Аз нишастҳои матбуотӣ

№97-99 (3082-3084) 01.08.2013

Тафтиш зарари зиёди молиявиро ошкор намуд

Аз гузориши директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаттоҳ Саидов маълум гардид, ки бо мақсади таъмини хароҷоти мақсадноку  шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми  молиявӣ, мақомоти назорати давлатии молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, марказҳои идораи барномаҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ 684 тафтишу санҷиш  гузаронида, ба маблағи 146,8 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум 45,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз маблағи умумии зарари ошкоргардида 8,9  млн. сомониро камомад  ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, 20,5 млн. сомониро пардохти беасоси музди меҳнат, нафақаю ҷубронпулӣ ва сафархарҷиҳо, 27,2 млн. сомониро изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, 12,3 млн. сомониро зарар аз иҷораи амволи давлатӣ, 29,9 млн. сомониро талафи воситаҳои пулию молӣ, 47,9 млн. сомонӣ маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо ташкил медиҳанд.

Дар давраи сипаригашта аз ҷониби воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 769 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ошкор карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 161- тои онҳоро ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ташкил медиҳад, 402 ҷинояти тасарруфи амволи ғайр бо роҳи азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва қаллобӣ, 47 ҷинояти сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 48 ҷинояти гирифтан ва додани пора, панҷ адад ришвадиҳии тиҷоратӣ ва 19 адад гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯйӣ мебошанд.

Ҷиҳати пешгирии хариду фурӯш, истифодаи ғайриқонунии замин 90 ҳолати ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шуд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

 

Сифати хизматрасонӣ беҳтар гардида истодааст

Қариб ҳар як нишасти матбуотӣ дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ғайриоддӣ мегузарад. Ин дафъа пеш аз нишаст сардори дафтари матбуотии фурудгоҳ  Муҳаммадюсуфи Шодӣ ҷамъи хабарнигоронро ба сайри иншооти муҳим- терминали нав даъват кард. Дар майдони сохтмонӣ ҷараёни корҳоро муҳандиси шуъбаи сохтмони фурудгоҳ Одил Бобоев шарҳ дод:

-Сохтмони терминали нави фурудгоҳ барои мусофирон дар асоси нақшаи тасдиқгардида идома дорад ва айни ҳол 50 фоизи корҳо анҷом ёфтаанд. Аз ҷониби пудратчӣ – Ширкати сохтмонии «VINCI»-и Фаронса тавораҳои оҳану бетонӣ, қафасҳои зинапоя ва шахтаҳои лифт тайёр карда, корҳои оид ба насби сохторҳои оҳанӣ ва бетонрезии шоҳтирҳои таҳкурсӣ ба ҳаҷми умумии 193 метри мукааб ба анҷом расонида шудаанд. Дар бунёди ин терминал 25 нафар мутахассисони хориҷӣ ва 110 нафар коргарони маҳаллӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд. Арзиши умумии сохтмон 41 миллиону 600 евроро ташкил мекунад. Мувофиқи нақша терминали нави замонавӣ моҳи декабри соли 2014 мавриди истифода қарор мегирад ва он дар як соат ба 500 мусофир хизмат мерасонад.

Баъдан, ба хабарнигорон имкон дода шуд, ки бо фаъолияти тамоми хадамоти фурудгоҳ дар нуқтаҳои гузариши мусофирон аз наздик шинос шаванд. Зери таассуроти зиёд ҷамъомад аз суолу ҷавоб шуруъ гардид. Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов, муовини ӯ Азиз Иброҳимов ва сардорони хадамоти дар фурудгоҳ амалкунандаи амният, гумрук, милитсия, муҳоҷират ва сарҳадбонон ба суолҳои зиёди хабарнигорон посух доданд. Аз рафти нишаст ва маълумотномаи муфассали ба хабарнигорон пешниҳодшуда маълум гардид, ки коллективи фурудгоҳ дар давраи нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои хуби истеҳсолиро ҷиҳати баланд бардоштани сифат ва самаранокии кор ба даст овардаанд. Аз ҷумла маблағи умумии дар давоми шаш моҳи аввали соли 2013 ба ҳисоби буҷети давлатӣ гузаронидаи фурудгоҳ 26,7 миллион сомониро ташкил додааст (дар ҳамин давраи соли гузашта 26,3 миллион сомониро ташкил дода буд).

