Аз нишастҳои матбуотӣ

№106 (3407) 08.08.2015

723367968Харҷи маблағҳои буҷетӣ таҳти назорати доимӣ қарор доранд

Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар давоми шаш моҳи соли 2015 дар вазорату кумитаҳо, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ҷамъ 192 санҷиши аудиторӣ гузаронида шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 110 адад зиёд мебошад. Дар натиҷаи санҷишҳо ба маблағи 85 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 70,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла аз ҳисоби истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо 86 млн. 66 ҳазор сомонӣ, истифодаи исрофкоронаи маблағҳо ҳашт млн. 200 ҳазор сомонӣ, талафи беасоси захираҳои ташкилотҳои қарзӣ 28 млн. 500 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби кам ба нақша гирифтани даромадҳо, бо сабаби ба инобат нагирифтани манбаъҳои андозбандӣ 25 млн. 152 ҳазор сомонӣ ошкор гардид.

Дар рафти санҷишҳои аудиторӣ маблағи 18 млн. 491 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд, ки он 21,8 фоизи зарари ошкоргардидаро ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии барқароршуда ба Буҷети давлатӣ 14 млн. 299 ҳазор сомонӣ ва ба корхонаву муассисаҳо 4 млн. 192 ҳазор сомонӣ баргардонида шуд.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»

Бекоршавии ақди никоҳ 124 ҳолат кам гардид

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода дар нишасти матбуотӣ  аз ҷумла зикр намуд, ки дар ин давра 89 аризаи хаттӣ ва 631 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон  ба қайд гирифта, аз ҷониби раиси Кумита 234 нафар шаҳрвандон қабул шуданд. Муроҷиатҳо бештар ба масоили гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ, хушунати оилавӣ, вайроншавии оилаҳо, тақсимоти амвол, пайдо намудани ҷойҳои корӣ, таъмин шудан бо ҷойи зист, дастрасии қарзҳои имтиёзнок, расонидани кумакҳои молиявӣ ва моддӣ марбутанд.

Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки мувофиқи маълумотҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 33384 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9915 адад кам мебошад. Бекор кардани ақди никоҳ бошад, 4539 ҳолатро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 124 ҳолат кам аст. Ҳодисаҳои ба худкушӣ даст задани занон тибқи маълумотҳои омории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 145 ададро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли 2014 ҳашт адад кам мебошад. Дар ин давра 208 ҳолати зӯроварӣ дар оила ба қайд гирифта шуд. Аз ин рӯ, дар назди Кумита машваратгоҳи равоншиносон ташкил ва телефони боварии Кумита фаъол шудааст. Бо мақсади бештар фаро гирифтани аҳолӣ бо машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонии ройгон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ теъдоди Марказҳои машваратӣ — иттилоотиро ба 110 адад расонидем, — гуфт Махфират Хидирзода.

Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 10 марти соли 2012 таҳти № 92 тасдиқ шудааст, дар нимсолаи аввали соли 2015 як қатор корҳоро амалӣ намуд. Бо мақсади иҷрои Барномаи мазкур ва ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ, таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо масъулини Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ занону духтарон ба омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ, омӯзиши барномаҳои компютерӣ ҷалб гардиданд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум» 

Муштариёни алоқа сол то сол зиёд мешаванд

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сохторҳои зертобеи он барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуд. Дар оғози нишаст муовини сардори Хадамот Татяна Холматова оид ба натиҷаҳои шашмоҳаи аввали соли 2015 маълумот дод.

Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки ҳаҷми хизматрасонии алоқа бо дарназардошти операторони хусусӣ 1 миллиарду 234,2 миллион сомониро дар бар мегирад. Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ ба маблағи 739 миллион сомонӣ  ва хизматрасонии алоқа ба шахсони имтиёздор аз тарафи оператори миллии алоқаи барқӣ ба маблағи 224,7 ҳазор сомонӣ расонида шуд.

Дар нимсолаи аввали соли равон шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 11 миллиону 535711 нафарро ташкил намуд, ки аз он 6,5 миллион нафарашон фаъол мебошанд. Шумораи истифодабарандагони Шабакаи интернет бошад, якҷо бо истифодабарандагони интернети мобилӣ 3,4 миллион нафарро ташкил намудааст.

Доир ба фаъолияти КВД «Поҷтаи Тоҷик»  директори он Алишер Мирзоев изҳор дошт, ки ҳоло шумораи умумии шуъбаҳои алоқа 577 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 491 ададаш фаъолият мекунад. Имрӯз 86 шуъбаи алоқаи шаҳру навоҳии кишвар бо сабабҳои гуногуни техникӣ аз фаъолият мондаанд. Муассиса дар шаш моҳи соли равон нақшаро 110,3 фоиз иҷро намудааст. Дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми муросилоти почта 866 ҳазор килограммро ташкил кард.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»   

Кишоварзӣ рушд меёбад

ҷрои нақшаи қисми даромади буҷет дар шаш моҳи соли 2015 аз ҳисоби андозҳои худӣ дар сатҳи 92 фоиз таъмин гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети ноҳия 2497915 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 307915 сомонӣ зиёд мебошад,- гуфт ба рӯзноманигорон дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Нуробод Дӯстзода Ҳасан.

Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорон ба Буҷети давлатӣ 155078 сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки 92,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар ноҳия 661 нафар соҳибкор ба қайд гирифта шудааст, ки 180 нафар бо патент ва 45 нафар бо шаҳодатнома, инчунин 436 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият дорад. Дар ин давра бо мақсади рушди соҳибкорӣ аз тарафи филиалҳои бонкҳо дар ҳаҷми 6062506 сомонӣ қарзҳои миёнамуҳлати имтиёзнок дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1936054 сомонӣ кам мебошад.

Комёбиҳо дар соҳаи кишоварзӣ сол аз сол зиёд буда, имсол дар ноҳия 2288 нафар дар соҳаи кишоварзӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб карда шуданд. Соли ҷорӣ тибқи дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ дар майдони 4503 гектар кишт гузаронида шуд.

Бо мақсади таъмини кишоварзон бо оби полезӣ канали «50-солагии Тоҷикистон» аз таъмири асосӣ баромад. Дастоварди муҳим ба фаъолият шурӯъ намудани пойгоҳи обкашии Пандовчӣ мебошад, ки солҳои зиёд таъмирро надида буд.

Картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзони ноҳия мебошад. Соли ҷорӣ майдони кишти картошка дар ноҳия васеъ гардид. Картошкапарварон дар майдони 633 гектар картошка кишт карданд, ки нисбати соли гузашта 122 гектар зиёд мебошад. Обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида ва дашту ҳамвор намудани онҳо имконият медиҳад, ки картошкапарварон дар таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ бо картошкаи хушсифат саҳм гузоранд.

Яке аз масъалаҳои дигар, ки мавриди таваҷҷуҳи журналистон қарор дошт, кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи зериобшавандаи НБО-и «Роғун»  маҳсуб меёфт. То имрӯз аз ин минтақаҳо ба шаҳраки Дарбанд 359 хоҷагӣ, ба ноҳияи Рӯдакӣ 261 хоҷагӣ, ба шаҳри Турсунзода 372 хоҷагӣ ва ба ноҳияи Данғара 256 хоҷагӣ кӯчонида шуданд.

Имсол сохтмони 24 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора шаш иншоот то ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум».

Дастовардҳо назаррасанд

- Нимсолаи аввал фаъолияти ман ба ҳайси раиси ноҳия аз вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, фаъолзанон, ҷавонон, эмом — хатибони масҷидҳо ва фаъолони шаҳраку деҳот оғоз шуд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшоҳ Холиқ.

Давоми шашмоҳаи аввали соли равон нақшаи андоз бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 105 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 12 миллиону 230 ҳазору 685 сомонӣ ба буҷет 12 миллиону 883 ҳазору 393 сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 652 ҳазору 708 сомонӣ зиёд мебошад.

Қарзи музди  меҳнат дар соҳаҳои буҷетӣ мавҷуд набуда, дар ин давра музди миёнаи меҳнати кормандон дар як моҳ ба 491,0 сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,0 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рашт 2335 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки аз ин 814 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, 165 нафар ҷавонон ба филиали Муассисаи давлатии «Маркази омӯзишии калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт ба курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, кафшергарии газию барқӣ ва оператори компютер равона карда шуданд. 65 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар  шуда, ба 20 нафар барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ қарзҳои имтиёнок дода шудааст. Ба 30 нафар ҷавононе, ки аз хизмати ҳарбӣ баргаштаанд, шахсони аз  ҷои кор озодшуда ба маблағи 8000 сомонӣ кумакпулӣ дода шудааст.

Мувофиқи барномаи тасдиқшуда соли 2015 дар ноҳия бояд 3500 ҷой корӣ таъсис дода шавад ва давоми нимсолаи аввал 2518 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки 72 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ноҳия фаъолона иштирок мекунанд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рашт давоми шаш моҳи соли 2015 ҷиҳати татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим як қатор корҳоро иҷро намудааст.

Дар чемпионати Осиёи Миёна оид ба каратэ — до, ки 22 феврали соли равон дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд байни наврасон баргузор гардид, шаш нафар варзишгарони ноҳия ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла ду медали тилло, се медали нуқра ва як медали биринҷӣ ноил гардиданд.

