Ҳамовозӣ

Арзанда аст

№174-175 (3475-3476) 21.12.2015

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи  роҳбаронест, ки шахсияти сиёсиаш батадриҷ ҳамроҳ бо халқи азизаш ташаккул ёфтааст.

Ӯ ҳамеша дар андешаи пешрафт, рушду нумӯи кишвар, беҳбудии рӯзгори мардум мебошад. Сарвари давлат ба масъалаи  пешравию тараққиёти тамоми гӯшаю канори кишвар таваҷҷуҳи якхела зоҳир менамоянд.

Ҳар сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он минтақа боиси дигаргунӣ ва боз ҳам обод гаштани ҳамон минтақа мегардад.

Мо — сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сафарҳои Президенти кишвар ва суҳбату вохӯриҳои ӯро дар ёд дорем. Бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат чандин иншооти истеҳсолӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд. Танҳо тайи чанд соли охир чор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки ҷавобгӯйи талаботи замон мебошанд. Дар маҷмааи варзишии сеошёна, ки ҷойи дӯстдоштаи ҷавонон аст, аз рӯи намудҳои гуногун мунтазам мусобиқаҳо баргузор мегарданд. Корхонаҳои истеҳсолии дар даврони истиқлолият сохташуда, аз ҷумла корхонаи коркарди пахта, сехҳои қаннодию дӯзандагӣ ва қолинбофӣ ба ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуданд.

Ғамхории Сарвари давлатро дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла дар бахши иҷтимоӣ хуб эҳсос мекунем. Сол то сол ба рушди ин соҳа аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағҳои бештар ҷудо карда мешавад. Ба ин васила, нафақа, кумакпулии табақаи ниёзманди ҷомеа зиёд карда мешавад. Собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия низ аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдоранд.

Дастгирии гурӯҳҳои осебпазиру эҳтиёҷманд, кумаки ятимону маъюбон, нафақахӯрон, парастории  пиронсолону ниёзмандон, таъмиру таҷдиди мактаб — интернат, хонаҳои кӯдакону  пиронсолон ва таъмини ҳамаҷонибаи онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ нишонаи ғамхориҳои  пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табақаи ниёзманди кишвар мебошад.

Аз ҳама муҳим ин аст, ки бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар сулҳу Ваҳдат таъмин гардидааст, ки асоси тамоми пешравӣ ва рушди ҷомеа маҳсуб меёбад.

Барҳақ, Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат аст.

Сафармуҳаммад ЗАРИФӢ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