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 

Қарзи хориҷӣ ба 25,3 фоизи ММД рост меояд

- Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти рушди молияи давлатӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои берунӣ, ноустувории бозори молиявии ҷаҳонӣ ва инчунин буҳрони молиявию иқтисодӣ, ки тӯли солҳои охир як қатор давлатҳои минтақаи Аврупоро фаро гирифтааст, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва таъмини иҷрои Буҷети давлатӣ мусбӣ арзёбӣ гардидаанд, -иброз дошт вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов.

Дар ин давра ҳаҷми Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ  15,8 млрд. сомониро ташкил дода, афзоиши реалии он ба 7,5 фоиз баробар гардид, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Меъёри таваррум муътадил нигоҳ дошташуда, 1,6 фоизро ташкил намуд.

Дар ин давра иҷрои нақшаи даромади Буҷети давлатӣ ба андозаи 101,0 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми умумии даромади он 5,2 млрд. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба нақша 48,4 млн.сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 929,1 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Иттилоъ гирифтем, ки қисми хароҷоти Буҷети давлатӣ дар доираи воридоти воқеии даромади буҷет амалӣ гардида, иҷрои он ба андозаи 92 фоиз таъмин ва ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 4,6 млрд.сомонӣ равона гардидааст.

Хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ — 2,8 млрд. сомониро ташкил намуд, ки зиёда аз 50 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Маблағгузории соҳаҳои маориф 99 фоиз, нигоҳдории тандурустӣ  94 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  94 фоиз, фарҳанг ва варзиш 93 фоиз таъмин шудааст.

Ҳаҷми умумии қарзи берунаи мамлакат, тибқи суханони Сафаралӣ Наҷмуддинов  ба 1 июли соли 2013  маблағи 2131,9 млн. доллари ИМА ё ин ки ин ба 25,3 фоизи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ баробар мебошад. Аз ҷумла қарзи бевоситаи давлатӣ, ки хизматрасонии он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад, ба 1 930,20 млн. доллари амрикоӣ баробар буда, 22,9 фоизи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

 

Гузариш ба ҳисобкунакҳои кортӣ талаботи замон аст

Давоми шашмоҳаи аввали соли 2013 дар ШСХК «Барқи Тоҷик» 7,0 млрд. кВт/соат неруи барқ истеҳсол гардидааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 264 млн. кВт/соат кам мебошад. Тавре дар нишасти матбуотӣ муовини раиси ширкати «Барқи Тоҷик» Абдулло Қурбонов зикр намуд, яке аз сабабҳои асосии нисбатан коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ аз тарафи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар қиёс ба соли гузашта ба миқдори 485,1 млн. кВт/соат кам шудани истифодабарии энергияи барқ мебошад. Содироти энергияи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ бошад, дар нимсолаи аввали соли равон 361,7 млн. кВт/соатро ташкил додааст. Дар ин давра асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барқ интиқол дода шудааст.

Ҳамзамон дар нишаст атрофи насби  дастгоҳҳои нави ҳисобкунакҳои электронии кортӣ, яъне ҳисобкунакҳои пешпардохти барқӣ  сухан рафт, ки дар даври аввал ба ширкати «Барқи Тоҷик» 20 ҳазор адад чунин навъи таҷҳизот ворид шуда, қисман дар ноҳияи  Рӯдакӣ насб шудааст. Қисми дигараш дар шаҳри Кӯлоб насб мешавад. Инчунин бо қувваи худи шабакаҳои барқии минтақаҳои ҷанубӣ дар шаҳри Сарбанд ҳудуди ду ҳазор адад насби ҳисобкунакҳои нави электронии кортӣ оғоз шудааст, ки мутобиқи он  мизоҷон маблағи истифодаи қувваи барқро пешпардохт карда, ба исрофи энергия роҳ намедиҳанд.

