Венгрия. «Фидес» овози бештар гирифт
Тибқи маълумоти Кумитаи миллии интихоботӣ, дар интихоботи парламентии Венгрия, ки сеюми апрел доир шуд, 77,55 фоизи раъйдиҳандагон ширкат карда, номзадҳо аз ҳизби «Фидес» 68 фоизи овозҳоро ба даст оварданд. Акнун намояндагони ҳизб, ки ба он Сарвазири мамлакат Виктор Орбан Фидес роҳбарӣ мекунад, дар парламент 135 курсии вакилиро соҳиб мегарданд.
Известия. ру
Сербия. Дар интихоботи Президент Александр Вучич ғолиб омад
Ӯ зимни овоздиҳӣ дар интихоботи Парламент ва Президент гуфт, ки боварӣ дорад мардум сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро дастгирӣ мекунанд ва рушди бемайлон дар Сербия идома меёбад.
«Муҳимтар аз ҳама он аст, ки бояд сулҳу оромиро ҳифз намоем», — иброз дошт Президенти Сербия Александр Вучич.
Дар интихоботи Президент ҳашт номзад ширкат варзид ва Президенти феълӣ бо касби 59,55 фоизи овозҳо ғолиб гардид.
РИА Новости
Латвия. Парламент ҷонибдори манъи ҷашни рӯзи ғалаба
Вакилони Сейм – парламенти Латвия чорабиниҳои оммавии тарғибгари натсизм ва коммунизм, ҳамчунин, баргузор кардани намоишҳоро дар назди ёдгориҳои Артиши Сурх манъ карданд.
Бо ин мақсад онҳо ба қонун «Дар бораи амнияти чорабиниҳои оммавӣ, дилхушӣ ва идона» тағйирот ворид карданд.
АГН «Москва», Известия.ру
Покистон. Парламент пароканда шуд
Президенти Покистон Ориф Алвӣ бо даъвати Сарвазири мамлакат Имрон Хон Ассамблеяи миллӣ (палатаи поёнии парламенти Покистон) — ро пароканда кард.
Муовини вазири иттилоот ва радиотелевизиони мамлакат Фаррух Ҳабиб иттилоъ додааст, ки интихоботи навбатӣ дар Покистон баъди 90 рӯз барпо хоҳад гашт.
Россия. Владимир Жириновский даргузашт
Вакили Думаи давлатӣ, раиси Ҳизби либерал — демократии Россия Владимир Жириновский, баъд аз беморӣ дар 75 — солагӣ даргузашт. Дар ин бора Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин 6 апрели соли ҷорӣ, зимни ҷаласаи пленарии парламент, хабар дод. Вакилон лаҳзае хомӯш истода, хотири ҳамсафашонро ёд карданд.
Жириновский аз моҳи феврали соли ҷорӣ, бинобар сабаби гирифтор шудан ба бемории коронавируси «омикрон», дар беморхона бистарӣ буд.
Ӯ ҳанӯз соли 1993 вакил интихоб шуда, дар даъватҳои 3,4 ва 5-уми Думаи давлатӣ вазифаи муовини раиси палатаи поёнии парламентро бар уҳда дошт.
Сомонаи Думаи давлатӣ, РИА Новости
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»