Аз нишастҳои матбуотӣ

№12 (3313) 26.01.2015

Суғд: соли 2015 «Соли фарҳанг» эълон шуд

Нишасти навбатии матбуотии муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ бо иттилои  натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2014 оғоз гардид.

Соли гузашта тибқи қарори раиси вилояти Суғд «Соли роҳҳои обод» эълон шуда буд. Абдураҳмон Қодирӣ бобати иҷро шудани ин қарор, дар қаламрави вилоят ба роҳ монда шудани сохтмони роҳҳо, таҷдиду таъмири роҳҳо, вазъи тақсими қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба аҳолӣ, эъмори шаҳракҳои нав андешаҳои худро баён дошта, арз кард ки дар соли 2015 барои ин корҳо боз 32 миллион сомонӣ ҷудо хоҳад шуд.

Дар мавриди эҳёи ҳунарҳои қадима раиси вилояти Суғд гуфт, ки дар ин давра 21 адад муассисаҳои таълимӣ ташкил шуда, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳфилҳои омӯзиши рӯзгордорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ гардида, бомуваффақият амал мекунанд.

Бино ба гуфтаи Абдураҳмон Қодирӣ, соли 2015 дар қаламрави Суғд «Соли фарҳанг» эълон гардида, дар ин сол таваҷҷуҳ ба рушди ин соҳа бештар гардида, сохтмону обод кардани як қатор иншоот дар назар аст.

-Имсол Наврӯзи байналмилалӣ дар вилояти Суғд бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил хоҳад гашт. Ба ин муносибат доир намудани як силсила чорабиниҳо дар назар аст. Аз ин рӯ, омодагиҳо ба таҷлили ботантанаи ин ид босуръат идома дорад,-гуфт раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ.

Сипас, намояндагони воситаҳои ахбори омма саволҳои худро матраҳ карда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

 Ҳ. Назрулло,«Садои мардум»

Тамоюли афзоишро касб намудани ҷалби пасандозҳо бо пули миллӣ

Ба наздикӣ нишасти матбуотии навбатии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат дар соли 2014, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, сатҳи таваррум, тавозуни пардохт, пасандозҳо, қарзҳои додашуда, рушди низоми бонкӣ, қурби пули миллӣ, ҳаҷми пулҳои захиравӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди  таваҷҷуҳи журналистон қарор гирифтанд. Дар раванди саволу ҷавоб маълум гардид, ки дар соли 2014 меъёри таваррум 7,4 фоизро ташкил додааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,7 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи номбурда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 9,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 2,9 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 6,5 фоиз ба миён омад.

Дар робита ба ин нукта, раиси Бонки миллии Тоҷикистон   А. Ширинов иброз намуд, ки тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2014 сатҳи таварруми аслӣ (бе дарназардошти таъсири омилҳои беруна, мавсимӣ ва маъмурӣ) 2,9 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 1,6 банди фоизӣ зиёд аст. Номбурда  аз ҷумла зикр намуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ афзоиши фишорҳои қурбии берунӣ мушоҳида гардид, ки ин, пеш аз ҳама, ба омилҳои берунӣ-иқтисодӣ ва ноустувории рушди иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии савдо вобастагӣ дорад.

Иттилоъ гирифтем, ки  шумораи ташкилотҳои қарзӣ дар охири соли гузашта 138 ададро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ шумораи бонкҳо як адад ва филиалҳои онҳо 17 адад зиёд гардидааст. Мувофиқи маълумоти масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2014 бақияи умумии пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ нисбат ба соли гузашта 19,2 фоиз афзуда, 6,7 млрд. сомониро ташкил намуд.

Дар ҷараёни  нишаст зикр шуд, ки ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо мутаносибан 34,3 ва 65,7 фоизро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла ҳаҷми бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо пули миллӣ 33,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

 Далер Мерганов, «Садои мардум»

Сифати хизматрасонӣ беҳтар гардид

 - Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2014 таҳти №481, бо мақсади таъмини идораи самараноки фаъолияти иқтисодию молиявии ҶСК «Тоҷик Эйр» ба уҳдаи Холиқов Рустам Исуфович-директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳамзамон иҷрои ваколатҳои директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» вогузор карда шуд. Дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат нишасти матбуотии ин ду ниҳод дар як вақт гузаронида мешавад,- иттилоъ дод котиби матбуотии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Муҳаммадюсуфи Шодӣ.

