Қариб 3 тонна маҳсулоти пастсифат аз муомилот гирифта шуд

№87 (4827) 05.07.2024

Кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи Кӯлоб дар панҷ моҳи соли 2024 беш аз 2888 кг маҳсулоти пастсифатро аз фурӯш боздоштаанд.

Даврон Ахмедов, директори марказ, иттилоъ дод, ки алҳол 6093 иншоот зери назорат қарор дорад. Дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ ҳолати 1107 иншооту муассиса таҳти санҷиш қарор гирифта, дар натиҷа камбудиҳо ошкор ва нисбати 607 нафар шахсони масъул протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҳисоби ҷарима 110 ҳазору 102 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардид.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки пас аз санҷиш фаъолияти 31 иншоот то бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта муваққатан манъ гардид.

Мавсуф афзуд, ки дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2012 таҳти №890 «Дар бораи бехатарии маҳсулотҳои хӯрокворӣ» дар марказҳои хизматрасонӣ ва дӯкону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин, бозору нуқтаҳои савдо, дар маҷмӯъ, 2888,51 кг маҳсулоти пастсифат ва муҳлаташон гузашта муаяйн ва аз муомилот гирифта шуданд.

Тавре Даврон Ахмедов иброз дошт, яке аз ҳолатҳои нигаронкунанда дар марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб норасоии 59 нафар табибон мебошад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»