Дар партави суханрониҳои Президенти мамлакат

Андешаҳо перомуни либосҳои миллӣ ва динӣ

№49 (3350) 04.04.2015

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дар шароити имрӯза бо кулли кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ҳасанаи сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратию сайёҳӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст. Ин омил аз як ҷиҳат боиси пешрафти ҳамкории судманди дуҷониба ба манфиати тарафҳо гардида бошад, аз ҷиҳати дигар дар заминаи омезиши фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ баъзе мушкилиҳоро назди ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои тоза баистиқлолрасида пеш овардааст. Бархӯрди муносибатҳои ҷамъиятӣ байни қавму миллатҳои гуногун боиси ворид шудани арзишҳои фарҳангӣ ва динию мазҳабии оинҳои дигар ба кишварҳои якнавохти суннатӣ мегардад. Дар чунин вазъият зарурати таҳияи низоми дуруст ва оқилонаи муносибатҳои миллию фарҳангӣ ба хотири нигоҳ доштани сулҳу субот ба миён меояд.

Дар байни қавму миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун сарулибос аз унсурҳои муҳиме мебошад, ки тавассути он мансубияти нажодию миллӣ ва эътиқодии одамонро муайян мекунанд. Ҳарчанд масъалаи эҳтиром гузоштан ба пероҳани миллӣ дар назари аввал ҳамчун як падидаи маъмулӣ ва муқаррарӣ пазируфта шавад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки кӯшишҳои дигаргунӣ ворид намудан ба сохтори шаклгирифтаи он оҳиста-оҳиста хусусияти намоишкорӣ ва таҳдидоварро касб мекунанд. Дар ниҳояти кор, фориғболӣ нисбат ба ин падида метавонад дар кохи бегазанди фарҳанги миллӣ рахна ворид намояд. Аз ҳамин сабаб дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар тарғиби либосҳои бегона ва анъанаҳои фарҳанги дигарон моҳиятан «як раванди ташвишовар» баҳогузорӣ шуда, минҷумла зикр гардид, ки «Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад…

…Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд». Дарвоқеъ, ин рафтори номатлуби як идда занону духтарони мо аз як тараф, ба ноогоҳии онҳо аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо далолат кунад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳоро дар донистани моҳияту таъиноти пероҳанҳои гуногун нишон медиҳад.

Намуди зоҳирии пӯшиши одамон баробари пайдоиши муносибатҳои синфӣ ва давлатҳои нахустин дар умқи таърихи бостон ҳамрадифи кору зиндагонии бани башар будааст. Вобаста ба вазъу шароит ва идеологияи сиёсию фарҳангӣ сатҳи рушди иҷтимоии давлатҳои даврони куҳанро аз рӯйи дар кадом сатҳу дараҷа қарор доштани сарулибос ва намудҳои он баҳогузорӣ мекарданд. Пешрафти баъдии тарҳи либос ва анвои он ба таъсиси давлату империяҳои муқтадир ва кишваркушоиҳои онҳо вобаста буд. Забткорию ҷангҷӯӣ иловатан тақозо мекард, ки сипоҳиён нисбат ба мардуми дигар аз ҷиҳати сарулибос бештару беҳтар таъмин бошанд. Сипас, муқаррар кардани либоси ягонаи низомӣ ба ҳукми қонун даромад. Сипоҳиёни кишварҳои гуногун ба ин васила ҳангоми муҳорибаҳо худиро аз бегона фарқ мекарданд. Дар таърихи илми ҳарбӣ пайдоиши нахустин сарулибоси ягонаро ба сипоҳи шоҳони давлати Ҳахоманишиниён мансуб медонанд. Дар ин замина, таҳияи сарулибоси ягонаи низомӣ ба зарурати омодасозии сарулибоси худвежаи динию мазҳабӣ сироят кард. Имрӯз аз рӯйи сарулибос рӯҳониёни пайрави динҳои гуногунро ба осонӣ шинохтан мумкин аст.