Масъулини ШСХК «Барқи Тоҷик» бо боварӣ дар мавриди истифодаи ҳисобкунакҳои кортӣ изҳор доштанд, ки ин навъи  таҷҳизоти муосир дорои ду асбоби пешгирисозандаи садамавӣ дорад ва бартарии дигари асбобҳои ченкунии нав дар он аст, ки дар ҳуҷраю ҳавлиҳо, корхонаю муассисаҳое, ки чунин ҳисобкунак гузошта шудааст, ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ аз байн меравад.

 Хайрулло ШАРИПОВ, «Садои мардум»

Пешниҳоди рӯзноманигорон ба назар гирифта мешавад

Нишасти навбатии матбуотии раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал аз посухи натиҷаи саволҳои дар нишасти қаблии матбуотӣ пешниҳоднамудаи рӯзноманигорон ва аз рӯйи онҳо андешидани чораю тадбирҳои зарурӣ бо мақсади иҷрои амалиашон аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят оғоз гардид. Воқеан, андешидани чораю тадбирҳои мушаххас ба пешниҳоду дархосту суолҳои рӯзноманигорон ҳангоми нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба ҳукми анъана даромадааст. Маҳз натиҷаи чунин суолу пешниҳод ва аз ҷониби раиси вилояту дигар масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ андешидани чораҳои зарурӣ буд, ки солҳои охир дар Хатлонзамин осорхонаи вилоятӣ, китобхонаи вилоятӣ, муассисаҳои соҳаи маориф, тиб, фарҳанг ва иншооти варзишӣ бунёд гардиданд. Чунончӣ, дар яке аз нишастҳои қаблӣ аз ҷониби рӯзноманигорон пешниҳод гардида буд, ки дар ҳудуди вилоят матбааҳои ҳозиразамони табъу нашр бунёд гарданд. Ин пешниҳод ба назари эътибор гирифта шуд ва тибқи қарори раиси вилоят барои бунёду таъмиру бо техникаи ҳозиразамони чопӣ таҷҳизонидани матбааи шаҳри Кӯлоб беш аз 400 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Аз моҳи июни соли равон инҷониб чандин рӯзномаҳои маҳаллӣ дар ин матбааи ҳозиразамон бо сифати хуб чоп мегарданд. Ҳамчунин барои таъмири бинои матбааи шаҳри Қӯрғонтеппа ва ворид намудани техникаю таҷҳизоти ҳозиразамони чопӣ тибқи қарори раиси вилоят 450 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Ғайбулло Авзал ҳамзамон дар бораи дастовардҳои заҳматкашони вилоят дар шаш моҳи сипаришудаи соли равон, ҳамчунин вазифаҳои дар назди масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят гузошташуда ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Аз ҷумла зикр намуд, ки нақшаи панҷсолаи бунёди боғу токзорҳо дар чор сол иҷро гардид. Дар шаш моҳ дар ҳудуди вилоят 77 адад корхонаю коргоҳҳои нав сохта ба истифода дода шуданд. То имрӯз дар вилоят беш аз 369 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 56,6 ҳазор тонна зиёд аст. Минбаъд дар вилоят ба таъмиру тармим ва таъминоти интернатҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ -техникӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъмиру бунёди пойгоҳу нассосҳои обкаш, бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти ниҳойӣ диққати зарурӣ дода мешавад.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

  

Истеҳсоли тиллову нуқра меафзояд

Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати муовини аввали вазир Пӯлод Муҳиддинов нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он натиҷаи ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2013 баррасӣ шуд.

Дар посух ба пурсиши рӯзноманигорон Пӯлод Муҳиддинов зикр намуд, ки тӯли ин давра 153 корхонаи баланси мустақилдоштаи нав ва корхонаҳое, ки дар соли 2012 фаъолият надоштанд, аз ҷумла дар системаи вазорат 71 корхона ба кор дароварда, дар корхонаҳои системаи вазорат беш аз 3465 ҷойи кор ташкил ва барқарор шуд.

