13-уми июли соли равон бар асари фаромадани сел дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ чандин хонаи истиқоматӣ хароб гардида, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, боғоту заминҳои кишоварзӣ хисороти ҷиддӣ диданд.
Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят баҳри бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва дастгирии зарардидагон чораҳои мушаххас андешиданд.
6-уми август раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ омада, кумакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз семент, тахта, арматура ва дигар масолеҳи сохтмониро дастрас намуда, инчунин, сокинони дар офати табиӣ зарардидаро бо ғизо таъмин кард.
- Барои ин оилаҳо дар минтақаи бехавфи дашти Искодар замин ҷудо шуда, дар муҳлатҳои кӯтоҳ 15 хонаи истиқоматӣ сохта мешавад, — гуфт раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода.
Раҷаббой Аҳмадзода якҷо бо сокинони деҳа ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ хишти аввалро гузошт. Дар ин ҷо ситоди махсуси корӣ амал мекунад.
М. МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»