Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Душанбе

№173 (3474) 18.12.2015

Чанде пеш дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев  омодагӣ ба ҷамъбасти сол, натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомгирифта ва таъмини нишондодҳои барномавиро дар соли сипаришаванда ба риштаи таҳлил кашида, муовинони соҳавии Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳоро вазифадор кард, ки  дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъул тамоми чораҳоро баҳри иҷрои нақшаҳои буҷет ва андоз, ки таъмингари рушди бемайлон ва тавсеабахши барномаҳои иқтисодию  иҷтимоӣ мебошанд,  роҳандозӣ намоянд.

Дар идома Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳҳо ба масъулин дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи идомаи корҳои имконпазири роҳсозиро дар мавсими сармо таҳия намуда, барои мувофиқа ба Раиси шаҳр пешниҳод намоянд. Ҳамин гуна супориш  роҷеъ ба парваришу нигаҳдошти гулу буттаҳои мавсимӣ низ дода шуд.

Инчунин дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев бори дигар ҳолати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №488 аз 5 ноябри соли 2015 «Оид ба танзими фаъолият ва истифодабарии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, натиҷаи фаъолияти анҷомгирифтаро мусбат арзёбӣ намуд.

Раиси шаҳр раисони ноҳияҳо ва  роҳбарони аввали сохторҳои марбутаро вазифадор намуд, ки зимни татбиқи қарори мазкур тамоми чораҳоро дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда, дар заминаи ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, занҳои хонашинро бо ҷойи кор таъмин кунанд.

Дар иртибот ба истиқбол ва таҷлили сазовори Соли нави мелодӣ  Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки чун анъана қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии шаҳр бояд бо ғамхорӣ фаро гирифта, чорабиниҳои тасдиқгардида дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ, бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои зиддисӯхторӣ ба роҳ монда шаванд.

Зикр карда шуд, ки базми анъанавии Арчаи солинавӣ барои хонандагони хубу аълохони муассисаҳои таълимии шаҳр 29 декабр, соати 14 ва барои хонандагони фаъоли ҳар чор ноҳияи шаҳр 30 декабр, соатҳои 9 ва 14 дар бинои Сирки давлатӣ оғоз мегардад. Боздиди Раиси шаҳр ва дигар шахсони расмӣ бо туҳфаҳои солинавӣ аз чор мактаб — интернати шаҳри Душанбе мутаносибан рӯзҳои 29, 30 ва 31 декабр сурат мегирад. Ҳамзамон то 30 декабр дар майдони «Дӯстӣ» Арчаи солинавии шаҳрӣ бо баландии 25 метр ва беҳтарин унсурҳои муосири светодиодӣ ороста мешавад.

Шоми 31 декабр бошад, аз соати 18 то 20 дар майдони «Дӯстӣ» шоу- барномаи консертии солинавӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор мегардад ва чун анъана дар фарҷоми он фазои пойтахтро фейерверкҳои солинавӣ дурахши идона хоҳанд бахшид.

Ш. САИДОВ