Дар ҳошияи мулоқоти Президент

Ҳамкориҳо хуб ба роҳ монда шудааст

№112 (3097) 07.09.2013

12«Тафаккури солимии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, меҳнати софдилона ба нафъи ҷамъият ва сафарбар намудани неруҳои ақлию зеҳнию ҷисмонии ҷомеа мебошад» — омадааст дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар, ки 4- уми июли соли ҷорӣ баргузор шуда буд. Мақсад аз мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат, пеш аз ҳама,  ташкили ҳар чӣ бештари корҳо дар самти ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва арзишҳои фарҳангиву динӣ барои боз ҳам устувор  намудани вазъи муътадили имрӯза ва пешгирии ҳар гуна кӯшишҳои халалдор сохтани фазои динӣ ва сиёсии кишвар буд. Дар ин робита хабарнигорамон  бо раиси Ҷамоати деҳоти «Қади об»- и шаҳри Роғун Фирӯза  Файзова суҳбат доир намуд.

- Фирӯза Убайдуллоевна, вобаста ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат дар деҳоти «Қади об» чӣ тадбирҳо андешида шуд?

- Дар ибтидо ҳаминро зикр карданиам, ки мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишварро метавон боз як  падидаи нек баҳри ободиву шукуфойии  кишвар арзёбӣ намуд.  Боиси ифтихор аст, ки   дар ин вохӯрӣ  аз   шаҳри Роғун ҳашт нафар  аз аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуданд,  ки дар ин қатор банда низ ҳузур доштам ва  чӣ қадар самимӣ будани вохӯрии Ҷаноби Олиро бо мардуми кишвар эҳсос кардам. Бо ташаббуси раиси шаҳри Роғун Шариф  Шарипов вобаста ба мулоқоти Роҳбари давлат дар шаҳри Роғун бо иштироки ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ вохӯрӣ доир гардид.  Иштирокчиён фикру андешаҳояшонро нисбати вохӯрии мазкур иброз доштанд. Махсусан суханҳои миннатдоронаи духтаракон аз оилаҳои камбизоат ва бепарастор, ки бо истифода аз файзи истиқлолият ва дастгирии бевоситаи Президенти кишварамон донишгоҳҳои олии ҷумҳуриро хатм карда, дар соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд,  бисёр таъсирбахш буд. Ҳамзамон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун оид ба  масъалаи мазкур дар асоси нақшаи корӣ бо аҳолии маҳалҳо, намозгузорони масҷидҳои ҷомеъ ва масҷидҳои панҷвақта дар давоми як моҳ вохӯриҳо доир карда шуданд.  Оид ба амалигардонии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки аз мулоқоташон бо намояндагони аҳли ҷомеаи кишвар бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.  Аз ҷумла баҳри боз ҳам хубтару беҳтар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  деҳоти «Қади об» раисони маҳаллаҳо, имом-хатибон ва дигар фаъолони маҳалҳо супоришҳои мушаххас гирифтаанд.

«Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар ва шахси масъул, фаъолони ҷомеаи кишвар, пеш аз ҳама раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо, падару модарон, устодону омӯзгорон, олимону адибон ва умуман аҳли зиё, инчунин ходимони дин ва ҳар як фарди бонангу номус аз он иборат аст, ки арзишҳои олии фарҳанги милливу диниамон — некиву накукорӣ, адлу инсоф, хайру саховат ва дастгирии ятимону дармондагонро дар байни мардум, хусусан ҷавонон, мунтазам тарғиб намоянд», — гуфта буданд Сарвари давлатамон дар мулоқот. Пас ҳар яки моро зарур аст, ки сарфи назар аз вазифаву ҷойи корамон пайи иҷрои супоришҳои Сарвари давлат фаъолияти пурсамар дошта бошем.

- Мардуми деҳоти «Қади об» ба кадом корҳо шуғл меварзанд?