Истилоҳи сарулибоси исломӣ маҷмӯи талаботу муқаррароти муайянро ба пероҳани мусулмонон дар масҷидҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ифода мекунад. Ислом ба занону мардони мусулмон иҷозат медиҳад ҳар гуна либосеро бипӯшанд, ки бе зиёдаравӣ ва халали ҳадду ҳудуд пӯшиши ҷисми онҳоро вобаста ба аҷзои муайяни бадан адо ва иффати онҳоро таъмин намояд. Мувофиқи он мардон бояд баданҳои худро аз зонувон боло то ноф пӯшида нигоҳ доранд. Аммо барои занон, ба ғайр аз кушода будани рӯй ва панҷаи дастон, аҷзои боқимондаи баданашон аврат маҳсуб мешавад. Ин матлаб дар сураи Нур, ояти 31 бо тафсилоти равшан омадааст. Дар ояти дигаре аз сураи Аҳзоб, ояти 59 бевосита чунин фармуда шудааст: «Эй Пайғамбар, ба занони худ ва духтарони худ ва занони муъминон бигӯ, ки чодарҳои худро бар худ фурӯ гузоранд; ин ба он наздиктар аст, ки шинохта шаванд, пас, ба онҳо изо дода нашавад. Ва Худо Омурзандаи Меҳрубон аст».

Бояд гуфт, ки дар иртибот ба сарулибоси динӣ ҳамчунин тақозо мешавад, ки пероҳани занон бояд ба услуби анъанавии либосҳои занона мувофиқат кунад ва дар он таъсири вежагиҳои либоспӯшии мардона набошад. Ин масъала на танҳо ба либос, балки ба риояи тарзи рафтор, гуфтор ва ҳаракатҳои фарқкунандаи ҳар ду ҷинс низ дахл дорад. Либоси зани мусулмон бояд боиффату озод бошад, матояш шаффофи тобанда набошад. Либос инчунин набояд танг, балки то андозае васеътару бароҳат дӯхта шавад, ки пасту баландии бадани занро намоён насозад.

Сазовори гуфтан аст, ки бо сабаби ҷузъи назокат ва зинати занон будани мӯйи сар дар оятҳои зикршуда ва аҳодиси марбут ба ин мавзӯъ ишораи бевоситаи пӯшонидан ё пинҳон кардани мӯйҳо вуҷуд дорад ва тамоми фақеҳони исломӣ зарурати пӯшонидани тамоми бадан, ба ҷуз рӯй ва панҷаи дастонро таъкид кардаанд. Ҳамчунин як ҷиҳати дигари масъаларо ба инобат гирифтан ба мантиқ мувофиқ аст, ки шаклу навъҳои сарулибос дар иқлиму минтақаҳои мусулмоннишин аз ҳам тафовути калон доранд. Вале ба ҳар бобат, талаботи динии либоспӯшӣ аз рӯйи мазмун ва муҳтаво, бо дарназардошти вежагиҳои анъанаҳои фарҳанги миллӣ, мутобиқ гардонида мешуд. Масалан, пероҳанҳои Машриқи исломӣ бо шароити табиию ҷуғрофӣ ва гармои ҷонкоҳи Мағриби арабӣ созгор намеафтоданд. Пӯшиши либосҳои газворашон пахтагин ва ғафс хоси минтақаҳои кӯҳистон буд, вале бо истифодаи ин қабил газвору пероҳан баданро сахт печонидан дар шароити Африқои Шимолӣ боиси дар муддати чанд рӯз ба касалиҳои гуногуни пӯст гирифтор шудани ҳиҷобпӯшон мегардид. Ба ҳамин сабаб риши паҳну дароз мондани мардон ҳам дар ин минтақа тавсия дода намешуд. Дар минтақаи ҷуғрофии Мовароуннаҳр, ки Тоҷикистон низ ба он дохил мешавад, занону бонувон пероҳанҳои шаклу муҳтавои комилан миллидоштаро ба бар мекарданд. Ин сарулибос дар як вақт ифодагари фарҳанги баланди миллӣ ва бозгӯйи мансубияти динии мо буданд. Дар айни замон, пероҳани мардуми тоҷик дар марҳилаҳои гуногун андаруни худ табиати зебо ва идомаи анъанаҳои нотакрори ниёгонро ғунҷоиш медод. Масалан, сарулибос ва пероҳанҳои зебои миллие, ки дар Суғду Хатлон, Бадахшону Зарафшон, Рашту Ҳисор мепӯшиданд бозгӯйи розҳои нуҳуфта ва зебоиҳои табиати пурғановати Тоҷикистони азизу маҳбуб ба шумор мерафтанд. Ҷиҳати аз ҳама муҳим дар суннати пероҳани мардумии тоҷикон он аст, ки либоси мардонаву занонаи онҳо ҳамеша кушоду гулранг ва шинаму дилнавоз буд. Шалвор, пероҳан ва рӯсарию сарандози мо дар ҳеҷ як давру замон аз нигоҳи равонию шаҳвонӣ риққатовару хушунатангез набуд, ки матои атласу адраси рангоранг ва карбосу алачаи якранг намунаҳои беҳтарини онҳост.

Ҳамчунин бояд ёдовар шавем, ки гузаштагони мо дар пазируфтани шакли муосири сарулибос низ аз мавқеи суннатгароии миллӣ муносибат кардаанд. Ин раванд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ бо истилоҳи кодекси либос (dress code) маъруфият дорад ва аввал дар Бритониёи Кабир пайдо шуда, ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн гардидааст, ҳангоми баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун ва ташриф овардан ба ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ риояи ҷиддии либоси расмиро тақозо менамояд. Бояд гуфт, ки дар аксари кишварҳое, ки ислом дар ҳаёти фарҳангию иҷтимоиашон нақши калидӣ мебозад, тарзи либоспӯшии исломӣ бо стандарти аврупоӣ омехта шудааст. Бархе аз кишвару ҳукуматҳо, ки дар ҳаёти онҳо ислом нақши сиёсӣ дорад, сатру ҳиҷобро ҷонибдорӣ намуда, пӯшидани либоси диниро барои занон зарур медонанд, баъзеи дигар, баръакс, онро манъ мекунанд. Масалан, дар Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Яман ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳиҷоб маҷбурӣ аст. Дар Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Туркия, ки ҳарчанд аксарияти сокинонашон мусулмонанд, ҳиҷоб пӯшидан дар муассисаҳои давлатӣ, мактаб ва донишгоҳҳо манъ шудааст. Туркия инчунин нахустин давлатест, ки соли 1925 расман ҳиҷоб пӯшидани занонро манъ карда буд. Дар Туркия, ки оид ба татбиқи исломи сиёсӣ таҷрибаи калон андӯхта шудааст, соли 2008 Суди конститутсионӣ пешниҳоди ҳукумати вақт таҳти сарварии Реҷеб  Тайип Эрдуғонро дар бораи бекор кардани манъи пӯшидани ҳиҷоб дар донишгоҳҳо қабул накард. Аксари давлатҳои арабӣ ҳам роҳи бунёди давлати дунявиро интихоб намуда, дар масъалаи пӯшидани ҳиҷоб ба муносибати фардии бонувон бартарӣ додаанд.

Пас дар вазъияти баамаломада ҷумҳурии мо барои ҳифзи асолати сарулибоси миллӣ ва динию эътиқодии худ бояд чӣ гуна рафтор намояд ва кадом тадбирҳои заруриро анҷом диҳад? Ба назари мо, дар иртибот ба ин мавзӯъ ба эътибор гирифтани андешаҳои зерин муҳим аст:

