Қарори Маҷлиси миллӣ оид ба танзими нақлиёт амалӣ мегардад?

№46 (3526) 07.04.2016

DSC_0917Чоруми апрели соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо иштироки раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,  роҳбарони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин  масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо дарназардошти он ки  14 апрели соли ҷорӣ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум баргузор мегардад, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи раисони  комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар иртибот ба омодагии ҳамаҷониба ба баррасии масъалаҳои ба рӯзномаи он шомилгардида, анҷом додани вохӯрию мулоқот бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва дар ҳолати зарурат пешниҳоди муроҷиатҳои онҳо ба рӯзномаи иҷлосия нигаронида, дастур дод, ки нисбат ба пешниҳод намудани ҳисобот оид ба ҷараёни иҷрои Қарори раиси шаҳри Душанбе таҳти №125-19 аз 27 феврали соли 2015 «Дар бораи омодагӣ ба таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» тайёрии ҳамаҷониба бинанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев супориш дод, ки зимни номгузорӣ ва номивазкунии маҳалла, кӯча, майдон, хиёбон, боғ, пул ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳр, қабл аз ҳама, ба пешниҳоди сокинони маҳалҳо такя намуда, бо интихоби номҳои аз нигоҳи мантиқу таърих ва фарҳанги миллӣ омӯзанда  лоиҳаи қарорҳои дахлдорро барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе манзур созанд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин масъалаи беҳбудбахшии низоми хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи мусофирон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Дастур дода шуд, ки бо ҷорӣ намудани сару лисоби ҳатмии ронандагӣ ва роҳ надодан ба пахши мусиқиҳои гӯшхарош дар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии хизматрасон, новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ, масъ­алаи бо хатсайрҳо фаро гирифтани ҳудудҳои аҳолинишини тибқи қарори марбутаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марзи шаҳри Душанбе воридгардидаро ҳаллу фасл намоянд. Муқаррар шуд, ки минбаъд дар ҳудуди шаҳр тағйирдиҳии хатсайр ва ё ташкили хатсайри нави нақлиёти ҷамъиятӣ бидуни мавҷуд будани қарори раиси шаҳри Душанбе манъ карда шавад.

Инчунин, дар ҷаласа вазъи иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андоз ба буҷети шаҳр дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, маблағгузорию истифодаи мақсадноки онҳо дар лоиҳаҳои сохтмонии шаҳр, пеш аз ҳама, дар самти таъмиру азнав­созӣ ва сохтмони асосии роҳҳо ба риштаи таҳлил кашида шуд.

Вобаста ба ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев масъулини соҳаи роҳсозии шаҳрро муваззаф кард, ки татбиқи корҳои сохтмониро танҳо дар доираи лоиҳаҳои тасдиқшуда ва муҳлатҳои қарордодӣ вусъат бахшида, ба сифати анҷоми корҳо бештар диққат диҳанд ва комиссияи марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ҷалби мутахассисони мустақил  ин ҷараёнро пайваста зери назорат гирад.

 Ш. САИДОВ