Аз нишастҳои матбуотӣ

№78 (3224) 16.07.2014

Теъдоди нафақагирон афзоиш ёфт

Шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати якуми июли соли 2014 дар ҷумҳурӣ 616 868 нафарро ташкил менамояд, ки нисбати нимсолаи якуми соли гузашта 12165 нафар афзоиш ёфтааст. Андозаи миёнаи нафақа дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 228,9 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47,31 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов иттилоъ дод. Ҳамзамон зикр гардид, ки давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ афзоиш дар қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ба мушоҳида расид. Бо дарназардошти хароҷоти корхонаю муассисаҳо дар давраи ҳисоботӣ қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ 944,4 млн. сомонӣ иҷро гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Буҷети ҷумҳурӣ барои пӯшонидани касри буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 25 млн. сомонӣ ба суратҳисоби Агентӣ ворид гардид.

Дар мавриди истифодаи технологияҳои иттилоотии муосир дар пардохти нафақа ва кумакпулиҳо С. Наҷмуддинов иброз дошт, ки барои боз ҳам шаффофтар гардидани фаъолият дар ин самт Агентӣ то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохти нафақаи 269 149 нафар ё 43,6 фоизи теъдоди умумии нафақагиронро дар 26 шаҳру ноҳияҳои мамлакат тариқи кортҳои пардохтӣ ба роҳ мондааст. То охири соли 2014 пардохти нафақаҳои боз 109 841 нафар нафақагирони шаш шаҳру ноҳияҳои дигар (Конибодом, Файзобод, Айнӣ, Фархор, Шуғнон ва Муъминобод) бо талаботи моҳонаи 11,6 млн. сомонӣ тавассути чунин кортҳо амалӣ мешавад.

Иттилоъ доданд, ки дар шаш моҳи соли 2014 унвонии Агентӣ барои гирифтани маблағҳои андӯхти нафақавӣ 7860 ариза ворид гардида, то имрӯз 7190 адади он мавриди баррасӣ қарор гирифта, маблағи онҳо муқаррар ва тавассути Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҳаҷми 2316,4 ҳазор сомонӣ пардохт гардид.

 Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Аз камбудиҳо хулоса мебароранд

Бо пешниҳоди раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Бобоалии Муродалӣ вақти барои нишасти матбуотӣ ҷудошуда тариқи саволу ҷавоб сурат гирифт. Ин боис гардид, ки рӯзноманигорон ба суолҳои зиёди  хеш посух гиранд.

Маълум гардид, ки натиҷаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Турсунзода дар шашмоҳаи аввали соли 2014 қаноатбахш бошад ҳам, вале масъалаҳои зиёди ҳалнашуда боқӣ мондаанд ва баҳри бартараф намудани онҳо дар  нимсолаи дуюми соли ҷорӣ кӯшиши зиёд кардан лозим меояд.

Камбудиҳои соҳаи иқтисод, пеш аз ҳама, дар он зоҳир гардидааст, ки нақшаи ҷамъоварӣ ва пардохти андозҳо ҳам ба Буҷети ҷумҳуриявӣ ва ҳам маҳаллӣ иҷро нашуд. Дуруст роҳандозӣ накардани андозбандии нуқтаҳои савдо, хизматрасонӣ ба аҳолии ҷамоатҳои деҳот, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир накардан ба дарёфти манбаъҳои иловагӣ ва нави андозбандӣ, ҷалби нокифояи қарзҳои имтиёзнок ба рушди соҳибкории хурду миёна, заиф будани соҳа дар ҷалби лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷумлаи сабабҳое буданд, ки ба рушди иқтисодиёти шаҳр монеъ гардид.

