Дар яке аз суханронияшон ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид карда буданд: «…фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад.
Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад. Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи пайомадҳои нохуш собит сохтанд».
Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш касб менамояд. Ин аст, ки ҳар рӯз моҳияти ваҳдату ватандорӣ ва худшиносии миллӣ аз ҷониби калонсолон ба ҷавонон ташвиқ мегардад.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беназир буда, посу эҳтиром ва ҳифзу нигоҳдории он вазифаи ҳар як фарди кишвар, махсусан ҷавонон аст. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳоест, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуда, ба хотири дастгирию муттаҳидии ҷавонон мақоми ваколатдори кор бо ҷавононро таъсис дод. Дар ин замина чандин барномаҳо таҳия ва қабул шуданд, ки муҳимтарини онҳо қабули барномаҳои давлатӣ оид ба ҷавонон, таъсиси стипендия ва квотаҳои президентӣ, грантҳо, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимону муҳаққиқони ҷавон ва ғайра мебошанд. Илова бар ин, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва бо назардошти имкониятҳои мавҷуда, давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавонист, ки шароити заруриро барои омӯзишу таҳсили ҷавонон дар дохили кишвар ва берун аз он фароҳам орад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ, ҷавонон бояд кӯшиш намоянд, ки худшинос, ватандӯсту бомаърифат бошанд, то дар ҳама самтҳо ташаббус зоҳир намуда, барои мардуми хеш хизмат намоянд ва дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамонро баланд бардоранд. Бояд гуфт, ки рушди босуръати илму технология раванди ҷаҳонишавиро бештару зудтар кард. Мусаллам аст, ки ин раванд бештар тарафҳои мусбат ва манфии худро дорад. Ҷиҳати мусбат он аст, ки илму технология ва маҳсулоти гуногуни мавриди ниёз тавассути нақлиёти ҳавоӣ, заминӣ ва обӣ ба ҳама гӯшаи дунё кашонида мешавад, ҷиҳати манфии ин раванд дар он аст, ки ба нобудии фарҳанг, забонҳои мухталиф, урфу одати миллии халқҳои гуногун оварда мерасонад. Ба ҷои ҳамаи ин рушди босуръати синамои ғарб, ки дар он фаҳшу зӯроварӣ, фанатизм ва манякизм — бемориҳои рӯҳии ҷамъиятие, ки ҷони инсон дар он қадр надорад, паҳн гашта, зарбаи сахте ба пойдевори таомули мардуми мамолики гуногун мезанад.
Яке аз тарафҳои манфии ҷаҳонишавӣ, ки дар соҳаи иқтисодиёт мушоҳида мегардад, дар таъсири ширкатҳои калони байналмилалӣ – консернҳои трансмиллӣ ва аз тарафи онҳо монополия шудани бозор ва пахш кардани соҳибкории хурду миёна аст. Дар марҳилаи навини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварамон ҷалби неруи ҷавонон, хусусан, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат бағоят муҳим мебошад. Бо қаноатмандӣ изҳор метавон кард, ки истиқлолияти давлатӣ роҳи ҷавононро ба сӯи бунёдкорию созандагӣ боз кард ва замина гузошт, ки онҳо дар рушди мамлакат саҳми назаррас ва шоиста дошта бошанд. Аммо, як зумра ҷавонони ноогоҳ аз тамаддуни ниёгону фарҳанги миллӣ дур монда, ба доми фиреб афтода, шомили гурӯҳҳои ифротию террористӣ мешаванд. Ғайр аз ин, ҷавононеро низ дучор меоем, ки шуури сиёсии паст доранд, ба дурӯғу буҳтони нафароне бовар мекунанд, ки берун аз кишварамон қарор доранд ва пайрави гуфтору кирдори онҳо шуда, хиёнат ба Ватану миллати хеш мекунанд. Ин қабил ҷавонон ҷаҳонбинии танг, сатҳи маърифатнокии паст дошта, аз таъриху фарҳанг, мазҳаб ва дину оини аҷдодии хеш фарсахҳо дуранд. Насли ҷавони имрӯзаро зарур аст, то дорои ҳисси баланди миллӣ бошанд, бо Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор намуда, барои ҳимояи он ҳамеша омода бошанд. Ҷавононро мебояд, ки зиндагии хешро бо илму адаб устувор сохта, ба ақлу хирад такя кунанд, роҳи садоқат ба Ватанро бо андӯхтани илму дониши мукаммал обод созанд.
Ҳақиқат он аст, ки инсони донишманд, ҳунарманд ва дорои эҳсоси баланди ифтихори ватандоридошта ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ хор намешавад. Барои пайдо кардани хислатҳои нек метавон аз осори гаронбаҳои аҷдодони бузурги мо, ба монанди устод Рӯдакӣ, Сино, Берунӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Румӣ, Ҷомӣ, Кошифӣ, Аттор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар бузургони илму адаб истифода бурд. Осори онҳо барои тарбияи ҷавонони замони имрӯза дарси беҳамто ва маншаи ахлоқу одамият метавонад бошад. Майл ва алоқа ба илм аз тафаккур ва дунёи ботинии фард вобастагӣ дорад. Чунин шуур аз саҳми тарбияи фард дар оила ва мактаб шаклгирӣ пайдо мекунад. Бинобар ин, ҳар як ҷавон барои рушди маънавии худ ва ҳатто аҳли оилаи худ бояд кӯшиш ба харҷ диҳад.
Душмани асосии ҳар як инсон ин танбалист. Бо пешравиҳои соҳаҳои гуногуни ҷомеаи мо, ки баръало мебошанд, эҳтиёҷ ба мутахассисони меҳнатдӯст, эҷодкор бештар мешавад. Ҳар як ҷавон бояд аз меъёрҳои маънавӣ, арзишҳои миллӣ, одобу ахлоқи муоширатро меҳвар қарор дода, бештар ба илму адаб, варзиш, касбомӯзӣ, забономӯзӣ аҳамият диҳанд ва аз осори таърихӣ, фарҳангӣ ва илми аҷдодӣ барои такмили шахсияти худ истифода бурда, ҳамзамон дар ободии Ватан саҳмгузор бошанд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»