«Асрори Саразм»

№92 (4188) 31.07.2020

2019-10-11sarazm_jpgЧунин номгузорӣ шудааст, филми мустанаде, ки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба муносибати таҷлили 5500–солагии Саразми бостон ба наворбардорӣ оғоз кардааст.

Чанд рӯз пеш гурӯҳи эҷодии муассиса ба шаҳри Панҷакент ташриф оварда, макони ҳафриёти Саразми бостон, осорхона ва шаҳри Панҷакенти қадимро наворбардорӣ карда, дар макони ҳафриёти Саразм бо муаррихон, донишмандон ва бостоншиносон мусоҳиба анҷом доданд.

Муаллифон ният доранд, ки филмро дар арафаи таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешкаши бинандагон гардонанд.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»