Ҳамкорӣ ба хотири шукуфоӣ

№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

10 сентябри соли ҷорӣ  дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бизнес-форуми соҳибкорони кишварҳои аъзои СҲШ баргузор гардид.

Дар кори ин ҳамоиши бонуфуз беш аз 300 нафар намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираҳои тиҷоратӣ, соҳибкорон ва коршиносони кишварҳои Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин кишварҳои нозир ва ҳамшарикони муколамаи СҲШ, кормандони масъули созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ  иштирок доштанд. Бизнес -форумро муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид  ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро аз номи Ҳукумати мамлакат ва мардуми тоҷик самимона хайрамақдам гуфт. Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабинии бонуфуз барои таҳкими равобит ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди доираҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва минтақа мусоидат менамояд.

Шиори Форум — «Ҳамкорӣ, Ҳамрушдӣ ва Ҳамшукуфоӣ» буда, ҳадафҳои ин чорабинии бонуфузро баён месозад.

Дар ҷараёни баргузории Форум миёни КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва Ширкати хитойии «Ҷенерал нейс  инвейстмен юнитед» созишномаи ҳамкорӣ оид ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли блоки катодӣ, ки арзиши лоиҳавии он қариб 30 миллион доллари амрикоӣ мебошад, ба имзо расид.

Аз рӯйи натиҷаҳои Бизнес-форум иштирокчиёни он Қатъномаеро қабул намуданд, ки дар он зарурат ва имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ишора гардидааст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садоим мардум»