Пеш аз нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма аз терминали нави фурудгоҳ дидан намуданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими соли сипаригардида ба истифода додани терминали нави фурудгоҳ барои мусофирон  арзёбӣ гардид, ки  ифтитоҳи расмии он 3 сентябри соли 2014 бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон доир гардид. Давоми соли 2014 фурудгоҳи мазкур ба 1,3 миллион мусофир хизмат расонид. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки боиси ташвиши ҳамешагӣ қарор дорад, сари вақт наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағочи мусофирон ба шумор меравад. Дар соли 2014 вобаста ба ин масоил 2090 эрод ворид шудааст ва тавре масъулин иброз доштанд, ҳамаи онҳо баррасӣ ва қонеъ гардонида шуданд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ толорҳои интизорӣ ва бақайдгирии мусофирон аз нав таъмиру таҷдид гардида, таҷҳизоти нави ҳозиразамон насб шуд. Оғози сохтмони терминали боркашонӣ, сохтмони майдони назди аэровокзал, васеъ намудани хизматрасониҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими фурудгоҳ дар соли 2015 мебошанд.

Иттилоъ гирифтем, ки қисмати аъзами мушкилоте, ки дар ҶСК «Тоҷик Эйр» мавҷуд буданд, ҳалли худро пайдо карданд. Парвози мунтазами тайёраҳои ширкат таъмин гардид.

Дар як муддати кӯтоҳ барои таъмиру тармими техникаи мавҷуда корҳои зиёде анҷом дода шуд,- иброз намуд Рустам Холиқов.

Ҳиссаи  ҶСК «Тоҷик Эйр» дар ҳаҷми умумии мусофиркашонӣ мисли як соли пеш 34,2 фоизро ташкил дод. Аз хизматрасониҳои ширкат дар соли гузашта 370 ҳазору 956 мусофирон истифода бурданд.  Соли гузашта  тариқи ҳавопаймоҳои ширкат 984,9 тонна бор интиқол ёфт, ки дар муқоиса ба нишондиҳандаҳои соли 2013-ум 6,9 фоиз зиёд мебошад.

Аз охири моҳи ноябри соли 2014 ширкат парвозҳоро дар хатсайрҳои Қӯрғонтеппа-Москва( се маротиба дар як ҳафта) ва Хуҷанд-Истанбул (як маротиба дар як ҳафта) оғоз кард.

Бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ҶСК «Тоҷик Эйр» тасмим дорад хатсайрҳои Душанбе-Гуанҷоу-Душанбе, Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷандро роҳандозӣ кунад.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Мавҷудияти рақобат-боиси беҳбудии фаъолият

-Шароити имрӯза ва рақобат тақозо менамояд, ки роҳҳои наву самарабахши фаъолият пайдо карда шавад. Мо кӯшиш менамоем, ки сифати хизматрасониро баланд бардошта, барои мусофирон сабукиҳо  биёрем, то онҳо аз нақлиёти нисбатан арзону қулай истифода баранд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалиев.

Ин масъаларо шарҳ дода, мавсуф баён дошт, ки  ба тоҷирон, соҳибкорону кишоварзони ватанӣ барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 20 фоиз то 50 фоиз, барои интиқоли алюминий 50 фоиз ва қуми кварсӣ 20 фоиз сабукӣ пешниҳод шуд. Барои мусофирони қатораҳои роҳи оҳани Тоҷикистон 30 фоиз ва дар асоси созишнома байни маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия ба мусофироне, ки пешакӣ билет мехаранд, то 40 фоиз сабукӣ дода мешавад.

Соли 2014 ҳаҷми боркашонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» нисбат ба соли 2013-ум 87 ҳазор тонна зиёд шуд. Аз ҷумла давоми сол тавассути қатораҳо 168 ҳазору 32 тонна маҳсулоти кишоварзӣ кашонида шуд. Теъдоди мусофироне, ки дар ин давра бо қатораҳо сафар карданд, 455 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Айни замон ба самти Федератсияи Россия қатораҳои мусофирбари «Душанбе-Москва» (ҳафтае се маротиба), «Хуҷанд-Москва» (ҳафтае як маротиба) ҳаракат мекунанд. Бинобар кам будани мусофирон дар хатсайри «Душанбе-Конибодом» ҳаракати қатораҳо муваққатан боздошта шуд. Дар дохили ҷумҳурӣ қатораи наздишаҳрии «Душанбе-Пахтаобод» ҳар рӯз ҳаракат мекунад.