Теъдоди умумии корхонаҳои саноатие, ки дар ин давра фаъолият накардаанд, 161 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора тақрибан 110 корхона самти фаъолияташонро тағйир дода ва ё давоми беш аз ду сол боз фаъолият надоранд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»  ба маблағи 42,4 млн. сомонӣ, КВД «Тоҷиксемент» ба маблағи 88,6 млн. сомонӣ ва корхонаҳои пахтатозакунӣ ба маблағи 73,6 млн. сомонӣ, дар маҷмуъ аз ҳисоби ҳамин корхонаҳо ба маблағи умумии 204,6 млн. сомонӣ ва ё 4,6 фоизи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ кам шудааст.

Тибқи маълумоти П. Муҳиддинов, истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла тиллову нуқра, тадриҷан рӯ ба афзоиш аст. Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввал 993 килограмм тилло истеҳсол шудааст. Ин нишондод дар шашмоҳаи соли гузашта 859 килограммро ташкил медод. Аз моҳи январ то июни соли равон дар ҷумҳурӣ  855 килограмм  нуқра истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 40 килограмм зиёд мебошад.

Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум»

  

Дар ҷумҳурӣ бекоршавии ақди никоҳ афзудааст

Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи     назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар кумита 152 аризаи хаттӣ ва 199 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 14 нафарашон мардон мебошад.

Дар ҷумҳурӣ солҳои охир бақайдгирии бемории ВИЧ/СПИД афзудааст. Теъдоди он дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар 470 нафарро ташкил намуд, ки 182 нафарашон занон, 54 нафарашон кӯдакони то синни 14 -сола мебошанд. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи гирифторони ин беморӣ дар байни занон 21 нафар зиёд гаштааст.

Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ  дар ин давра  42151 ҳолати сабти никоҳ ва 4107 ҳолати  бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Бекоршавии ақди никоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81 адад зиёд мебошад. Ҳамзамон дар ин давра теъдоди худкушию худсузӣ ба  311 адад расид, ки аз ин 164 ҳолати он аз ҷониби занону духтарон, 34 ададаш аз ҷониби  ноболиғон содир шудааст.

-Тибқи маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират нисбати дастгирии занон дар доираи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012 – 2015» давоми шашмоҳаи  соли ҷорӣ ба агентӣ 29683 нафар занон барои дарёфти ҷойи кори доимӣ муроҷиат намудаанд, ки аз онҳо 17902 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, ба 13125 нафар мақоми бекорӣ  дода шудааст. Инчунин 7155 нафар занони корҷӯй ба касбомӯзӣ сафарбар гашта, ба 229 нафар кӯмакпулӣ дода шуд,- гуфт дар поёни нишаст  С. Тағоева.

 Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»

 

Инфраструктураи маҳал беҳ мегардад  

Дар нишасти матбуотии  Муассисаи давлатии Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» директори марказ Ғоиб Давлатов изҳор дошт, ки  мақсади асосии лоиҳа дастгирии соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани истеҳсолоти кишоварзӣ, тақвият додани инфраструктураи маҳал ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагонии аҳолии деҳот, баррасии масъалаҳои беҳдошти чарогоҳҳо, мусоидат дар пешбурди сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ривоҷи соҳибкорӣ ва беҳтар намудани ҳолати муҳити зист мебошад.

Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 23,3 миллион доллари ИМА буда, он аз 14 сентябри соли 2007 то 31 марти соли 2014 амал мекунад. Татбиқи лоиҳа ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Файзобод ва шаҳрҳои Ваҳдату Роғунро дар бар мегирад. Бино ба гуфти Ғоиб Давлатов,  Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» давоми шаш моҳи соли равон дар қитъаи намоишдиҳии хӯроки чорво дар 21,1 гектар кишти қатраборон ва дар 3,7 гектар кишти юнучқа гузаронидааст. Майдони 8 гектар ғизо дода, дар 18 гектар саксавул, изен, чогон ва қатраборон кишт кардаанд. Инчунин дар майдони 20,8 гектар дарахтони гуногун ва буттаву нимбуттаҳо шинонида шудааст. Нақшаи идоракунии чарогоҳҳо омода гардидааст, ки майдони қариб 85 000 гектар чарогоҳро фаро мегирад.  Дар ин давра ба деҳаи Тахти Алифи деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод хати оби нӯшокӣ кашида шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 1300 нафар истиқоматкунандагони деҳа бо оби тозаи нӯшокӣ ва 50-60 гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ бо об таъмин шуданд. Инчунин барқарор кардани канали байнихоҷагии деҳаи Навободи деҳоти Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат ба  анҷом расид, ки аз он зиёда аз 120 хоҷагии деҳқонӣ истифода мебаранд. Дар ин давра ду пул дар ноҳияи Рӯдакӣ  барқарор карда шуд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

 

 «Тоҷикматлубот» ба зимистон омодагӣ мебинад

Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2013 ташкилоту муассисаҳои соҳа фаъолияти самаранок доштанд.

Ҳаҷми муомилоти чаканаи мол 72,3 миллион сомониро ташкил намуда, аз рӯйи ҳамаи намуди андоз ба буҷети кишвар 18,6 миллион сомонӣ маблағ пардохт  гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли 2012-ум 4,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Корхонаҳои истеҳсолии соҳа ба маблағи 11,5 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карданд.

Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти №122 аз 30 марти соли 2013 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2013-2014» чораҳои зарурӣ андешида, захира намудани сабзавоти тару тоза, пиёз, картошка, мева, маҳсулоти ғаллагӣ, зироатҳои полезӣ, маҳсулоти консервагӣ ва дигар номгуйи сабзавотро ба роҳ мондааст. Барои зимистони соли 2013-2014 захираи 28,3 ҳазор тонна ангишт ба        нақша гирифта шуда, то имрӯз  ба миқдори 22 ҳазор тонна шартномаҳо ба мувофиқа расидааст.

Корхонаю муассисаҳои соҳа бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар истеҳсолкунандагон барои харид  ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ 504 шартномаи тарафайн бастанд, ки ҳаҷми онҳо 29,6 ҳазор тоннаро ташкил менамояд.

- Мо аз оғози соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар 9304 тонна сабзавот, меваи тар ва хушк, маҳсулоти чормағзӣ  содирот  кардем, — илова намуд раиси Раёсат.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»

 

 Нақби нотамом ва суръати тези корҳо дар роҳи Душанбе-Турсунзода

-Мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-  сарҳадаи Ӯзбекистон як моҳ пеш рафта истодааст. То кунун ҳашт километри роҳ аз тарафи Турсунзода ва аз самти Ҳисор ду километр мумфаршнамойӣ иҷро шудааст, – зикр намуд директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мухтор Неъматов.

Ба қавли номбурда, мувофиқи созишномаи грантие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дорад, инчунин барои таҷдиди роҳи мазкур 120,0 млн. доллари ИМА маблағи грантии Бонки Осиёии Рушд ва 11,2 млн. доллари ИМА ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст. Аз ин миқдор маблағ барои корҳои сохтмонӣ 86,6 млн. доллар сарф мешавад, ки то кунун  35 миллионаш аз худ карда шудааст.

Ҳамзамон дар нишаст атрофи барқароркунии қитъаи роҳҳо зикр шуд, ки роҳи мазкур аз даҳ адад кӯпрук иборат буда, аз дарвозаи ғарбӣ то шаҳри Турсунзода бо паҳноии 25,5 метр ва ҳаракати  чорхатаи нақлиёт бо дараҷаи якум ва аз минтақаи Турсунзода то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо паҳноии 15 метр ва ҳаракати духатаи       нақлиёт бо дараҷаи дуюм кор идома дорад.

Дар нишаст атрофи мушкилоти корҳои нотамом дар нақби «Истиқлол» зикр гардид, ки  Ҷумҳурии Исломии Эрон уҳдадориҳои худро иҷро карда натавонист ва ширкати эронии «Собир Интернейшл» бо сабаби  камбуди маблағ аз моҳи феврал инҷониб корҳои сохтмониро дар  нақб қатъ намудааст.

