Ҳаракати автобусҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон боз дар се масири дигар ба роҳ монда шуд

№113 (3907) 18.09.2018

Бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ҳаракати автобусҳои мусофирбар дар хатсайрҳои Тирмиз — Душанбе, Деҳнав — Душанбе ва Самарқанд — Панҷакент ба роҳ монда шуд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тавре муовини вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода иброз дошт, ҳаракати хатсайри автобусҳои мусофирбар байни шаҳрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар доираи тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду давлати ҳамҷавор ва санадҳои байнидавлатии баимзорасида ба роҳ монда шуд, самараи неки сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мебошад, ки моҳи март ва августи соли равон сурат гирифтанд.

Тибқи иттилои сарчашма, ҳаракати автобусҳо дар масири Душанбе — Тирмиз, Душанбе — Деҳнав ва Панҷакент — Самарқанд аз ҷониби ширкатҳои нақлиётии Тоҷикистон «Осиё гурӯҳ Тоҷикистон» ва Ӯзбекистон анҷом дода мешаванд.

Нархи роҳкиро дар масири Душанбе — Деҳнав, ки 107 километрро ташкил медиҳад, 35 сомонӣ ва дар хатсайри Душанбе — Тирмиз, ки 250 километр аст, 70 сомонӣ муайян шудааст. Интизор меравад, ки ҳаракати автобусҳо дар масири Душанбе –Деҳнав ҳар рӯз ва дар хатсайри Душанбе — Тирмиз ҳафтае як маротиба сурат гирад. Инчунин, бо дарназардош­ти талаботи мусофирон, мумкин аст, ки ҳаракати автобусҳо дар ин масир афзоиш дода шавад.

Моҳи майи соли равон байни шаҳрҳои Хуҷанд -Тошканд ҳаракати автобусҳо ба роҳ монда шуд, ки пойтахти Ӯзбекистон — шаҳри Тошкандро бо маркази маъмурии вилояти Суғди Тоҷикистон — шаҳри Хуҷанд пайваст.

Моҳи август Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он минбаъд аз воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрав ва автобусҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ворид шудан ва гузариши транзитӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷ ситонида намешавад.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»