Аз нишастҳои матбуотӣ

№15 (3495) 04.02.2016

нишастҲадафи стратегӣ амалӣ шуд

Яке аз ҳадафҳои стратегӣ — аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ки ба рушди иқтисодиёт мусоидат менамояд, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардид, — гуфт вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода  дар суҳбат бо хабарнигорон.

Номбурда таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Турсунзода, Айнӣ – Панҷакент ва сохтмони пул аз болои дарёи Ванҷоб дар километри 456 — уми роҳи автомобилгарди байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ — Мурғоб – ағбаи Қулмаро, ки аҳамияти муҳими стратегӣ доранд, аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими соли 2015  номид. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар ин давра 115 лоиҳаи гуногунҳаҷм бо маблағи умумии 632,1 миллион доллари ИМА мавриди татбиқ қарор гирифтанд. Яке аз корҳои дигари муҳиме, ки дар соли сипаришуда иҷро гардид, таъмиру таҷдиди нақби «Истиқлол» маҳсуб меёбад.

Вазири нақлиёт саҳми соҳибкорони ватанӣ ва аҳли ҷамоатчигиро дар таъмиру азнавсозии роҳҳо махсус таъкид кард. Зикр гардид, ки дар давраи мавриди назар аз ҳисоби онҳо 72 километр роҳ таъмир ва 1558 километр роҳҳои маҳаллӣ шағалпӯшу таъмири ҷорӣ ва 12 адад пул бо дарозии 379 метр таъмиру барқарор гардиданд.

Аз маълумотномаи пешниҳодгардида маълум шуд, ки соли 2015  ҳаҷми бору мусофиркашонӣ дар бахши нақлиёти автомобилӣ барзиёд иҷро гардидааст. Давоми сол тавассути нақлиёти автомобилӣ  75 миллиону 988 ҳазор тонна бор кашонида, ба 568  миллиону 988 мусофир  хизматрасонӣ шуд.

Б. КАРИМЗОДА,«Садои мардум»

 1117 нафар муҷозот шуданд

- Барномаи корҳои омории соли 2015, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда буд, пурра иҷро гардид, — изҳор дошт директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда, ҳамчунин зикр кард, ки дар доираи фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ дар якҷоягӣ бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Тартиби баҳисобгирии захира, коркарди пахта ва фурӯши маҳсулоти пахта» омода ва тасдиқ карда шуд.

Инчунин иброз гардид, ки барои истифодаи усули муосири коркарди маълумоти оморӣ, пешниҳоди ҳисоботи электронии оморӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳафт шакли ҳисоботи оморӣ корҳо амалӣ гардида истодааст. Пешниҳоди ҳисоботи электронӣ аз якуми июли соли 2015 ҷорӣ шуда, айни замон  марҳилаи дуюми азнавкунии феҳристи корхонаҳои буҷетӣ дар шаҳри Душанбе  ба поён расид, ки  барои ба пуррагӣ ворид кардани субъектҳо шароит фароҳам меоварад.

Қайд гардид, ки соли сипаришуда 1117 нафар корманди мақомоти омори маҳалҳо бинобар роҳ додан ба камбудиҳо ҳангоми пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

Иҷрои қонунҳо таҳти назорати доимист

Дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти ниҳоди мазкур ва судҳои ҷумҳурӣ дар соли 2015 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2016 маълумоти муфассал дода шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки соли 2015 ба судҳои ҷумҳурӣ 15885 ариза оид ба баҳсҳои гражданӣ ворид  гардид. Аз ин шумора 14253 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар маҷмӯъ, шумораи парвандаҳои граждании моҳиятан баррасишуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 2224 адад зиёд  шудаанд.

Соли 2015 ба судҳо 9918 парвандаи ҷиноятӣ ворид шуда, аз ин шумора 9247 парванда баррасӣ гардида, 7860 парванда нисбат ба 9852 шахс бо баровардани  ҳукм ҳал шуда, пешбурди 925 парванда нисбат ба 1067 шахс қатъ карда, бо 13 парванда чораҳои хусусияти тиббидошта татбиқ, 394 парванда аз рӯи тобеияти судӣ ирсол ва 55 парванда нисбат ба 79 шахс ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шудааст.