Х. АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»

 

 Таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии таҳсилот дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

- Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нахустин таълимгоҳи олии ҷумҳурӣ мебошад, ки дар сохтори он Маркази ҳамоҳангсозии таҳсилот ба забони хориҷӣ оид ба модели аврупоии таҳсилот таъсис дода шуд. Дар заминаи он гурӯҳҳои академии таълимаш бо забони англисӣ таъсис ёфт. Теъдоди донишҷӯёни таълимгоҳ дар соли 2013 беш аз 6300 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо дар шароити татбиқи низоми кредитӣ аз рӯйи зиёда аз 20 ихтисос таълим гирифта истодаанд. Аз ин шумора имсол 1076 нафар донишҷӯ донишгоҳро хатм намуданд.  Ҳоло дар донишгоҳ беш аз 250 нафар омӯзгорон ба фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифта шудаанд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Нуралӣ Шоев.

Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки садорат баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва дастгирии донишҷӯёни ташаббускор ҳамеша кӯшиш менамояд. Дар ин давра толибилмони мо дар як қатор олимпиадаҳои фаннӣ байни донишҷӯёни ҷумҳурӣ ширкат варзида дониши мукаммал нишон доданд. Теъдоди зиёди онҳо ғолиби озмунҳо шуданд.

Ҳамкории донишгоҳ тибқи созишномаҳои баимзорасида бо як силсилаи муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия самаранок ба роҳ монда шудааст.

Дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ва истифода аз имкониятҳои факултети муштараки тоҷикӣ- россиягӣ, ки дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб амал мекунад, аз ҳисоби маблағҳои буҷети донишгоҳҳои Федератсияи Россия имконияти барои Тоҷикистон тайёр намудани мутахассисони болаёқат фароҳам омадааст. Аз ҷумла ҳоло дар муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия 760 нафар донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои техникӣ дар шаҳрҳои Иваново, Кострома, Ярославл ва Воронеж таҳсили худро идома дода истодаанд. Дар доираи имкониятҳои молиявӣ ва ҳамкориҳо бо барномаҳои байналмилалии таълимӣ дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 40 нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузаштанд ва маҳорати касбии худро сайқал додаанд. Рӯзи 29 июни соли равон дар донишгоҳ Маркази мониторинги рақобатпазирии донишҷӯйи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар бозори озоди меҳнат таъсис дода шуд. Ин марказ дорои сомонаи махсус мебошад, ки дар он ному насаби беҳтарин донишҷӯён вобаста аз дараҷаи рақобатпазириашон дарҷ мегардад ва тавассути ин сомона толибилмони донишгоҳ ба корфармоёни оянда муаррифӣ карда мешаванд.

 Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум»

 

 Болоравии нархи маҳсулот сабабҳои гуногун дорад

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи аксарияти маҳсулот, аз ҷумла орд, гандум, сӯзишворӣ дар бозори дохилӣ,  пеш аз ҳама, аз тағйирёбии нарх дар давлатҳои истеҳсолкунанда, афзоиши нархи хизматрасонии нақлиётӣ, номуназзамии таҳвил, инчунин характери мавсимӣ доштани ташаккулёбии нархҳои баъзе намудҳои маҳсулот вобастагӣ дорад.

Тибқи маълумоти гумрукӣ ба мамлакати мо  ғалла асосан аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда мешавад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 298,4 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 355 долларӣ  барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,6 (298,4-344) ҳазор тонна ё бо нишондиҳандаи 13,3 фоиз кам мебошад, — зикр намуд дар  нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамдам Тағоймуродов.

Мувофиқи маълумоти дастрасгардида нархи миёнаи орди навъи  якуми истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон бо вазни 50 кг дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 140 то 145 сомонӣ, дар бозори шаҳри Хуҷанд 138-140 сомонӣ, дар бозори шаҳри Қӯрғонтеппа аз 145 то 150 сомонӣ ва нархи миёнаи орди якуми истеҳсоли ватанӣ бо нархи 145,3 сомонӣ ба фурӯш бароварда шудааст,- афзуд мавсуф.

