«Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия»

№58 (3359) 22.04.2015

Аз 20 то 25 апрели соли равон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» байни кӯдакони то синни шашсола барои пешгирии бемориҳои сироятӣ доир мегардад.

Як даҳсола аст, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ байни аҳолии кишвар тарғиб ва амалӣ мешавад.

Бахшида  ба «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» дар Тоҷикистон 20-уми апрели соли равон дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисону коршиносони муассисаҳо ва пажӯҳишгоҳҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма конференсия баргузор гардид.

Дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ тавассути эмкунӣ, ки соли даҳум аст дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, суханронӣ намуд. Ӯ иммунизатсияро аз ихтирооти муҳими тибби муосир ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самарабахштарин арзёбӣ кард. Ба қавли Н. Ҷаъфаров, танҳо бо шарофати иммунизатсия инсоният тавонист аз бемориҳои хатарнок, ба мисли «гули калон» раҳо ёбад ва ин маризиро маҳв созад.

-Ҳадаф аз баргузории «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба бартариҳои иммунизатсия ва сари вақт гузаронидани эмкуниҳо, ки дар Тақвими миллии иммунизатсия омадааст, мебошад, — гуфт номбурда.

Сарвари намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Павел Урсу зимни суханрониаш иброз дошт, ки дар муқоиса ба дигар хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ чорабинии иммунизатсия ҳаёти миллионҳо одамонро аз бемориҳои сироятшаванда раҳо дода, дар ин замина, нисбат ба солҳои қаблӣ мубталоёни бемориҳои сироятӣ бамаротиб коҳиш ёфтаанд.

Дар конференсия зикр шуд, ки ба воситаи иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемориҳои фалаҷ, гулӯзиндонак, сулфакабутак, кузоз, сурхча, гулафшон, сил, гепатити «B», сироятии гемофилии типи b ва диареяи кӯдакон пешгирӣ шуданд.

Директори Муассисаи давлатиии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азизов иброз дошт, ки ин чорабинӣ ба баланд бардоштани маълумотнокӣ байни аҳолӣ оид ба фоидабахшӣ ва моҳияти иммунизатсия равона гардида, диққати махсус ба аҳолии маҳаллаҳои дурдаст равона мешавад. Зикр гардид, ки ба иммунизатсия кӯдакони сиҳат бо азназаргузаронии пешакӣ аз тарафи духтур ҷалб мешаванд. Яъне, агар кӯдак ба бемории роҳҳои нафас ё дигар бемориҳои шадид гирифтор бошад, иммунизатсия танҳо баъди сиҳатшавӣ гузаронида мешавад.

Н. Ҷаъфаров зикр намуд, ки маводи эмкунӣ, хусусан номгӯйи ваксинаҳои имрӯза, аз доруҳои замони шӯравӣ тафовути ҷиддӣ надорад. Фарқияти кам танҳо дар технологияи истеҳсоли он ба назар мерасад. Фарқияти дигар дар истеҳсоли ваксинаҳои нави маҷмӯӣ зоҳир мегардад. Масалан, номгӯйи ваксинаи «пентавалент», ки панҷ намунаи ваксинаро дар бар мегирад ва бар зидди бемориҳои гулӯзиндонак, сулфакабутак, кузоз, сироятии гемофилии типи b, гепатити «В», фалаҷ ва диареяи кӯдакон равона шудааст.

Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки дар доираи чорабинии «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» бояд кӯдакони то синни шашсола бо ҳамаи ваксинаҳо иммунизатсия шаванд.

Нақша-чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки мувофиқи он давоми «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия» вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони тиб оид ба масъалаҳои иммунизатсия гузаронида мешаванд.

Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум»