Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост

№38 (3675) 11.04.2017

Ҳазору чорсад сол қабл Худованд аз забони расулаш хотам-ул-анбиё, Ҳазрати Муҳаммад(с) муждаи зуҳури динеро бо номи ислом ва китоберо бо номи «Қуръон» паём дод, ки чун хуршеди тобон вуҷудашон дунёро мунаввар намуд. Имрӯз тақрибан якуним миллиард одами сайёра ба ин дини муқаддас пайравӣ мекунанд.

 Дар имтидоди чордаҳ қарн ҳазорҳо ҷилд асари мондагор интишор гардида, ки бозтоби «Қуръон»-и карим ва аҳодиси зарифи паёмбари муаззаманд. 

 Ҳазорҳо тан аз машоиху авлиёву уламову удабову зурафо «Қуръон»-и муқаддасро сарчашмаи маърифати хеш қарор дода, садсолаҳост, ки осорашон лабташнагони олами маъниро шодоб кардаву хоҳанд кард.

Ислом динест саршори адолату садоқату рафоқат, поку мубарро, софу муҷалло, салиму ҳаким, раҳиму раҳнамо, бошафқату саодату шарофат, шарифу ҳаниф, малеҳу сареҳ…
Бо хости Худо рӯз ба рӯз ин дини башарӣ оламгир мегардад, ки албатта, баъзе қудратҳо ва душманону бадхоҳону ҳасудонро ором намегузорад. Ин аст, ки тайи даҳсолаи охир аз ҷониби неруҳои аҳриманӣ кӯшишҳои бадномсозии ин ойини муқаддас ба назар мерасад. Исломро ҳамчун дини ҷангхоҳу бесубот, ситезаҷӯю
таҳаммулнопазир муаррифӣ намуда, ҳатто муродифи истилоҳҳои террору терроризм қаламдод менамоянд. Бо суръати баланд зиёдшавии мусалмонони сайёра, аз байн рафтани институти оила, кам ва пиршавии миллатҳои муқими кишварҳои ғарбӣ, тайи даҳсолаҳо зери таъсири маданияти ғайр қарор нагирифтан ва маҳв нашудани мусалмонон дар сохту шеваи зиндагии онҳо омили дигари бесаранҷомшавии душманони дини муҳаммадиянд.

Аз дигар сӯ, худи мусалмонони гумроҳу ноогоҳу«зархарид», ба монанди гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» ва роҳбарони ғоявии онҳо номи мубораки исломро халалдор менамоянд. Тайи ду-се соли охир он қадар ин гурӯҳ исломи покро бадном намуд, ки садсолаҳо ягон душмани дину мазҳаби мо ба чунин «комёбӣ» муваффақ нашуд. Агар даҳсолаҳои қаблӣ Муҳаммад Алию Кустову Майкл Ҷексону даҳҳо нафари дигари ғайримусалмон ба ислом гаравида бошанд, ду соли охир ягон-ягон аз ислом рӯгардониҳо аз худ дарак медиҳанд, ки басо зуҳуроти нанговар ва натиҷаи хидмати «хирсона»-и «Давлати исломӣ» барин гурӯҳҳост. Ҳазор афсӯсу надомат, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳу мутаассиби хирасари кишвар низ ба доми ин гурӯҳ афтодаву Тоҷикистонро ба бадномӣ мекашанд. Кӯрдилон то ҷое бефаҳманд, ки дар муқаддасгоҳҳои мусалмонон-Ироқу Шом, ки қадамҷойи асосгузорону бунёдгарони исломанду ҳазору чорсад сол аст дар ин минтақа садои азон хомӯш нашудааст, ҷиҳод эълон намудаву бо нидои«Аллоҳ Акбар!» хуни ноҳақи ҳазорон мусалмонро рехтаву онҳоро бехонумон намудаву дар ба дару муҳоҷир месозанд. Худованд ба рӯшанӣ, дар «Қуръон»-и шариф мефармояд, ки инсонеро бегуноҳ куштан башарро куштан аст. Ҳатто Худованди мутаол ба паёмбаронаш даъвати қатлу кушторро нафармудааст, ба ҷуз замоне ки ба ҷону молу пайвандон, ибодатгоҳу зиёратгоҳу амокини муқаддасашон кофар ё душман таҷовуз ва ё хатар эҷод накунад. Гузашта аз ин, Оллоҳ ба расулонаш мефармояд, ки вазифаи шумо танҳо одамонро ба роҳи ҳақ даъват кардан асту бас. Роҳбарону идеологҳои «Давлати исломӣ», ки то кунун ягон нафарашон худро қурбон накардаанду намекунанд, оятҳоро таҳриф карда, фатвоҳои бепоя бароварда, ҷавонони гумроҳу чаласаводро бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла сеҳру манқурткунонию доруҳои эҳсосбарангез (ҳайвонӣ) ва эҳсоскуш (тарс), амсоли «каптагон» (амфетамин) ба доми фиреб мекашанд. Воқеан, дар «Қуръон» дар чанд сура бобати ҷиҳод сухан меравад, вале бештарашон мутааллиқи ҳамон замонанд. Чун исломи ҷавону тоза ва Расули Худо ба тарғибу дастгирӣ ниёз доштанду душманон аз зумраи кофарону мушрикону бединон қасди куштани паёмбару маҳви дини ҳақро доштанд, мусалмонон тибқи фармудаи Худо ба ҷиҳоду ғазо бархоста буданд. Вале имрӯз ислом дигар ниёз ба пуштибонӣ надорад, ниёз ба хуни инсон рехтанро надорад, зеро пирӯз асту дар кураи замин муътақидон бемамоният фароизи исломро ба ҷо меоранд. Ҳазорҳо донишгоҳу донишкадаву мадрасаву мактабҳои исломӣ дар хидмати мардуманд. Тамоми сол роҳи хонаи Худо-Каъба боз аст. Миллионҳо адабиёти динӣ мунташир гардидаву мегарданд. Ҳазорҳо расонаи радиотелевизионӣ, рӯзномаву маҷалла ва сомонаҳои интернетии динӣ озодона фаъолият намуда, дини ҳақро тарғиб мекунанд.

Борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмон зарурати мубориза бар зидди терроризму экстремизм таъкид шудааст, ки дастури амали ҳар фарди солимфикри ҷомеа бояд бошанд. Аз ҷумла, дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар гуфта шуд: «Терроризм ва экстремизм имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Баъзе раванду тамоюлҳое, ки вақтҳои охир мушоҳида мешаванд, аз ҷумла ҳодисаҳои гаравидани баъзе ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ, ҳатто террористӣ, хусусан иштироки онҳо дар амалиёти ҷангии дигар кишварҳо, аз падару модарон, кормандони соҳаи маориф ва умуман, аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ хоҳиш мекунам, ки дар самти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои амалӣ андешанд».

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши низоъҳои мусаллаҳонаву амалиёти террористӣ ва дигар масоили глобалӣ изҳори нигаронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба вокуниши дастаҷамъона ва фарогир даъват намуд. Сардори давлат, ҳамчунин аз миқёс ва хусусияти ҷаҳонӣ доштани таҳдидҳое, ки онҳоро терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил ба миён меоранд, изҳори нигаронӣ карда, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифрот­гаройиро вазифаи дараҷаи аввал номид.
Душмани дигари ашаддии ислом ин тафриқаандозони уммати Расул ба шиъаву суннӣ ва даҳҳо ҳаракату ҷараёну гурӯҳҳои тундрав мебошад. Агар як номи Худо бахшоянда бошад, пас чаро бандаҳои мусалмонаш дар симои суннию шиъа беш аз ҳазор сол аст, ки ҳамдигарбахшию таҳаммулпазирӣ намекунанд?! Оё фаромӯш намудем, ки шиори асосии ислом ҳамон ояти машҳури карима: «Муъмин бародари муъмин аст». Дил мехоҳад садо даркашад: — Эй мусалмонон! Агар Худо яктост, Муҳаммад (с) яктост, «Қуръон» яктост, Каъба яктост, пас чиро бояд тақсим карду чаро низоъ ва хушунат кард?

Ё тавре шоир гуфта:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР,

директори Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