Ғамхорӣ аз таваҷҷуҳи хоса гувоҳӣ медиҳад

№90 (3391) 04.07.2015

Дар маҳаллаи Эмом Муҳиддини шаҳраки Ғарми  ноҳияи Рашт осоишгоҳи нави ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтинанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ифтитоҳ ёфт.

Осоишгоҳи мазкур аз ҳафт хонаи дуҳуҷрагӣ иборат буда, барои истироҳаткунандагон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар ҳудуди он барои истироҳаткунандагон ошхонаи нав ба фаъолият оғоз намуд, ки дар як вақт метавонад ба 140 нафар хизмат расонад.

Ғамхории навбатӣ гувоҳи он аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки дар назди осоишгоҳ бунгоҳи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт фаъолият дорад. Раҳимзода  Рамазон Ҳамро аз вазъи кори ин муассиса дидан кард ва ҳамон рӯз шуъбаи ҷарроҳии дармонгоҳ мавриди истифода қарор гирифт. Дар дармонгоҳ табобати собиқадорон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ таври ройгон роҳандозӣ шудааст.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»