- Деҳоти «Қади об»   соли 1987  ташкил  шуда,  дар шаҳри Роғун калонтарин деҳот ба шумор меравад. Шуғли асосии аҳолии он кишоварзӣ, боғпарварӣ ва чорводорӣ мебошад. Айни замон дар  маҳалҳои тобеи деҳоти мазкур 744 хоҷагии деҳқонии хурду миёна фаъолият карда истодаанд. Ҳамкории ҷамоат  бо соҳибкорони ҳудуди деҳот хуб ба роҳ монда шудааст. Дар арафаи чорабиниҳои фарҳангию миллӣ, аз ҷумла идҳои суннатии Рамазону Қурбон аз тарафи ҷамоат бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ  ба оилаҳои камбизоат ва бепарастор кӯмак расонида  мешавад. Ба хотири пешгирӣ  аз ҳар гуна амалҳои  номатлуб аз тарафи ҷавонону ноболиғон дигар чорабиниҳои варзишӣ-фароғатӣ ба нақша гирифта, амалӣ карда мешаванд.

-Дар самти муроҷиати  шаҳрвандон корро чӣ гуна ба роҳ мондаед?

- Ба масъалаи қабули шаҳрвандон,  муроҷиат ва арзу дархостҳои онҳо дар деҳоти «Қади об» аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Чунки тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ  ин  халқ мебошад. Тарзи дурусти муошират бо шаҳрвандон, муомилаи хуб, риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  аз тарафи кормандони ҷамоат дар мадди аввал гузошта шудааст. Тибқи  нақшаи корӣ қабули шаҳрвандон  аз тарафи раис, муовин ва котиб ҳамарӯза ба роҳ монда шуда, бе ягон мамониат шаҳрвандон қабул ва арзу дархостҳояшон  баррасӣ карда мешавад.

Дар ҳашт моҳи соли равон ба ҷамоат 144 нафар ба тарзи хаттӣ ва 48 нафар шифоҳӣ муроҷиат карданд, ки сари вақт баррасӣ гардида, ба шаҳрвандон ҷавоб гардонида  шудааст.

Масъалаи аз ҳама асосие, ки боиси ташвиш мебошад ва муроҷиату баҳсҳо дар атрофи он зиёд гаштаанд, ин  низоъ  дар оилаҳо ва ҷудошавии навхонадорон мебошад.  Мувофиқи имкониятҳо дар доираи салоҳият ва ваколатҳои ҷамоат ҷиҳати пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон кӯшиш ба харҷ дода шавад ҳам, мутаассифона,  на ҳама вақт ин масъала ба таври мусбӣ ҳал мешавад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба падару модарон муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки пеш аз хонадор намудани ҷавонон аз ояндаашон андеша карда, барои соҳибмаълумот гаштани онҳо имконият диҳанд.

-Фирӯза Убайдуллоевна, дар деҳоти шумо кадом мушкилоти ҳалталаб мавҷуд аст?

- Дар деҳоти «Қади об» даромади асосии аҳолии маҳал аз соҳаи кишоварзӣ аст. Мушкилоти асосии аҳолии деҳоти мо ин норасойии об мебошад.  Имсол бо ташаббуси  раиси шаҳри Роғун Шариф  Шарипов  ва дастгирии Барномаи Ҷонибдории Иҷтимоии Кӯҳистон — МSDSР -и Хазинаи Оғохон ба якчанд минтақаи деҳот хатҳои оби нӯшокӣ оварда шуда бошад ҳам, барои обёрӣ кардани заминҳои кишоварзии деҳот кифоят намекунад. Мушкилоти дигар,  ин набудани ҷойҳои кори доимӣ  барои таъмини занону духтарон бо кор аст. Бо дастгирии Хазинаи Оғохон дар як деҳа сехи дӯзандагӣ ташкил шуд, аммо ин талаботи занҳои бекорро таъмин карда наметавонад.  Аз ин рӯ, масъалаи бо кор таъмин намудани занону духтарон дар деҳот таҳияи барномаҳои махсус ва таваҷҷуҳи мақомоти марбутаро тақозо менамояд.

- Ташаккур барои суҳбат

 Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»