Ба истиқболи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасри Арбоб ба ҷашн омода мешавад

№130 (3767) 04.11.2017

Рафти корҳои омодагӣ дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи ҷашни 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиб ва бомаром ҷараён дорад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъмиру тармимро зери назорати қатъӣ қарор дода, ситоди корӣ таҳти роҳбарии раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдураҳмон Қодирӣ фаъолият дорад.

Толори экспозитсияи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ азнавсозӣ гардида, дар он экспонатҳои нав, ки бозгӯйи ҷараёни иҷлосия мебошанд, ҷой дода мешаванд. Яке аз масъулони азнавсозии он — устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, номзади илмҳои таърих Муҳиддинҷон Файзуллоев изҳор дошт, ки толори мазкур тавре азнавсозӣ хоҳад шуд, ки ба тамошобин хронологияи иҷлосияро пурра намоиш диҳад.

- Мо кӯшидем, ки баъзе таҷҳизоти техникии он замонро низ ҷой диҳем. Масалан, микрофонҳои толори иҷлосияро, ки пояашон аз алюминий аст, барқарор намудем. Ба ин монанд, гӯшаҳои алоҳида, аз ҷумла гӯшаи фаъолияти мухбирони парлумониро такмил додем. Чанд сурати навро, ки вакилон аз бойгонии шахсӣ пешниҳод карданд, дар толор ба намоиш гузоштем, — гуфт номбурда.

Ба қавли масъулон, дар таъмиру тармими Қасри таърихии Арбоб ва иншооти атрофи он 5 млн. сомонӣ харҷ мешавад.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ, «Садои мардум»