Бо ин тартиб Ҳамдам Тағоймуродов ҳамчунин оид ба воридоти сӯзишворӣ (маҳсулоти нафтӣ), доруворӣ (фармасевтӣ), истеҳсоли ангишт дар конҳои ҷумҳурӣ, алоқаи барқӣ, хизматрасонии соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, танзими монополияҳои табиӣ, риояи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ғайра маълумоти муфассал дод.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,  «Садои мардум»

 

 «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба чоп омода аст

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймуддинов зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи  забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки кумита  китоби  «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро дар таҳияи даҳ нафар донишмандони шинохтаи забоншинос ба дасти чоп супурдааст. Дар он қоидаҳои имло ва истилоҳоти бегонаи  хоси забони тоҷикӣ набуда, аз нигоҳи илмиву таърихӣ  ислоҳ ва исботи худро ёфтааст.

Номбурда зикр намуд, ки аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷуз Тоҷикистон давлатҳои боқимонда фарҳанги имлояшонро чоп кардаанд.

Бо пешниҳоди Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар тайи солҳои охир номи корхонаҳову муассисаҳо ва хиёбону рустоҳо, аз ҷумла 114 муассиса ва корхонаро бинобар мавҷуд будани иштибоҳот ислоҳ кардаанд. Танҳо зимни як санҷиши махсус дар шаҳри Хуҷанд 37 корхонаву муассиса ошкор гардид, ки дар номгузорӣ ба иштибоҳ роҳ додаанд, ки ифодагари забони тоҷикӣ ва суннати миллӣ нестанд. Масалан,  «Олами гӯшт», «Олами либос», «Пулатов скулз Хуҷанд», қаҳвахонаи  «Буваҷон», «Қӯянбирён», «Чойхонаи поплавок», «Шарқ Оил», «Нек транс», «Нур кабел», «Салон плюс», «Данко», «Кошона груп»  ва ғайра, ки мухолифи забони давлатӣ мебошанд.

Дар ҷамъбасти нишаст профессор Д. Саймуддинов  рӯзноманигоронро даъват кард, ки бо Кумитаи  забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамкории зич дошта бошанд, то тавонанд  якҷоя  мушкилоти мавҷударо бартараф намоянд.

Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»

 

 

Муштариёни алоқаи мобилӣ -9,9 миллион нафар

Муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Татяна Холмуродова фаъолияти нимсолаи мақомоти мазкурро бозгӯӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки дар ин давра тавассути субъектҳои хоҷагидории алоқаи ҷумҳурӣ ба корхонаву ташкилотҳо ва аҳолӣ ба маблағи1064,7 миллион сомонӣ хизмат расонида шудааст. Мавсуф дар идома иброз дошт, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ зиёда аз 9,9 миллион (аз ин рақам 60 фоизаш фаъол), алоқаи собит 360 ҳазор ва Интернет якҷоя  бо истифодабарандагони интернети мобилӣ 3,8 миллион нафарро ташкил медиҳад. Масъулини Хадамоти алоқа доир ба фаъолияти Почтаи Тоҷик сухан гуфта, аз ҷумла зикр карданд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 555 шуъбаи алоқаи почта фаъолият дошта, тавассути онҳо ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ хизмат расонида шудааст.

Доир ба саволи рӯзноманигорон оид ба сари вақт нарасидани матбуоти даврӣ ба дасти муштариён масъулин иброз доштанд, ки масъала ҳалшаванда аст ва дар давраҳои наздик кӯшиш менамоянд, ки мушкилоти зикршуда роҳи ҳаллашро ёбад. Дар охир ба саволи як нафар хабарнигор бобати иҷрои супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ (18-01-2012 №1) оид ба насби як миллион телефони  хонагӣ масъулин гуфтанд, ки то имрӯз ба оилаҳои камбизоат ба миқдори  185 ҳазор телефонҳо насб ва ба истифода дода шудаанд.

