Аз нишастҳои матбуотӣ

№89-90 (3074-3075) 23.07.2013

Даромади пулии аҳолӣ рӯ ба афзоиш аст

- Нишондиҳандаҳои оморӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки даромади  пулии аҳолӣ дар моҳҳои январ – майи соли 2013 аз рӯйи  маълумоти пешакӣ 9 миллиарду 31,1 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 фоиз афзудааст. Хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ бошад, дар ин давра 11 миллиарду 125,7 миллион сомониро ташкил кард, ки 51,1 фоизи он барои хариди молҳо  ва пардохти хизматрасонии аҳолӣ равона гардидааст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинов.

Қарздорӣ ва пардохти музди меҳнат ба 1 июни соли равон дар ҷумҳурӣ 11 миллиону  603,3 ҳазор сомониро ташкил намуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта  49,3 фоиз коҳиш ёфт.

Ба 1 июли соли ҷорӣ теъдоди умумии нафақагирон 604703 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 11466 нафар зиёд мебошад.

Андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ ба 181,5 сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,2 сомонӣ афзудааст.

Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки Хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат соли ҷорӣ вобаста  ба риояи  қонунгузории соҳа фаъолияти 1609 адад субъектҳои  хоҷагидори Ҷумҳурии Тоҷикистонро, сарфи назар аз шакли моликияташон , мавриди санҷиш қарор дод, ки дар натиҷа 6304 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор  гардид.

 М. МИРЗОЕВА, «Садои мардум» 

 

Маблағҳои даъвоӣ пардохт мешаванд

Аз ҷониби марҳилаҳои судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муддати шаш моҳи аввали соли ҷорӣ  233 парванда ва 175 арзу шикоят баррасӣ гардид.

Маблағи даъвоҳо аз рӯйи парвандаҳои дар марҳилаи якуми  Суди Олии иқтисодӣ қаноаткардашуда 20 981 054 сомонӣ ва 4 560 859 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра аризаҳои даъвоӣ ба манфиати мақомоти давлатӣ ба маблағи 404 967 сомонӣ ва 3 522 000 доллари ИМА қаноат карда шудаанд. Аз рӯйи аризаҳои  даъвоӣ, шикоятҳои кассатсионӣ  ва назоратӣ ба фоидаи буҷети давлат ба маблағи 704 246 сомонӣ  боҷи давлатӣ супорида шудааст.

Мутобиқи нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2013 аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии амалӣ расонида шуда, фаъолияти кории онҳо санҷида, натиҷаи санҷиш дар байни судяҳо муҳокима гардид.

Мутобиқи нақшаи кории нимсолаи аввали соли 2013 аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодасозии парвандаҳо ба муҳокимаи судӣ», «Дар бораи татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи якум», баррасии парвандаҳо дар марҳилаи кассатсионӣ  ва назоратӣ омода ва барои пешниҳоди таклифу  хулосаҳо ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шудааст. Инчунин  судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шаш адад парвандаҳоро дар мурофиаҳои  судии сайёр баррасӣ  намуданд.

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» корҳои назаррасро ба роҳ мондааст. Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 307 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аз ҷумла 107 нафари он дар рӯзҳои шанбе муроҷиат намуда, аз ҷониби роҳбарият ва судяҳо қабул карда шудаанд. Ба ғайр аз ин, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 175 адад арзу шикоятҳоро баррасӣ  намудааст.

Дар ин давра роҳбарият, судяҳо  ва кормандони дастгоҳ дар семинар — машваратҳо, конфронсҳои  илмӣ-амалӣ ва мизҳои мудаввар дар дохил ва хориҷи кишвар иштирок ва  суханронӣ намуданд.