Журналистон ба рафти сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон низ таваҷҷуҳ карданд. Роҳбарон ва масъулони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд, ки ҳоло дар ин самт корҳо бомаром ва мувофиқи нақша ҷараён дошта, техника ва қувваи корӣ мерасад. Анҷоми сохтмон соли 2016 дар назар дошта шудааст, вале имкон аст се-чор моҳ пеш аз муҳлат корҳо иҷро шаванд.

 Б.Исматуллоҳ, «Садои мардум»

Ба деҳқонон бояд ҳамаҷониба кумак расонд

- Дар раванди таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техника ва таҷҳизоти зарурӣ мунтазам дастуру супоришҳо медиҳад. Фаъолияти мо ба амалӣ гардидани ин нақшаҳо ва иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат равона гардидааст,- гуфт дар ифтитоҳи нишасти матбуотӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии (КВДҶ) «Тоҷикагролизинг» Саидмурод Хайриддинов.

Аз нишондиҳандаҳои фаъолият дар соли 2014 бармеояд, ки корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла соли гузашта ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ тракторҳои тасмачарх ва тракторҳои хурд барои коркарди байни қатори боғҳо аз хориҷа харидорӣ ва дар дохили кишвар тариқи лизинг ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод гардид.

Соли 2014 аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ 19213670 сомонӣ ба корхона ворид гардидааст, ки нисбат ба соли пешин зиёд аст. Аз ин ҳисоб 109 адад техника ва 90 адад таҷҳизоти дигари зарурӣ харидорӣ гардид. Дар давраи ҳисоботӣ ба 128 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) 128 адад техника ва 99 адад таҷҳизот ба маблағи 15 055 908 сомонӣ ҷудо карда шуд. С.Хайриддинов ҳамзамон иброз дошт, ки аз рӯи мушоҳида  ва таҳлилҳои мутахассисон талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба техникаю таҷҳизоти зарурӣ зиёд аст. Боз 120 хоҷагии деҳқонӣ хоҳиши гирифтани техникаро доранд. Имрӯз дар 33 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият карда, ба кишоварзон аз шудгори замин то мавсими ҳосилғундорӣ ва заминагузорӣ ба ҳосили оянда  ёрӣ мерасонанд.

КВДҶ «Тоҷикагролизинг» барои ҷалби сармоя, харидорӣ, интиқоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ҳамкориҳои судмандро бо корхонаю ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Корхонаи истеҳсолии техникаҳои кишоварзии «Ростселмаш», Ширкати «Клевер»-и Федератсияи Россия, КВД «Мадад», ҶСШП «Агротехсервис»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

 Б. КАРИМ, «Садои мардум»

Масоҳати ҷангалзор меафзояд

Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматзода Азизулло Убайдулло зимни ҷамъбасти фаъолияти солона иброз дошт, ки давоми соли 2014 дар муассисаҳои зерсохтори Агентӣ  1233 гектар ҷангалзори нав бунёд гардида, 752 гектар ҷангалзорҳо барқарор карда шуданд. Дар ин давра хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ 2285,5 ҳазор кӯчати ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва буттаҳоро парвариш намуда, 1037,3 ҳазор ниҳолҳои аз ду то панҷсоларо барои фурӯш тайёр карданд.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки соли 2014 аз тарафи кормандони хоҷагиҳои ҷангал 2030  санадҳо оид ба қонунвайронкунӣ ба маблағи 456 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст. Бино ба гуфти мавсуф, ба ҳолати 1 январи соли равон ташкилоту муассисаҳои тобеи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  114 тонна чормағз, 56 тонна писта, 97 тонна меваи хушк, 723 тонна ғаллагиҳо, 199 тонна сабзавот ва полезиҳо, 286 тонна картошка,  40 тонна меваи хуч, 15,2 тонна асал ва дигар маҳсулоти  ҷангал истеҳсол намуданд.

Иттилоъ гирифтем, ки ҳамасола дар мавсими ҷамъоварии  маҳсулоти худрӯйи ҷангал аз 6 то 10 ҳазор шаҳрвандон ба кор ҷалб карда мешаванд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»