Соҳаҳои саноат, сохтмон, энергетика, нақлиёт ва хоҷагидории шаҳр низ дар иҷрои вазифаҳои базиммадошта ба мушкилот мувоҷеҳ буданд. Барои кишоварзон шароити обу ҳаво мусоид омада бошад ҳам, бемасъулиятии роҳбарони баъзе хоҷагиҳои кишоварзӣ, фориғболӣ дар бобати сари вақт обёрӣ накардани пахтазор, коркарди байни қаторҳо, тоза накардан аз алафҳои бегона, суст будани ҷамъоварии ғалладона, паст будани ҳосилнокии замини зироатҳои кишоварзӣ ва монанд ба ин камбудиҳо соҳаро ба ақиб бурд.

Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ низ баробари муваффақиятҳо камбудиҳо ҷой дорад.

- Мо баҳри бартараф кардан ва ислоҳи камбудиҳо дар нимаи дуюми соли ҷорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳем кард, — изҳор дошт раиси шаҳр дар иртибот ба саволҳои матраҳшуда ва ҳамчунон афзуд: — Таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 80-солагии шаҳри Турсунзода аз вазифаҳои ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳо мебошад. Мо баҳри таъмини қисми даромад ва иҷрои Буҷети давлатӣ бо роҳи муайянсозии андозсупорандагон ва усулҳои андозбандии пурраи онҳо, сода намудани низоми андозбандӣ, дарёфти манбаъҳои наву иловагии андозбандӣ чораҳои зарурӣ ва мушаххас меандешем. Бо сабабҳои гуногун сохтмони якчанд иншоот кашол меёбад ва барои анҷоми бунёди ин иншоот низ тадбирҳои заруриро амалӣ мекунем. Ба охир расонидани сохтмони иншооти ҷашнӣ, таъсису ташкили сехҳои дӯзандагӣ дар деҳот, сохтмони  хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ аз ҳадафҳои наздиктарин ба шумор мераванд.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум» 

Маърифати экологӣ паст аст

Раиси  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло зимни нишасти матбуотӣ, пеш аз ҳама, роҷеъ ба чорабиниҳо бо мақсади татбиқи барномаҳои давлатию соҳавӣ ва Конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист маълумот дода, аз ҷумла зикр кард, ки он яке аз самтҳои асосии фаъолият мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар бахши «Таъмини суботи экологӣ ва рушди устувор» аз рӯйи 23 тадбиру 8 нишондиҳанда маводи таҳлилию ҷамъбастӣ омода ва ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Дар доираи иҷрои «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои  2010-2030» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 4 январи соли 2014 таҳти №38 дар назди кумита «Маркази яхшиносӣ» ва дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи обуҳавошиносӣ таъсис ёфт.

-Фаъолияти асосии кумитаро пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ташкил мекунад,- таъкид намуд  Ибодзода Хайрулло. — Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 11 725 санҷишҳои комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида шуд ва дар натиҷа ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 20 367 адад пешниҳод ирсол гардид.

Бо вуҷуди он ки ҷиҳати пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ моҳҳои апрел ва май дар қаламрави ҷумҳурӣ аксияи «Тозагии соҳил-2014» гузаронида шуд, вале ин тадбир, ба андешаи масъулин, нокифоя аст. Дар ин бобат журналистон изҳори нигаронӣ карда, зикр намуданд, ки соҳили дарёҳо, даруни ҷӯйборҳо пур аз партову ифлосист. Масъулони соҳа ва намояндагони воситаҳои ахбори омма эътироф карданд, ки бо вуҷуди чорабиниҳои зиёд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути воситаҳои ахбори омма маърифати экологии мардум ҳанӯз дар сатҳи паст қарор дорад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Изофанависӣ дар кишти картошка

-Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 6419 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, ашхоси гунаҳкор ба маблағи 1336115 сомонӣ ҷарима баста шуданд, ки аз ин миқдор 927940 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаҳои идораи замин ворид карда шуд, -изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар ин давра барои муайян намудани майдони аслии кишти картошкаи барвақтӣ гурӯҳи корӣ ташкил гардида, аз 9 то 17 апрели соли равон дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ва аз 18 апрел то 12 майи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Ҳисор санҷиш гузаронида, натиҷаашро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Бино ба гуфти номбурда, дар рафти санҷиш зиёд нишон додани майдони кишти картошкаи барвақтӣ  ошкор шудааст. М.Зокиров афзуд, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳои санҷиш гузаронидашуда ҳатто нақшаи дурнамо иҷро нашудааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ин давра аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани қонунвайронкунӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ нуҳ дастур дода шуда, се қарор оид ба бастани ҷарима ба маблағи 5560 сомонӣ қабул гардид.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

Пардохтҳои гумрукӣ аз нақша зиёд ҷамъоварӣ шуд

Гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нимсолаи аввали соли 2014 ба 2891,4 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 маблағи 351,2 млн. доллари амрикоӣ зиёд аст. Аз маблағи умумии  гардиши тиҷорати хориҷӣ 2373,1 млн. доллар ба воридот ва 518,2 млн. доллар ба содирот рост меояд.

Хадамоти гумрук дар ин давра ба Буҷети давлатӣ 1908 млн. сомонӣ  пардохтҳои гумрукӣ ворид намуд, ки нисбат ба нақшаи муайянгардида 84 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Тӯли ин муддат  кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 2942 ҳодисаи қонуншикании гумрукиро ошкор намуданд, ки аз ин ҷумла 18-тояш ҷиноят буда, аз он ҳашт ҳолат ба қочоқи моддаҳои нашъаовар, се ҳолат ба қочоқи молу  воситаҳои нақлиёт ва ҳафт ҳолат ба дигар ҷиноятҳои соҳаи фаъолияти гумрук марбут аст.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии  фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдо якҷо бо дигар  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  рейдҳои алоҳида ва муштарак гузаронида, воридоти  ғайриқонунии  фурӯзонакҳои тафсон, таҷҳизоти компютерӣ, телефонҳои мобилӣ, атриёт, семент, нуриҳои минералӣ, ангишт, равғанҳои молиданӣ, нафти хом, маснуоти  заргарӣ ошкор гардид.

Дар ин бора ва  масъалаҳои дигари вобаста ба фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  давоми нимсолаи аввали соли 2014 муовини якуми сардори он Неъмат Раҳматов барои рӯзноманигорон маълумот дода, таъкид намуд, ки  таҳкими қонуният, роҳҳои афзун кардани сарчашмаҳои пардохтҳои гумрукӣ, мубориза бо қонуншиканиҳои гумрукӣ, аз ҷумлаи масъалаҳое ҳастанд, ки саъю кӯшиши тамоми кормандони Хадамот ба он равона шудааст.

А. МУРОДОВ, «Садои мардум»

Ба судяҳои судҳои иқтисодӣ ёрии амалӣ расонданд

Тавре зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Мансурзода зикр кард,  давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ  аз ҷониби судҳои иқтисодӣ  393 парванда ва аризаву шикоят ворид гардид, ки аз ин шумора  193 парванда ва 84 арзу шикоят баррасӣ гардидааст.

Мутобиқи нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шашмоҳаи  аввали соли 2014 ба судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии амалӣ расонида, фаъолияти кории онҳо санҷида, натиҷааш дар ҷаласаи Раёсати васеи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки судяҳои ин судҳо муҳокима гардид.

Оид ба таҷрибаи татбиқи  якхелаи қонунҳо дар судҳои иқтисодӣ дар ин давра дар мавзӯи «Беэътибор донистани санадҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ», «Эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкӣ ва дар бораи муқаррар намудани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқӣ доранд» ҷаласаи ҷамъбастӣ  гузаронида, сабабҳои бекоршавии санадҳои судии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил карда шуд. Ҳамзамон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даҳ парванда дар мурофиаҳои судии сайёр баррасӣ гардиданд.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,«Садои мардум»