АСКАРИ ҒАЛАБА

№61 (3362) 28.04.2015

Аскарбачаҳои ҷанги Гирмонем мо,

Аз кишвари хеш-Тоҷикистонем мо.

Ҳарчанд, ки пирему заифем кунун,

Аммо, ки мадори давру давронем мо.

 

Ҳафтод расида зи баҳори Ғалаба,

Оне ки ба мо фатҳу зафар оварда.

Сад рафтаву танҳо нафаре боз бигашт,

Озодиву тахту тоҷу фар оварда.

 

Аз ҳамзафарони мо шуморе кам монд,

Аз ҳамсафарони мо бубин, ки ғам монд.

Рафтанду равему умри мо дар шумар аст,

Аз рафтани ёрони азиз мотам монд.

 

Дар марзи Зафар зи мо ҳазоре монда,

Қурбонии сахти бешуморе монда.

Бо захми бадан агар Зафар овардем,

Сад сахми тану каме мадоре монда.

 

Пирему заифему вале тан надиҳем,

Лозим ояд тан ба таҳамтан надиҳем.

Сегӯша хати нигор дар бар дорем,

Мо хоки Ватан ба дасти душман надиҳем.

 

Истода ба саф ба бар асоем кунун,

Дар ёди азизон адоем кунун.

Мо ҳиссагузори Зафарему Ғалаба,

Ҳарчанд ба чашм камнамоем кунун.

 

Иди Зафару баҳори озодӣ расид,

Оне ки баҳои ҷони милён аст он.

Мо ҳиссагузори рӯзи озодием,

Аскарбачаҳои ҷанги зидди Гирмон.

Давлати Султон