А. Шариф, «Садои мардум»

  

Нишондодҳо тамоюли зиёдшавӣ доранд

-Маҷмуи Маҳсулоти Дохилии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 15856,9 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2032,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Рушди воқеии ММД дар давраи ҳисоботӣ ба 7,5 фоиз баробар гардид, -иттилоъ дод Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номбурда дар идома афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ рушди ММД аз ҳисоби рушди соҳаи саноати кишвар дар сатҳи 106,6 фоиз, кишоварзӣ 112,1 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 109,3 фоиз, савдои чакана 113,2 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 108,4 фоиз таъмин гардидааст.

Аз рӯйи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатии истихроҷ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1.8 маротиба зиёд гардида, рушди асосии соҳа асосан аз ҳисоби ду маротиба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли ангишт таъмин гардидааст. Тадбирҳои қабулгардида вобаста ба фароҳам овардани фазои сармоягузорӣ, беҳбуд ёфтани тартиби пешниҳоди имтиёзҳо ва ҳимояи сармоягузорӣ барои ҷалби ҳар чӣ бештари сармоягузориҳо ба иқтисоди миллӣ мусоидат намуд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 55 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии лоиҳавии 2045,3 миллион доллари ИМА татбиқ гардида истодааст.

Шариф Раҳимзода ҳамчунин гуфт, ки аз аввали соли ҷорӣ ҳаҷми содирот тамоюли пастравӣ дошт, ки он асосан аз коҳиш ёфтани нарх-ҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти асосии содиротии кишвар-алюминий ва нахи пахта вобастагӣ дорад.

- Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолӣ 1,6 фоизро ташкил дод. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ  болоравии сатҳи таваррум аз ҳисоби боло рафтани нархҳо ба маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 1,1 фоиз, ғайриозуқа-  2,8 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ -2 фоиз ба вуҷуд омадааст.

 Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

 

Амалиёти «Кӯкнор — 2013» бомуваффақият анҷом ёфт

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров зимни нишасти матбуотӣ  зикр кард, ки  давоми бист соли охир дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 99 тоннаву 208 кг маводи мухаддир,  аз ҷумла 32,5 тонна героин, 36,1 тонна афюн, 29,1 тонна маводи мухаддири гурӯҳи каннабис мусодира карда шудааст.

Дар нимсолаи аввал аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 537 ҷиноят оид ба  гардиши  ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 4,3 фоиз камтар мебошад. Дар ин давра нуҳ нафар, ки барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир,  ки дар  ҷустуҷӯйи байнидавлатӣ қарор доштанд, дастгир карда шуданд. 17 нафар барои ҳуқуқвайронкунии марбути гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд   ва  аз онҳо ба манфиати  давлат дар ҳаҷми 10900 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Дар рафти амалиёти «Кӯкнор- 2013», ки аз 20 май то 15 июли соли равон гузаронида шуд,  аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 787 кг  маводи нашъадор,  аз ҷумла 31 кг героин, 223 кг афюн ва 533 кг маводи мухаддири гурӯҳи каннабис  мусодира гардидааст.

- Аз тарафи Агентӣ  ҳафт амалиёти муштараки байналмилалӣ, аз ҷумла  бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон панҷ амалиёт доир гашт, ки 259 кг маводи мухаддир, аз он  ҷумла 239 кг афюн, 19 кг бангдонаи гурӯҳи каннабис мусодира шуд. Инчунин дар музофоти Бадахшони Афғонистон як лаборатория, ки бо истеҳсоли маводи мухаддир машғул буд, нобуд  ва шаш қочоқчӣ  дастгир  карда шуд.- афзуд Рустам Назаров.

Соли гузашта бори нахуст  дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе  62 кг маводи психотропии  метамфитанин мусодира гардид.

Ҷиҳати назорати гардиши қонунии маводи  нашъадор, моддаҳои психотропӣ дар муассисаҳои тиббӣ, дорухона ва корхонаҳои саноатӣ 15 санҷиш гузаронида шуд.

 Шарофати БОБОҶОН, «Садои мардум»