1. Маросими ҳаҷ яке аз ҷамъомадҳои бузурги мусулмонони ҷаҳон маҳсуб мешавад ва дар он ба маъраз баровардани фарҳанги либоспӯшии миллӣ ва динии қавму миллатҳои гуногун таҳаққуқ мепазирад. Барои омодагӣ ва баргузории мавсими ҳарсолаи ҳаҷ ниҳодҳои гуногуни истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва бонкию молиявӣ ширкат менамоянд, ки онҳо то андозае дар тарғиб ва бозоргир кардани молу ашёи гуногун, аз ҷумла либосҳои динӣ манфиатдоранд. Ба хотири ҳифзи фарҳанги миллӣ ва ваҳдати эътиқодӣ қавми ба ҳаҷрафтаи моро таври шоиставу боиста зарур меояд, ки аз тақлидкорона пӯшидану ворид кардани ҳар гуна либосҳои қавму миллатҳои дигар ба қаламрави ҷумҳурӣ худдорӣ ва иҷтиноб кунанд. Баръакс, бояд ҳоҷиёни ҷумҳурии мо дар лаҳзаҳои аз эҳром берун омадан, савор шудан ва фуруд омадан аз ҳавопаймо либосҳои динии хусусияти миллидоштаро ҷиҳати тарғибу ташвиқи онҳо табаррукан ба бар кунанд, то ки баъди бозгашти онҳо истифодаи ин сарулибос дар байни занону бонувон ба ваҷҳи неку пайравӣ пайдо кунад.

2. Бояд эътироф намуд, ки талабот ба сарулибоси динӣ ва сатри исломӣ дар ҷумҳурии мо вуҷуд дорад. Аз ин ҷиҳат танҳо истеҳсоли маҳсулоти ватании хушсифат ва дизайни муваффақонаи ин қабил либосҳо аз ҷониби тарроҳон дар асоси анъанаҳои миллӣ пеши роҳи воридшавӣ ва тадриҷан маҳдуд кардани онҳоро гирифта метавонад. Анъанаи аз чашми каси бегона пинҳон доштани баъзе аъзои занону бонувон дар суннати тоисломии тоҷикон вуҷуд доштааст, ки дар он ҳеҷ ифроту қаҷравӣ набуд. Хуб мешуд, ки баробари либоси ягонаи ҳоҷиён истеҳсоли либоси сафеди карбосӣ ва ҷелаки тоҷикӣ, ҷойнамоз, сарпӯшҳои сирф миллӣ, тасбеҳ ва хушбӯиҳо ба роҳ монда шавад ва ҷойи маҳсулоти бесифати хитойиро иваз кунад. Ба мушоҳидаи мо то имрӯз аз ҷониби тарроҳони ватанӣ дарёфти намунаи беҳтарини либоси ягонаи миллие рӯйи кор наомадааст, ки ба анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва андешаи исломӣ комилан созгор бошанд. Зарурати ҳифзи амнияти миллӣ шадидан тақозо менамояд, ки тарроҳони мо дизайнҳои «тоза ба тоза, нав ба нав»-и пероҳанҳоеро пешниҳод намоянд, ки онҳо дар як вақт ниёзҳои динию дунявии занону бонувони тоҷикро бароварда гардонанд, аз нигоҳи завқу салиқа дилкашу рӯҳнавоз бошанд ва таваҷҷуҳи онҳоро аз истифодаи либосҳои бегона коста созанд.

3. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии молҳои дар боло ёдшуда метавонад воридшавии либосҳои динӣ ва сатру рӯсариҳоро комилан коҳиш диҳад. Дар сурати барориши миқдори зарурии ин қабил маҳсулот пешниҳод ва фурӯши онҳоро ҳангоми мавсими адои ҳаҷ дар Фурудгоҳи байналмилалии пойтахт ташкил кардан муяссар мегардад. Ҳама медонем, ки ҳоҷиён миқдори ками армуғонҳои худро аз Арабистони Саудӣ меоранд ва 90 фоизи онро фарзандонашон аз растаи фурӯши молҳои сохти хитойӣ дар бозорҳои пойтахт пеш аз омадани онҳо харида захира менамоянд ва «ҳамчун савғот аз ҷойҳои муқаддас» ба меҳмонон тақдим мекунанд. Агар мо дар замири ҳоҷиён ҳисси ватандориро бедор карда тавонем, онҳо ҳатман аз нигоҳи бартарият додан ба сарулибоси миллию динӣ харидани армуғонҳои истеҳсоли худиро ҷонибдорӣ мекунанд.