Дар ин давра доир ба таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» корҳои муайян ба сомон расонида шуд. Ба дастгоҳи Шӯрои адлия дар ин давра 1090  арзу шикоят ворид гардид.

Аз муроҷиатҳои баррасишудаи шаҳрвандон 319 ададаш ба ҳаракатҳои судяҳо, 296-тои он  оид ба сари вақт баррасӣ накардани парвандаҳо, 101 адад  норозӣ будан бо санадҳои судӣ, 209 адад доир ба самтҳои дигари фаъолияти судҳо ва 24 — тои он оид ба иҷро нашудани санадҳои судӣ мансуб мебошанд.

Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»  

 Норасоии мутахассисон — мушкили асосӣ

Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Мурод Сангов зимни суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки донишкада муассисаи навтаъсис буда, таъмини он бо мутахассисони соҳибунвон то ҳанӯз пурра ҳал нагардидааст.

Шумораи устодони дорои унвони илмӣ кам мебошад, ки ба талаботи банди 3.44-и меъёрҳои аккредитатсияи инстутсионалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ нест. Дар 101 воҳиди кории мавҷудбуда 34 омӯзгори штатӣ, 52 ҳамкори дохилӣ ва 33 ҳамкори беруна фаъолият менамоянд. Яъне, таъмини кадрӣ бо дарназардошти ҳамкорон 85 фоизро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, 13 воҳиди корӣ  дар сатҳи донишкада бидуни корманд (вакансия) мебошад.

- Дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта ба аспирантон ва магистрон такя менамоем, ки теъдоди онҳо ба 20 нафар расидааст. Чор нафари онҳо дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ мебошанд.

Соли сипаригашта 14 нафар барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри  Томски Федератсияи Русия равон карда шуданд.

Ҳоло дар сохтори донишкада чор факултет, 14 кафедра амал карда, аз рӯи 15 ихтисос ба 2000 донишҷӯ касб омӯзонида мешавад.

Дар донишкада 1128 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 929 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд, ки 1348 нафарашон тариқи буҷетӣ ва 709 нафар тариқи шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

- Роҳбарият ва кормандони донишкада барои такмил додану беҳтар намудани раванди таълим кӯшиш менамоянд, — гуфт дар хотима М. Сангов.

Д. МИРЗО, «Садои мардум»

Болоравии нархи орд «айб»-и  доллари има аст

Раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар натиҷаи таҳлилу омӯзиши маълумоти дастрасгардида Феҳристи субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозор мавқеи ҳукмфармо доранд, таҷдиди назар шуд. Шаш субъекти хоҷагидор бо сабаби аз даст додани мавқеи ҳукмфармоӣ аз он бароварда, 11 субъекти дигар шомил карда шуд.

Соли 2015 ба ҷумҳурӣ 858,9 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 285 доллари ИМА барои як тонна ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 10,8 фоиз зиёд аст. Бозори мазкур рақобатпазир буда, 102 субъекти хоҷагидор иштирокчии он мебошанд.

- Дар ин давра ба ҷумҳурӣ 140,4 ҳазор тонна орд бо нархи миёнаи 407 доллари ИМА барои як тонна ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2014-ум 48,6 ҳазор тонна кам мебошад. Ҳаҷми умумии бозори орд бо дарназардошти истеҳсоли худӣ 593,3 ҳазор тоннаро ташкил додааст, — афзуд номбурда.

Болоравии нархи ордро дар давраи мавриди назар Саъдӣ Қодирзода аз болоравии қурби доллари ИМА дар қиболи сомонӣ арзёбӣ намуд.

Дар ин росто, бо мақсади танзим намудани фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ нархномаҳои кору хизматрасониҳои аксар субъектҳо таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»