Аз фаъолияти парламентҳои ҷаҳон

№13 (4753) 26.01.2024

МАОШИ ВАКИЛОН ДУ БАРОБАР ЗИЁД мегардад

1Парламенти Гурҷистон дастури нави музди меҳнати вакилони даъвати навро тасдиқ кард. Тибқи он, акнун вакилони одӣ ба ҷои 4624 ларӣ (1,7 ҳазор доллар) то 8250 ларӣ (3 ҳазор доллар) маош мегиранд. Маоши муовини раиси кумита — 8500 ларӣ (3,1 ҳазор доллар), муовини якуми раиси кумита 8750 ларӣ (3,2 ҳазор доллар), раиси кумита ва раисони фраксияҳо то 9000 ларӣ (беш аз 3,3 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад.

Интихоботи нави парламентӣ дар Гурҷистон тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор мегардад ва тағйирот ба маоши вакилон аз 1 январи соли 2025 ҷорӣ хоҳад шуд.

Известия, ТАСС

 

ОМӮЗГОРОН АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОЗОД мешаванд…

2Вакилони ҳизби «Справедливая Россия — За правду» ба баррасии Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод карданд, ки омӯзгорони мактабҳо, кормандони тиббии деҳот ва шаҳрҳои хурдро аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишварҳо озод менамояд. Муаллифони ин санади нав зарурати тадбири мазкурро дар он медонанд, ки дар деҳот ва шаҳракҳои кишвар омӯзгорон ва табибон намерасанд.

Айни ҳол тибқи қонунгузорӣ дар маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ вазъи саломатии шаҳрвандони бемор ва ҳолати иҷтимоию оилавии онҳо ба назар гирифта мешавад.

ТАСС

 

ИНТИХОБОТИ ПАРЛАМЕНТӢ ДАР БЕЛаРУС

3Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар бораи таъйини интихоботи вакилон ва аъзои Шурои ҷумҳурӣ фармон баровард.

Тавре дар ин бора хабаргузории «Белта» иттилоъ медиҳад, интихобот дар палатаи поёнии парламенти мамлакат 25-уми феврал ва палатаи болоӣ 4-уми апрел баргузор мегардад. Пешниҳоди номзадҳо ба аъзои Шуро, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ даҳаи сеюми моҳи март оғоз меёад.

Известия.Ру

 

«ҲИЗБИ ПИВА» НОМЗАДҲОЯШРО БА ПАРЛАМЕНТ ПЕШНИҲОД МЕКУНАД

4Дар Шветсия бо номи «Ҳизби пива» ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунад. Аъзои ин ҳизб мақсад доранд дар маъракаи интихоботии парламентӣ, ки соли ҷорӣ доир мегардад, иштирок намоянд. Интихоботи навбатӣ ба Шурои миллии мамлакат баҳори имсол дар назар дошта шудааст.

- Ҳизби мо 1300 нафар аъзо дорад. Мо фаъолияти худро ба самтҳои ҷавонон, вазъи экологӣ ва системаи маориф равона кардаем. Дар сурати ворид шудани намояндагонамон ба парламент, пеш аз ҳама, барои ҳалли проблемаҳои мазкур саъю талош мекунем, — изҳор доштааст раиси ҳизб Доминик Власни зимни суҳбати телевизионӣ.

Известия. Ру

 

ПАРЛАМЕНТ ХАБАРНИГОРОНРО ҲАВАСМАНД КАРД

5Раиси Шурои Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ба як гурӯҳ журналистон барои инъикоси фаъолияти парламент мукофот супурд. Ҳар сол таҳти унвони «Шурои Федератсия — палатаи минтақаҳо» озмун эълон гардида, дар арафаи Рӯзи матбуоти Россия ҷамъбаст ва ғолибон ҳавасманд карда мешаванд. Соли сипаришуда ба ин озмун аз 48 минтақаи мамлакат беш аз 250 мавод ворид гардид.

Зимни мукофотсупорӣ Валентина Матвиенко ғолибонро муборакбод гуфта, таъкид кард, ки бо анҷоми рисолати муҳими хеш журналистон дар тарғиби сиёсати Россия ва муқовимат бо тарғиби ғаразноки матбуоти Ғарб нисбати кишвар саҳми бориз мегузоранд.

Ҳамзамон, раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин низ журналистонро бо иди касбиашон табрик ва ба як қатор намояндагони воситаҳои ахбори омма туҳфа тақдим кард.

Известия. Ру, Парламентская газета

Таҳияи К. Бурҳониддин,

 «Садои мардум»