

Вале Шербаков баъди дақиқае тааммул ба ман амр намуд:

– На всякий случай, возьми этих двух солдат. Не зря говорят в народе: «береженного Бог бережет».

Ман як лаҳза ба фикр фурӯ рафтам, сипас ба командир гуфтам, ки хонаи муаллим дар аввал не, дар байни деҳа аст. Моҳе қабл ҳамроҳи майор Дмитрий Шило ба суроғаш рафта будем. Агар ҳоло пойи сарбозони мусаллаҳро ба он сӯ кашонем, дар деҳа гапу калоча мешавад, ҳам барои муаллим дарди сар эҷод мекунем, ҳам барои худамон, ҳатто эҳтимол «духҳо» аз ягон сӯрохӣ пешониамонро нишон бигиранд.

Юрий Егорович пешниҳоди маро пазируфт ва пурсид:

- Тебе одному не страшно?

- Нет, не страшно, – гуфтам ва аз рӯи абраи пидҷак даст ба бағалкиса бурдам, – «защитник» на месте.

Нақшаи пешакии «амалиёти муаллим Мардумиву Мирбачакат» дар «Кобул-2» ба сурати зайл тарҳрезӣ гардид: муаллимро хапу дам аз хонааш берун оварда, ба зиреҳпӯш савор карда, ба Кобул меорем. Бист рӯз аст, ки аз ӯ хатту хабар нест. Дар барномаи амалиёти қарибулвуқӯи Тезинхаш беҳтарин мудаббир ва иттилоърасони мо ҳамин муаллим аст. Авзои навоҳии шимоли Кобул,  хатти ҳаракат, ҷунбуҷӯши ашрор дар минтақаро беҳтар аз Мардумӣ касе намедонад. Ҷоннисори оқоён Наҷибу Кормал ва ҳукумати фақирнавози онҳост.

«– Вперёд, капитан», – амри Шербаковро ман худ такрор кардам дар дил ва ғеҷидам ба самти деҳа.

Иқрор бояд шуд, ки агарчӣ ҳушу ёди ман дар ҳифзи шеъру масалу матал ва асноду ному дигар мадракҳои марбут ба таъриху адабиёт гирову часпон аст, дар илми заминшиносиву ҷуғрофиё ва ташхиси ину он бисёр заиф аст. Бо ҳамин шакку тардид гоме бардоштам дар даромадгоҳи деҳ. Аввалин кӯчаи каҷмакаҷу тангу дилгир маро бояд ба зери дарахти тануманди туте бибарад. Он ҷо ба тарафи рост бармегардам. Нахустин манзили хокии бомаш на чандон баланд ва дарвозааш кабуд азони муаллим Мардумист. Занҷири дарро меҷунбонаму устод «баҳ-баҳ, сафо овардӣ, тарҷумон-себ»(соҳиб) мегӯяд ва бо лаби хандон дарвозаи дил ба рӯи меҳмон боз мекунад. Ёдам омад, ки Мардумӣ мегуфт: ин Мирбачакати мо ҳафтае дар дасти давлат асту ҳафтае дар қабзаи ашрор.

Аммо пас аз печутоб дар кӯчаҳои хилвату хомӯш ман аввалин нишони хотирмон – тути танумандро гум кардам, берун омадам аз тангкӯча ва ба ҷое нисбатан васеъ расидам. Манзараи булаҷабе дидам: панҷ-шаш тан силоҳбадастони қаду қоматашон пасту баланд, либосҳои сирф суннатӣ — пироҳан – тунбон (пероҳану шалвори суннатии афғонҳо) дар тан, дасторҳо бар сар, бо ришҳои анбуҳи мушкии хамзада то болои ноф ба забони пашту чақ-чақ мекарданд. Ман аз ваҷоҳати онон ва онҳо аз мулоқоти ногаҳонии банда ҷангу манг шудем. Бӯ набурданд, ки ман бегонаам. Зеро зуд пеш тохтам ва ба ришакиҳои силоҳбадаст муаддабона арзи салом кардам ва шеронаву мардона адои лаҳни ҳиротии бароям ошноро даровардам:

- Лутфан бигӯед, манзили муаллим-себ Мардумӣ куҷост?

Яке бар рӯи дигаре бо тааҷҷуб чашм давонд, абрӯвони ғулии сиёҳи қатронӣ боло бардоштанд: яъне, мо чӣ донем, манзили Мардумӣ куҷост? Аммо нигоҳи ҳайратборашон сар то пои маро полид. Дар ҳамин лаҳза аз миёни чанд нафар тифлакони давру бари мо яке бебокона пеш омад, муаддабона салом дод ва муждаи наҷотбахше расонд:

- Бифармоед, кокоҷон, ман набераи устод Мардумиам, эшон дар манзиланд.

- Шумо, меҳмон-себ, лутфан бигӯ, ки худут бачаи куҷоӣ? – Яке аз ришкалонон ба риши анбуҳи ман назаре афканд (ман низ дар манаҳ риши сӯфиёнае доштам).

- Банда бачаи Ҳаротам, себ, – посух додам зуд ва ба ақиб нигоҳ накарда, аз дунболи писараки гармрӯ ба сӯи манзили Мардумӣ шитофтам.

Ба назарам, ришакиҳоро на мани «ҳаротӣ», балки бештар риши балмаийи камина ба ҳайрат ва ҳатто ба завқ овард. Дигар шакку тардиде ба дилашон роҳ наёфт.

Тифлак бо шитоб ин бар-он бар реб дода, маро ба нишони гумкардаам – ҳавлии дарвозааш кабуди зери тути калон расонд. Ҳалқа ба дарвоза зад ва шахси барои «Кобул-2» бисёр муҳтарам, устод Мардумӣ даричаи дарвозаи калонро кушода, маро даъват ба манзил намуданд. Набера ба бобояш зуд «мужда»-и дидори мо ба «қумандон-соҳибҳо»-ро расонд. Чашмони аз таъсири мутолиа хунзадаи муаллим Мардумӣ калон-калон боз шуданд. Ҳолпурсӣ карда, рӯи тушак нишаста, такя задем. Муаллим китоби кулуфти бозро аз рӯи қолӣ бардошта, канортар гузошт.

(Давом дорад)