Дар ин бора  раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Мансуров ба хабарнигорон гузориш дод.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум» 

 

Хадамоти гумрук 2917 қонуншиканиро ошкор намуд

Муовини аввали сардори  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъмат Раҳматов  аз боби натиҷаҳои  нимсолаи аввали соли ҷорӣ сухан ронда, минҷумла зикр намуд, ки дар ин давра Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳо, назорати самаранок аз болои интиқоли молу  воситаҳои нақлиёт, пурзӯр намудани мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ, назорати баъди барасмиятдарории гумрукию аудитӣ ва ба низом даровардани интизоми  меҳнатии кормандон равона намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Мутобиқи маълумоти омори гумрукӣ, гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми нимсолаи аввали соли 2013 ба 2537,3 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 105,0 млн. доллар зиёд гардида,  104,3 фоизро ташкил дод. Аз маблағи умумии  гардиши тиҷорати хориҷӣ 1 923,2 млн. доллар ба воридот ва 614,0 млн. доллар ба содирот рост меояд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»  дар нимсолаи  аввали соли 2013 нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи  1 479,4 млн. сомонӣ пешбинӣ шуд. Хадамоти гумрук дар ин давра ба буҷети  давлатӣ  1 490,9 млн. сомонӣ (бо назардошти ҳама сарчашмаҳои даромад) ворид намуд, ки нисбат ба нақшаи муайянгардида 11,5 млн. сомонӣ зиёд буда, 100,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар ин давра  2917 ҳодисаи қонуншикании гумрукӣ ошкор шудааст. Аз ҳисоби умумии қонуншиканиҳои бақайдгирифта 15 –тоаш ҷиноят буда, аз он нуҳ ҳодиса ба қочоқи моддаҳои нашъаовар, ду ҳодиса ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ва чор ҳолат ба дигар ҷинояти соҳаи фаъолияти гумрук  марбут мебошад.

Маблағи пардохтҳои гумрукии аз рӯйи парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ рӯёнида  42 483 715 сомониро ташкил мекунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 млн. сомонӣ зиёд  мебошад.

Дар ин давра 514 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ нисбати молҳои зераксизӣ,  аз ҷумла маҳсулоти спиртӣ- 42 ҳолат, маҳсулоти тамоку – 19 ҳолат, маҳсулоти сӯзишворӣ – 221 ҳолат, дигар молҳои зераксизӣ – 232 ҳолат ошкор шудааст.

Неъмат  Раҳматов ва дигар шахсони мансабдори Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои зиёди журналистон оид ба паҳлуҳои гуногун  ва самтҳои алоҳидаи фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои муфассал ва қаноатбахш доданд.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»

 

 Робита миёни донишгоҳҳо таҳким меёбад

Дар Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ  ректори донишгоҳ  Нуралӣ Солеҳов оид ба фаъолияти донишгоҳ  дар нимсолаи якуми соли 2013 гузориш дод. Ӯ зикр намуд, ки дар донишгоҳ 273 нафар  муаллимон, ки 39 нафарашон доктори илм, профессор, 122 нафарашон  номзадҳои илм, дотсентон мебошанд, фаъолият меварзанд.

Донишгоҳ барои идома додани фаъолияти худ аз рӯйи дувоздаҳ ихтисос ва ҳафт самт соҳиби иҷозатномаи  бемуҳлат гардид. Инчунин аз аккредитатсия гузашта, барои шаш сол соҳиби шаҳодатномаи Хадамоти федералии Федератсияи Россия  дар соҳаи таълим ва илм (таҳти № 1482 аз 19 марти соли 2012) гашт. Ҳамзамон дар факултети ҳуқуқшиносӣ кафедраи нави  «Ҳуқуқи байналмилалӣ» ифтитоҳ ёфт.

- Дар Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон чор лоиҳаи илмӣ амалӣ карда мешавад, ки аз буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегарданд. Мо бо зиёда аз 40 донишгоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо, Осиё ва Амрико муносибатҳои шартномавӣ дорем. Дар соли 2013 нуҳ шартнома ва созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва илм,  аз ҷумла бо Донишгоҳи миллии  Украина ба номи Т. Г. Шевченко, Донишгоҳи миллии забоншиносии Киев, Донишгоҳи давлатии Беларус (Ҷумҳурии Беларус) ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии Далян (Ҷумҳурии Халқии Хитой) ба имзо расиданд. Феълан дар донишгоҳ 117 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунанд, — ёдовар шуд ректори донишгоҳ.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

 

Ваколати раисӣ ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд

21 июни соли ҷорӣ, мувофиқи қатъномаи Иҷлосияи 37-уми Комитети Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пном-Пени пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа, аввалин номинатсияи табиии кишварамон «Парки миллии Тоҷикистон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Салимов зимни нишасти матбуотӣ ин хушхабарро аз ҷумлаи дастовардҳои хуб арзёбӣ кард.

Роҷеъ ба фаъолият дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мавсуф, аз ҷумла иброз намуд,  ки бо мақсади ҳифз ва аз партовҳо тоза нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин  ва соҳили дарёву каналҳо амалиётҳои умумиҷумҳуриявии ҳармоҳаи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил»  ташкил гардиданд. Дар амалиётҳои мазкур бештар аз 184 ҳазор нафар сокинони маҳал, донишҷӯён ва кормандони корхонаву ташкилотҳо иштирок намуда, бештар аз 1152 километр соҳили дарёҳо, каналҳои магистралӣ, обанборҳо, ҷӯйборҳо ва дигар манбаъҳои обӣ тоза  гардида, зиёда аз 7372,3 метри кубӣ партовҳои гуногун ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуданд.

Кумита ҷиҳати иҷрои Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи инкишоф ва идоракунии захираҳои обии дарёҳои Панҷ ва Ому (октябри соли 2010) рӯзҳои 27-29 марти соли 2013  вохӯрии сеюми сатҳи баланди коршиносон дар мавзуи «Рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мониторинги гидрологӣ дар болооби дарёҳои Панҷ ва Ому»-ро баргузор намуд, ки дар он масъалаҳои марбут ба соҳаи инкишоф  ва идоракунии захираҳои обии дарёҳои Панҷ ва Ому миёни ду кишвари ҳамсарҳад баррасӣ гардид.

Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумита моҳи июни соли ҷорӣ ҷаласаи Комиссияи  байнидавлатӣ  оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказиро баргузор намуд ва ваколати раисии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои солҳои 2013-2014) гузошта шуд.

Т. Салимов ҳамзамон роҷеъ ба натиҷаи санҷишҳои соҳавӣ, назорати таҳлилии обҳои рӯйизаминию  зеризаминӣ, вазъи экологии ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва ғайра маълумот ва ҳамроҳ  бо мутахассисон ба саволҳои  хабарнигорон  посух дод.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Изофанависӣ тамоюли афзоиш дорад

Нишасти матбуотии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози тарзи баргузорӣ барои рӯзноманигорон хеле ҷолиб буд, зеро директори агентии фавқуззикр Абдувалӣ Комилов  дар ҳама нишастҳои матбуотӣ имконият фароҳам меорад, ки журналистон ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гиранд. Зимни суолу ҷавоб маълум гашт, ки айни  замон арзиши як метри мураббаъ манзили истиқоматӣ дар мамлакат аз 512 доллари ИМА то 1600 доллари ИМА буда, талабот ба он зиёд аст. Абдувалӣ Комилов аз зиёд гардидани изофанависӣ дар раванди корҳои сохтмонӣ изҳори нигаронӣ намуда, зиёд ошкор гардидани чунин камбудиҳоро самараи вусъат ёфтани фаъолияти агентӣ дар ҳамоҳангӣ бо  дигар сохторҳои марбута арзёбӣ намуд. Тибқи иттилои мавсуф, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, ба маблағи  зиёда аз ду миллион сомонӣ изофанависӣ ошкор шуда, нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта тамоюли афзоиш дорад. Аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ Нақшаи генералии 30 шаҳру навоҳӣ таҳия ва қабул гардида, айни замон мавриди истифода аст. Нақшаҳои генералии шаҳру навоҳии Панҷакент, Қайроққум, Муъминобод, Ғончӣ, Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ванҷ ва Бохтар дар пажӯҳишгоҳҳои агентӣ дар ҳоли таҳия шудан қарор доранд. Вобаста ба раванди иҷрои Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисони агентӣ дар 64 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ санҷишҳо гузаронида, дар ин раванд бинобар риоя накардани талаботи Кодекси фавқуззикр гунаҳкорон ба маблағи 233560 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Д. АБДУЛЛО, «Садои мардум»

 

 Баррасии парвандаҳо  зиёд мегардад

- Суди Олӣ ҳамчун  мақоми олии судӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният  ва таъмини адолати судию иҷтимоӣ дар мамлакат давоми нимсолаи якуми соли 2013 кори муайян  ба анҷом расонид, — гуфт дар нишасти матбуотӣ  раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло  Абдуллоев. -Дар марҳилаҳои гуногуни судӣ 4202 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дархосту пешниҳодҳо мавриди баррасӣ, таҳлил ва омӯзиш қарор гирифтанд. Суди Олӣ ҳамчун суди марҳилаи якум баррасии 67 парвандаи ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маводҳоро таъмин намуд. Аз ин шумора 17 ададашро парвандаи ҷиноятӣ, 10-тои онро парвандаи гражданӣ, як адад парвандаи оилавӣ, 37 ададро аризаҳо оид ба барқарор намудани муҳлати мурофиавӣ ва ду адади дигарашро  дархосту  маводҳо ташкил медиҳанд. Нисбати 31 нафар бо баровардани ҳукми айбдоркунӣ ва аз рӯйи  як парвандаи ҷиноятӣ нисбати як нафар татбиқи  чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ  таъин шудааст.

Аз 11 парвандаи гражданӣ ва оилавӣ  ҳашт парванда бо баровардани ҳалнома, ду парванда бинобар даст кашидани даъвогарон  аз даъво қатъ, як адад дархост оид ба эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои судҳои давлатҳои хориҷӣ  қонеъ карда шудааст.

Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1590 арзу шикояти шаҳрвандон ворид гардид, ки нисбат ба соли гузашта 192 адад  ё худ  13 фоиз  зиёд мебошад.

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»

 

408 кори илмӣ ба табъ расид

Ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Кароматулло  Олимов нишасти матбуотиро оғоз карда, дар гузориши хеш, аз ҷумла  зикр намуд:

- Дар  нимсолаи якуми соли 2013 фаъолияти  Академияи           илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои 71 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии  бунёдӣ, 30 мавзуи  амалӣ ва коркарди  15 технология аз рӯйи            самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ,  гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ  тибқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 ва ҳафт барномаи давлатии илмӣ-техникӣ равона гардид.

То 1 июли соли 2013 дар аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 285 нафар, аз ҷумла  135 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 150 нафар дар шуъбаи ғоибона  таҳсил  доштанд.

Дар соли 2013 аз 11 Шӯрои диссертатсионии дар Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда, ба сабаби мавриди баррасӣ дар Комиссияи  олии аттестатсионии Федератсияи Россия  қарор доштан, танҳо як шӯро (Шӯрои диссертатсионии назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш) фаъолият намуд.

Дар шаш моҳи соли 2013 аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 408 кори илмӣ, аз ҷумла 25 китобу монография ва 383 мақолаи илмӣ ба табъ расид.

Дар самти робитаҳои илмии байналмилалӣ Созишнома байни Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмии педагогии  тахассуси олӣ ва Комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр ва аттестатсия  намудани кадрҳои илмӣ ва илмии педагогии тахассуси олӣ ба имзо расонида шуд.

 Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум» 

 

 Дасти мадад дар ҳолатҳои хавфноки табиӣ

Муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- майор Абдусаттор Хушвахтов оид ба фаъолияти кумита дар  нимсолаи аввали соли 2013 маълумот дода, зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ 52 ҳолати фавқулоддаи марбут ба ҳодисаҳои табиӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 18, вилояти Суғд ҳашт,  минтақаи Рашт даҳ,  Ҳисор чор ва Душанбе ҳашт маротиба ба амал  омадааст.

Наҷотдиҳандагони кумита дар 166 амалиёти кофтуковӣ — наҷотдиҳӣ иштирок намуда, 17 нафарро наҷот доданд. Инчунин 480 нафар шаҳрвандро аз минтақаҳои хавфнок, аз ҷумла аз муҳосираи тарма ба ҷойҳои бехавф кӯчонданд.

- Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2011 таҳти № 332 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2011-2013» рӯйхати 300 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ тартиб дода шуд,- гуфт Абдусаттор Хушвахтов.

-  Ҳамзамон — афзуд муовини аввали раиси кумита,- наҷотдиҳандагони мо  дар машқҳои байналмилалии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай — «ШОС:  Ҳамкорӣ- 2013»,  ки дар Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Дар миқёси ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли 2013-ум 806 ҳазору 896 нафар аҳолӣ ба омӯзиши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ фаро гирифта шудаанд, -гуфт дар ҷамъбасти нишасти матбуотӣ Абдусаттор Хушвахтов.

Шарофати БОБОҶОН, «Садои мардум»

 

Қоидаҳои бехатарӣ на ҳама вақт риоя мешаванд

Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1648 адад корхона ва 14 ҳазору 110 иншоотро ба қайд гирифтааст. Тӯли ин давра дар корхонаҳои бақайдгирифташуда аз тарафи ҳашт нозироти давлатӣ ва се нозироти комплексии бехатарии саноатӣ дар ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон 569 назорати техникӣ гузаронида шудааст.

Ба хотири риоя намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ба корхона ва ташкилотҳои бақайдгирифташуда беш аз 588 ҳазор нишондод, бинобар ҷой доштани камбудиҳо пешниҳод  карда, ба онҳо муҳлати муайян барои ислоҳи камбудиҳо дода шуд. Барои наандешидани чораҳои лозимӣ оид ба пешгирӣ ва сар задани ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба роҳбарони 19 корхона нишондод оид ба боздошти корҳо пешниҳод гардид. Дар рафти гузаронидани назорати техникӣ 42 нафар шахсони мансабдори корхонаҳои бақайдгирифташуда барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, тибқи  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима карда шуданд. Маблағи умумии ҷарима 40 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.

Саридора тибқи нақша рӯзҳои 17- 23 марти соли 2013 гурӯҳи нозирони давлатии Хадамоти федералӣ оид ба назорати давлатии экологӣ, технологӣ ва атомии Федератсияи Россия («Ростехнадзор»)-ро дар доираи нақшаи чорабиниҳои асосии Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок дар давраи то соли 2014 қабул намуда, дар чоҳи ҷустуҷӯйии №1 П « Сариқамиш», КВД « Ширкати Алюминийи Тоҷик», Ширкати «ТАЛКО- Кабел», НБО- и «Сангтӯда- 1», Муассисаи далатии « Китобхонаи миллии Тоҷикистон», сохтмони нақби «Чормағзак» ва НБО- и «Норак» назорати техникии муштарак гузаронид.

Дар натиҷаи кӯшишҳои саривақтии масъулин Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи кислота ва ишқорҳои ғайриорганикии моеъ таҳти ҚБС- 01-11-2013 бо рамзи № 711 аз 17 июни соли 2013 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаронида шуд.

 Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум»

 

 Муроҷиати шаҳрвандон кам шуд

Дар иртибот ба суоли мо вобаста ба ҳалли мушкилоти мардум, зимни нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод раиси ноҳия А. Ҳакимов иброз намуд, ки солҳои охир муроҷиати шаҳрвандон кам шудааст. Ҳангоми қабули шаҳрвандон, ки мунтазам рӯзҳои шанбе сурат мегирад ва вохӯриву мулоқотҳо дар фаъолияти ҳаррӯза, одамон аслан роҷеъ ба беҳтар кардани шароити манзилӣ муроҷиат мекарданд. Давоми панҷ сол ду маротиба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини аҳолӣ бо қитъаҳои замини  наздиҳавлигӣ  қабул шуд, ки дар асоси он мо талаботи як қисми сокинони ноҳияро қонеъ гардонидем.

Аз маълумотномаи раиси ноҳия маълум гардид, ки давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар бисёр соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия нишондиҳандаҳо назаррасанд. Чунончӣ, дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо  ва пардохтҳои ҳатмӣ пурра ва барзиёд иҷро гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет 6032,4 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 143,7 ҳазор сомонӣ (102 фоиз) ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 405,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шаш моҳи аввали соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 49571 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6694 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Кишоварзони ноҳия соли равон дар майдони 4248 гектар кишти зироат гузарониданд. Дар ноҳия нигоҳубини 741 гектар майдони кишти картошка, 458 гектар сабзавотро таври зарурӣ ба роҳ монданд. Деҳқонон ба нақша гирифтаанд, ки соли ҷорӣ 9346 тонна ғалла, 12597 тонна картошка ва 8244 тонна сабзавот истеҳсол менамоянд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ 5,3 маротиба афзуд

Дар оғози нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон сардори маркази матбуот ва иттилооти вазорати мазкур Назрулло Дадабоев сомонаи нави интернетии вазоратро  муаррифӣ намуд. Баъд муовини якуми вазири кишоварзӣ Суюнхон Рустамов фаъолияти Вазорати кишоварзиро дар шаш моҳи сипаришудаи соли равон натиҷагирӣ карда, аз ҷумла чунин гуфт: «Дар натиҷаи чораҳои андешида давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 3 миллиарду 845,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,1 фоиз зиёд мебошад».  Дар ин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо 479,2,  картошка 185,7, полезӣ 100, мева 52,8 ва ангур 1,3 ҳазор тоннаро ташкил намуд. Зиёд гардидани ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат намуда, тӯли ин муддат ба хориҷи кишвар 62 659 тонна сабзавот, 15 493 тонна картошка, 119 тонна  офтобпараст, 332 тонна биринҷ, 4981 тонна меваи тар ва 41 258 тонна меваи хушк содирот гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 115 фоиз то 5,3 маротиба зиёд мебошад. То якуми июн майдони боғу токзори нав дар ҷумҳурӣ 9744 гектарро  ташкил дод.

Тавре иттилоъ гирифтем, ба хотири пешгирӣ намудани паҳншавии малах ва ташкили муборизаи кимиёвӣ бар зидди он дар асоси фармоиши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ситоди якҷояи ҷумҳуриявӣ» аз ҳисоби мутахассисони вазорат, сарраёсатҳо ва раёсатҳои кишоварзии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъсис ёфта, фаъолият мекунад.  Масъулин иттилоъ доданд, ки вобаста ба гарм омадани обу ҳавои зимистони сипаришуда малах афзоиш ёфта, айни ҳол дар майдони 103 ҳазор гектар паҳн шудааст.

Шариф Атобуллоев, «Садои мардум»

 

Дороиҳои «Амонатбонк» 40 фоиз зиёд шудааст

Раиси раёсати БДАТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова натиҷаҳои фаъолияти ин муассисаи молиявии давлатиро дар нимсолаи аввали соли равон ба журналистон бозгӯйӣ намуд. Айни замон бонк ба 6372 муассисаи буҷетӣ, 623000 нафақагир ва 364000 нафар амонатгузор хизмат мерасонад. Сармояи умумии он дар ин давра 15,6  фоиз зиёд гардида, ба 171,7 миллион сомонӣ расидааст. Нуктаи ҷолиб он аст, ки давоми шаш моҳи соли равон дороиҳои (активҳои) муассисаи молиявии фавқуззикр  40 фоиз афзуда, ҳоло 1,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ БДАТ  «Амонатбонк» раванди пешниҳоди қарзро ба бахшҳои гуногуни ҷомеа вусъат бахшидааст. Масалан, давоми нимсолаи аввали соли равон ба 10866 нафар ба маблағи 135,5 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 47,1 фоиз зиёд аст.

Бино ба гуфти Гулнора Ҳасанова, тайи муддати зикршуда фаъолияти бонк дар самти ҷалби амонатҳо низ тавсеа ёфта, айни замон ҳаҷми умумии амонатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар бонк гузошта шудаанд, 957,6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Теъдоди дорандагони кортҳои пардохтии бонк ба 255000 нафар расидааст. Маълум шуд, ки ҳоло дар 16 шаҳру навоҳии мамлакат пардохти нафақа тавассути кортҳои пардохтӣ ҷараён дошта, дар оянда густариш бахшидани ин раванд аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонк муайян шудааст. Дар сатҳу сифати баланд роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои барои тарафайн судманд ба муассисаҳои бонуфузи молиявии хориҷӣ замина фароҳам овардааст, ки давоми муҳлати зикршуда ба бонк 131,9 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шавад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

 

Ба расмият даромадани 9458 сертификати ҳуқуқи истифодаи замин

Маҳмудҷон  Хабиров – директори Муассисаи Маркази татбиқи «Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин» дар нишасти матбуотӣ  зикр кард, ки тавре маълум аст, бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Умумиҷаҳонӣ  муҳлати татбиқи Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри заминро ба муддати се сол дароз кард.

Созишномаи Грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ 16 марти соли 2012-ум  ба имзо расид. Тибқи ин Созишнома маблағгузории иловагӣ  аз 1 апрели соли 2012 то 31 марти соли 2015 пешбинӣ гардидааст.

Арзиши умумии марҳилаи нави татбиқи Лоиҳа 10 млн. 18,75 ҳазор доллари ИМА мебошад, ки 10 млн. доллари онро Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд  тавассути Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад. Саҳми ҷомеаи деҳот 18 ҳазору  750 доллар мебошад. Бояд хотиррасон  кард, ин 10 миллион доллар грант, яъне маблағи бебозгашт аст, ки Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба кишвари мо ҷиҳати татбиқи барнома ҷудо кардааст.

Мақсади асосии барнома азнавташкилдиҳии  ташкилотҳои кишоварзӣ ва ба низом даровардани бақайдгирии давлатии молу мулки ғайри манқул ва ҳуқуқҳо ба он мебошад.

- Дар давоми нимсолаи якуми соли равон ҳамагӣ дар доираи Лоиҳа 9458 адад Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба расмият дароварда шуд. Ҳамчунин ҳоло 3728 адад парвандаи заминсозӣ дар истеҳсолот буда, дар ин самт кор давом дорад,- идома дод Маҳмудҷон Хабиров.

Мавсуф ҳамчунин оид ба самтҳои дигари фаъолияти Лоиҳа- корҳои геодезию харитасозӣ, иттилоотӣ-маърифатӣ, ташкили ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об  ва ғайра маълумот дод.

Н. Солеҳов, «Садои мардум»

 

Фаъолияти «Тоҷиксуғурта» назаррас аст

-Тавассути андешидани тадбирҳои судманд, тибқи маълумотҳо, нақшаҳои пешбинишуда дар шаш моҳи соли равон бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид. Аз рӯйи ҳамаи намудҳои суғурта 30 миллиону 554 ҳазору 100 сомонӣ маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ ворид гардида, нақшаи пешбинишудаи нимсолаи якум 116,9 фоиз иҷро шуд,-иттилоъ дод муовини якуми директори генералии  Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев зимни нишасти матбуотӣ.

Мавсуф дар идома зикр кард, ки маблағҳои суғуртавии воридгардида 21 миллиону 684 ҳазору 900 сомонӣ ба намуди ҳатмӣ ва 8 миллиону 869 ҳазору 200 сомонӣ ба намуди ихтиёрии суғурта тааллуқ дошта, мутаносибан 112,1 ва 103,4 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.  КВД «Тоҷиксуғурта» давоми  нимсолаи аввали соли 2013 ба 7 ҳазору 316  нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст,  6 миллиону 107 ҳазору 500 сомонӣ ҷуброни зарар пардохт намуд. Инчунин номбурда афзуд, ки бо мақсади ворид шудан ба бозори  байналмилалии суғурта ва таъмини кафолати талофи ҷуброни зарар ҳангоми расидани осеб ба ҳаёт ва саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони ба хориҷа сафаркунанда, шартномаҳои ҳамкорӣ бо Ширкати суғуртавии Ҷумҳурии Қазоқистон «Евразия», Бимаи марказии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ширкати хизматрасонии «БАЛТ АССИСТАНТС ЛТД»-и Федератсияи Россия баста шудааст. Дар ҷавоб ба пурсиши рӯзноманигорон оид ба шикояти шаҳрвандон аз пардохти маблағи ночиз ҳангоми зарурат, масъулин гуфтанд, ҳар нафаре, ки сари вақт ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро пешниҳод намуда буд, зарари дидаашро КВД «Тоҷиксуғурта» ҷуброн кардааст. Ғайр аз ин, дар вақти суғурта кардани молу амвол арзиши онро ниҳоят паст нишон дода, маблағи ночизе пардохт менамоянд, ки ҳангоми зарурат пули дар ҳуҷҷатҳо нишондодаашон ҷуброн мешавад, на арзиши аслӣ.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

  

Ҳолати ошкоршавии ҷиноятҳо беҳтар гардид

Аз гузориши вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов маълум шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2013 дар ҷумҳурӣ 10361 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,1 фоиз ё 957 ҷиноят зиёд мебошад.

Дар самти мақомоти корҳои дохилӣ сатҳи ҷинояткорӣ дар умум мутаносибан  ба ҳамин давраи соли гузашта  11,2 фоиз, яъне  аз 7952 то 8844 ҳолат зиёд гардида бошад ҳам, ошкоршавии он беҳтар гардида, 93,1 фоизро ташкил медиҳад.

Давоми сол 12 нафар  аъзои ташкилотҳои террористии Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, 11 нафар  аъзои ҷамоати «Ансоруллоҳ», се нафар аъзои ташкилоти террористии «Ҷундуллоҳ» ва як нафар аъзои «Ҳизб-ут-Таҳрир» дастгир карда шуданд. Инчунин чор нафар аъзои гурӯҳи «Раҳимов Абдулло» бо тахаллуси Мулло Абдулло, ки 11 ҷиноят содир кардаанд, дастгир карда шуд.

Аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву  555 кг моддаҳои нашъаовар, аз ҷумла 152 кг героин, 149 кг 505 гр афюн, 669 кг гурӯҳи бангдона, 584 кг ҳашиш мусодира карда шудааст.

Дар ин давра аз аҳолӣ 769 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла 109 адад автомат, 149 адад  таппонча, 139 адад  милтиқ  ва карабин, 33 адад дигар намуди силоҳи рахпеч, 298 адад силоҳҳои суфтамил, 41 адад найзакорд ва миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ мусодира гардид.

Аз 2 декабри соли 1994 то ҳамин давра  шумораи силоҳи мусодирагардида 36140 ададро ташкил медиҳад.

Дар шаш моҳи соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ 596 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 20 ҳолат зиёд мебошад. Бар асари садамаҳои нақлиётӣ 191 нафар фавтида, 655  нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Аз ҷониби БДА 483046 қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳҳо  ошкор карда шудааст.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»