Ҷавонон парчамбардорони миллатанд

№159 (3460) 24.11.2015

_DSC0334Ҷанде пеш бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар Муассисаи давлатии илмии марказии «Боғи Ирам»- таҳти унвони «Ҷавонон — парчамбардорони миллат» чорабинии фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ варзишгарону ҷавонони кишвар боифтихор Парчами миллиро боло бардошта, роҳпаймоӣ намуданд. Суханкунандагон иброз доштанд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рангҳо ва нақшҳои хос таҷассумгари мақсаду маром ва орзую ормони мардуми тоҷик мебошад.

Дар ин рӯз аз ҷониби масъулини Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ҳунарҳои миллӣ ва китобҳои устодону донишҷӯён ба намоиш гузошта шуданд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт дар намоишгоҳ ба ҳунару дастовардҳо ва маҳсули эҷоди устодону донишҷӯён ошно гардиданд. Сипас, барномаи рангини ҳунарӣ пешкаши меҳмонон гардонида шуд.

Муҳаммад ЗОКИР,  «Садои мардум»