Якуми августи соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи корӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагию ширкатҳои соҳибмулкони манзил, кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, инчунин фаъолони гурӯҳи фейсбуку сомонаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид.
Дар он Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти анҷомдодаи гурӯҳҳои кориро тибқи Қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе», ки дар доираи 130 рӯзи ободонӣ то 29 июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои шаҳр ҷараён дошт, таҳлил намуда, дастур дод, ки бо мақсади дастёбӣ ба самараи дилхоҳи пайгиришаванда, дар муҳлати боқимонда низ ба ин сабқат неруи созандаи сокинони шаҳр ва аҳли ҷамоатчигӣ сафарбар карда шавад. Ҳамчунин, супориш дод, ки то 20 августи соли равон корҳои ободонию хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва биноҳои шафати онҳо пурра ба итмом расонида шавад ва комиссияи марбутаи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе воқеияти корҳои анҷомгирифтаро мавриди санҷиш қарор диҳад.
Инчунин, дар ҷаласа масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, истифодаи сарфакоронаи он аз ҷониби муштариён, тадбирҳои иловагии беҳбудбахшию назорати ҳолати санитарию эпидемиологӣ, боздошту безарар кардани сагҳои дайду баҳри пешгирӣ аз касалиҳои ҳорӣ, ғановати бозори истеъмолӣ, вазъи таъминоти муассисаҳои иҷтимоӣ, қабл аз ҳама мактаб — интернатҳо ва хонаҳои кӯдакон бо маҳсулоти хушсифати ғизоӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагони ватанӣ зимни хариди давлатии молу маҳсулот дар корхонаҳои буҷетӣ, баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқии сокинон ва масъулияти корфармоён нисбат ба кормандон, вазифаву уҳдадориҳои иттифоқҳои касаба дар ин хусус ва муҳимтар аз ҳама, бо хулоса аз вазъи ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳандозии тадбирҳои муассир оид ба ҳифзу риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо таассуф аз хизматрасонии бенизоми нақлиёти ҷамъиятӣ, ба тарзи меъёрию дилхоҳ то ба ҳол танзим нашудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо, нигаронии мусофирон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо боқӣ мондани танбашавии воситаҳои нақлиёт ёдовар шуда, фаъолияти муовини соҳавии раиси шаҳр Низом Ҳакимовро нокифоя дониста, барои ислоҳи вазъ ба ӯ то 1 сентябри соли равон муҳлат муқаррар намуд.
Ш. Саидов