Давоми моҳҳои феврал — марти соли равон толори варзишии шаҳраки Ғарм бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, барои машқу тамрини ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 57 миллиону 909 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2014- ум 2 миллиону 57 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар мавсими киштукори баҳорӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳия дар майдони 2293 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст. Дар ин давра дар майдони 948 гектар ё нисбат ба соли гузашта 90 гектар зиёд кишти ғалладонагӣ, дар майдони 1004 гектар ё нисбат ба соли гузашта 149 гектар зиёд картошка, дар майдони 152 гектар ё нисбат ба соли гузашта 17 гектар зиёд кишти сабзавот гузаронида шудааст.

Дар ин давра майдони умумии кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1865 гектар расонида шудааст, ки нисбат ба  соли гузашта 195 гектар зиёд мебошад.

Дар давраи мавриди назар дар майдони 108 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд, ки нисбат ба нақша — дурнамо се маротиба зиёд мебошад.

Иттилоъ гирифтем, ки соли 2015 дар ҳудуди ноҳия иҷро намудани корҳои таъмирию сохтмонӣ дар 54 иншоот ба маблағи 46 миллиону 752 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»

«Тоҷиксуғурта» ҳамкориро бо ҷумҳуриҳои дигар густариш мебахшад

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он фаъолияти нимсолаи аввали соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Директори генералии корхонаи мазкур Сатторӣ Аловуддин Мирзо дар гузориши хеш, аз ҷумла зикр намуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» фаъолияти кории худро бо ду шакли суғурта-суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ амалӣ мегардонад. Имрӯз корхона аз рӯи 28 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат расонида истодааст, ки аз онҳо 13 намудаш суғуртаи ҳатмӣ ва 15 намудаш суғуртаи ихтиёрӣ мебошад.

Бо андешидани тадбирҳои судманд аз ҷониби роҳбарияти корхона шашмоҳаи аввали соли 2015 бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст шуд. Дар ин давра аз рӯи ҳамаи намудҳои суғурта 29 миллиону 911 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ ворид гардида, нақшаи пешбинишуда 103 фоиз ва аз рӯи намудҳои ихтиёрии суғурта 138 фоиз иҷро гардид. Маблағи ҳаққи суғуртавӣ аз ҳисоби намудҳои суғуртаи шахсони ҳуқуқӣ 856 ҳазор сомонӣ, суғуртаи ҳаёт 266 ҳазор сомонӣ, суғуртаи ихтиёрии ҳодисаҳои нохуш130 ҳазор сомонӣ, суғуртаи ҳатмии ҳодисаҳои нохуш 43500 сомонӣ ва суғуртаи тиббӣ 14 ҳазор сомонӣ зиёд ворид гардидааст. Аз маблағҳои ҳаққи суғуртавии дар ин давра воридшуда 63,3 фоиз ба намудҳои ҳатмии суғурта  ва 36,7 фоиз ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб мебошанд. Аз маблағҳои ҳаққи суғуртавии дар ин давра воридшуда 6 миллиону 226 ҳазор сомонӣ ба 7749  нафар ашхоси молу амволашон нобуд ва ё вайронгардида, инчунин ба шаҳрвандони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида ҳақгузорӣ карда шуд.

Дар шаш моҳи соли равон корхона бо 641ҳазору 134 ашхоси воқеиву ҳуқуқӣ шартномаҳои суғуртавӣ бастааст, ки аз ин миқдор 166 ҳазору 513 адад  ба шартномаҳои намудҳои ҳатмии суғурта ва 474 ҳазору 621 адад ба шартномаҳои намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 ҳазору 155 адад ё 6,4 фоиз зиёд мебошад.

Роҳбарияти КВД «Тоҷиксуғурта» ба масъалаҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, тарбияи кадрҳои ҷавон  ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод намудани занону духтарон диққати аввалиндараҷа медиҳад. Айни ҳол ҳайати умумии кормандони корхона 1065 нафарро ташкил медиҳад, ки 315 нафарашон занҳо мебошанд.

Корхона дар ин давра ба мактаб-интернати ятимони деҳаи Арали ноҳияи Восеъ, ки сарпарастии онро ба зимма дорад, 4500 сомонӣ ва ба кӯдакону наврасони ятим, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳои камбизоат, пиронсолону маъюбон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ба андозаи 51ҳазору 500 сомонӣ кумаки моддӣ расонидааст.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи суғурта байни роҳбарияти КВД «Тоҷиксуғурта», ҶДММ «Брокери суғуртавии Скала»-и Федератсияи Россия ва Ширкати брокерии «Мой брокер»-и Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрӣ доир гардид. Дар оянда ташкилотҳои мазкур тибқи шартномаҳои азнавсуғуртакунӣ омодаанд уҳдадориҳои суғуртавиро ба зимма гирифта, пардохтпазирии корхонаро дар назди суғурташавандагон таъмин намоянд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»