Бозори кор

Ба Қазоқистон аз хориҷа чӯпон меоранд

№141 (4247) 19.11.2020

БАРАНТибқи иттилои сомонаи nur. Kz, фермерҳои вилояти Қазоқистони Шимолӣ аз норасоии чӯпонон изҳори ташвиш мекунанд. Женисбек Қорибоев 25 сол боз ба гӯсфандпарварӣ машғул буда, 5600 сар гӯсфанд дорад. Ӯ иброз доштааст, ки агар норасоии чӯпонон намебуд, шумораи гӯсфандонро аз ин ҳам бештар кардан мумкин буд. Номбурда аз ноҳия чӯпон пайдо накард. Аз ин рӯ, аз Қирғизистони ҳамсоя чӯпононро ба кор даъват намуд.  Чӯпонони қирғиз бо хушнудӣ даъватро пазируфтанд, зеро дар Қазоқистон нисбат ба ватанашон чор маротиба бештар маош мегиранд.

Ҳарчанд моҳонаи чӯпон 300000 танга ва як гӯсфанд (мукофот) аст, вале ҷавонони қазоқ ба чӯпонӣ майл надоранд. Ба гуфти Женисбек Қорибоев, агар ин раванд идома ёбад, соҳаи чорводории Қазоқистон зарар мебинад.

Якчанд коршиноси соҳаи кишоварзии Қазоқистон мақсад доранд, ки ба мақоми қонунгузории кишвар  пешниҳод намоянд, то ба ашхоси хоҳишманди гӯсфандпарварӣ барои дастрасӣ ба замин ва қарзи имтиёзнок  мусоидат карда шавад. Ҳамчунин,  бунёди корхонаҳои пашму пӯст низ дар назар аст.

Аз рӯи маълумоти Маркази рушди захираҳои меҳнатии Қазоқистон, ҳоло дар ин ҷумҳурӣ норасоии кормандони соҳаи роҳсозӣ, пешхизмат, кафшергар, сантехник- челонгар, санитар ва бинокорон ба назар мерасад. Баръакс, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, иқтисодчӣ, техник — барномасоз, муаллимони тарбияи ҷисмонӣ, забону адабиёти қазоқ, фелдшер, техник — технолог, эколог ва мутахассиси соҳаи молия дар Қазоқистон аз талабот зиёдтаранд.

Хуб мешуд, масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтоёни  қазоқистонӣ дар ин самт ҳамкориро вусъат дода, дар бобати фиристодани мутахассисони соҳаҳои зикршуда шартнома банданд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»