4. Дар суннати мардумию мазҳабии миллати тоҷик ва халқҳои форснажод анъанаи сиёҳ пӯшидан дар ҳеҷ давру замон ривоҷ надоштааст. Ҳатто дар маросими мотам ҳам гузаштагони мо либоси кабуд ба бар мекарданд, ки то имрӯз пайгирона идома дорад. Дар пӯшидани либоси сиёҳ дар таҷрибаи динҳои ҷаҳонӣ се бидъати пуртаассуб вуҷуд дорад. Пайравони шиаи дувоздаҳимома ба хотири ҳамдардии куштани фарзандони аҳли байти пайғамбар либоси сиёҳ пӯшида, мотам гирифтаанд ва то ҳақро ба ҳақдор додан аз он берун омаданӣ нестанд. Пешвоёни калисои масеҳии қибтӣ баробари паҳн шудани ислом дар сарзамини Миср ба худ назр додаанд, ки то комилан аз нав масеҳӣ шудани кишвари Қибт андаруни либоси сиёҳ кору пайкор хоҳанд кард. Ҳамчунин тибқи таълимоти буддоӣ хитоиён чунин мепиндоранд, ки пайдо шудани сафедӣ дар мӯйи сар нишонаи марг аст. Аз ин рӯ, онҳо ба муҷарради дар мӯйи сарашон дидани сафедӣ онро ҳамеша сиёҳ мекунанд.

Анъанаи сарулибосҳои динии занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯр-кӯронаи идеалҳои динҳои гуногун набудааст. Баръакс, либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки баробари мансубияти диниро таҷассум кардан, ҳувияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд.

5. Дуруст аст, ки нозил шудани ояти ҳиҷоб сатр кардан, яъне пӯшонидани баъзе аъзои бадани занонро воҷиб гардонид. Вале аз оғози ислом дар фазои тақлиди анъанаҳои умумиарабӣ пӯшидани сарандозҳо, ба мисли ниқоб, бурқуъ, химор ва ҷилбоб бо назардошти вежагиҳои табиати биёбон хусусияти ифротӣ касб кардан гирифт. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» сатр ба маънои «сару гарданро бо рӯймол пӯшонидан» тибқи муқаррароти суннату анъанаҳои миллӣ ва шароити табиию ҷуғрофӣ навсозӣ карда шуд. Имрӯз низ дар масъалаи истифодаи либосҳои бешармонаю ношоиста ва таблиғи сатру ҳиҷоб аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор, мутаассифона, қишрҳои аз нигоҳи тарбияи ахлоқӣ ноустувор ва эҳтиёҷманди аҳолӣ васеъ ҷалб карда мешаванд. Ин қабил бе сатрону сатрпӯшон ба ахлоқу эътиқод ҳеҷ вобастагие надоранд ва рафтори онҳо ба ҷуз як навъ тақлидкорӣ чизи дигаре нест. Дар паҳнкунии сатри арабишуда ва либосҳои динии саропо сиёҳ нақши таблиғотии ҳаракатҳои гуногуни тундгаро ва бегонапараст, сомонаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет ва маҳвора низ бисёр қавӣ аст. Боло рафтани рӯҳияи бесобиқаи диндории мардум, зудбоварию булҳавасӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии онҳо ба мураккаб шудани вазъият таъсири манфӣ гузошта истодааст.

6. Дар пешгирӣ намудани раванди номатлуби либоспӯшӣ нашри маводи илмӣ оид ба заруриёти динӣ ва тартиби анҷом додани фарзи ҳаҷ, инчунин тарғиби тарзи солими ҳаёти ҷамъиятию дунявӣ тариқи воситаҳои ахбори омма омили таъсиргузор маҳсуб меёбад. Дар татбиқи амалии ин ҳадафҳо Маркази исломшиносии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории ниҳодҳои дахлдор нақши муайян дошта метавонад.

Файзулло БАРОТЗОДА, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон