Баҳодур Қурбониён: ҳамкорӣ ба тавсеаи фаъолият мусоидат намуд

№5 (3485) 12.01.2016

1 (7)Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз соли 1992 ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият дорад. Ҷамъияти мазкур дар саросари кишвар 65 бахши маҳаллӣ, чор бахши ҳудудӣ, 190 нафар корманд, зиёда аз 3500 нафар аъзо, зиёда аз 6000 нафар ихтиёриён ва 621 ташкилоти ибтидоӣ дошта, ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ кумак менамояд. Чанде пеш Маркази «King Salman humanitarian aid & relief centre» — и Арабистони Саудӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба аҳолии аз сел ва заминҷунбии соли гузашта зарардидаи ВМКБ кумаки башардӯстона намуд. Доир ба ин мавзӯъ бо Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Баҳодур Қурбониён суҳбат намудем, ки фишурдааш пешкаши хонандагон мегардад.

- Огоҳ шудем, ки чанде пеш  маркази «King Salman humanitarian aid & relief centre»-и Арабистони Саудӣ ба шахсони аз офатҳои табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт кумак намудааст. Хоҳишмандем дар оғоз оид ба раванди ҳамкорӣ бо ин ташкилоти хайриявӣ маълумот диҳед.

- Фаъолияти Маркази «King Salman humanitarian aid & relief centre»-и Арабистони Саудӣ ба дастгирӣ намудани табақаҳои ниёзманд, аз ҷумла онҳое, ки дар натиҷаи ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода зарар дидаанд, нигаронида шудааст. Марказ 31 майи соли 2015 таъсис шудааст ва яке аз фондҳои бузурги хайриявӣ ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии фаъолияти марказ, ки аз ҷониби подшоҳи Арабистони Саудӣ таъсис ёфтааст, пеш аз ҳама, расонидани кумаки байналмилалӣ ва густариши фаъолияти дӯстона мебошад.

Ҳамкории Ҷамъияти  Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо ин марказ 4 декабри соли 2015 оғоз шуд. Вақте ки дар шаҳри Женева Конференсияи 32-юми Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баргузор гардид, дар он намояндагони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон низ ширкат карда, бо намояндагони Ҳилоли Аҳмари Арабистони Саудӣ вохӯрӣ доштанд. Дар ин вохӯрӣ  масъала ба миён гузошта шуд, ки ба табақаҳои ниёзманд, аз ҷумла шахсоне, ки моҳи декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз заминҷунбӣ зарар дидаанд, кумаки башардӯстона расонанд. Намояндагони маркази мазкур бо масъулини Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо вохӯрӣ намуданд ва тасмим гирифта шуд, ки маводи ба сифати кумаки башардӯстона пешниҳодшаванда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон харид ва ба табақаи ниёзманд дастрас шавад. Кумаки аввалини ташкилоти мазкур ба ВМКБ 28 декабри соли 2015 равон карда шуд. Ба ниёзмандон 3391 кӯрпаи гарм, 200 печкаи махсус барои гармидиҳӣ, 20 тонна ангишт, 216 бастаи хӯрокворӣ, аз ҷумла ба ҳар як оила панҷ кило шакар, панҷ кило биринҷ, се кило лӯбиё, се кило марҷумак, се кило макарон, ду кило намак ва ғайра дастрас гардид.

Марҳилаи дувуми кумаки башардӯстонаи ин ташкилоти хайриявӣ 30 — юми декабри соли 2015 ба оилаҳои дар фасли тобистон аз сел зарардидаи деҳаҳои Бедак ва Ҳалқарфи деҳоти «Навдӣ»-и ноҳияи Рашт сурат гирифт. Кумаки башардӯстона барои 60 оила пешбинӣ шуда, худи ҳамон рӯз бо иштироки намояндагони ташкилоти мазкур, масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, намояндагони Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақа ва ноҳия аз ҷониби ихтиёрони бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт тақсим карда шуд.

Кумаки башардӯстона аз 300 дона кӯрпаи гарм, 60 адад печкаи махсус барои гармидиҳӣ, 3,6 тонна ангишт, 60 бастаи хӯрокворӣ, аз ҷумла ба ҳар як оила панҷ кило шакар, панҷ кило биринҷ, се кило лӯбиё, се кило марҷумак, се кило макарон, ду кило намак иборат буд.

1 (81)Дар ин росто, 31 декабри соли 2015 кумаки хайриявии навбатӣ ба ВМКБ  расонида шуд, ки  1858 кӯрпаи гарм, 340 печкаи махсус барои гармидиҳӣ, 66,4 тонна ангишт, 550 бастаи хӯроквориро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо байни фонди хайриявии «King Salman humanitarian aid & relief centre»-и Арабистони Саудӣ ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон санаи 2 январи соли 2016 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тибқи ин созишнома, то моҳи майи соли 2016 расонидани кумаки хайриявӣ ба табақаҳои ниёзманд дар назар дошта шудааст.

-Тартиби расонидани кумак ба зарардидагон чӣ гуна сурат гирифт?

- Маводи дар доираи кумаки мазкур пешбинишударо намояндагони Маркази «King Salman humanitarian aid & relief centre»-и Арабистони Саудӣ аз соҳибкорони ватанӣ харидорӣ намуданд ва дастрас карданаш тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон анҷом дода шуд. Мо бо ширкатҳои нақлиётӣ шартнома дорем ва онҳоро барои интиқоли бор ҷалб намудем. Аз маркази ноҳияи Рӯшон то деҳоти «Бартанг» роҳ душворгузар аст, аз ин рӯ, дигар намуди  мошинҳоро киро намудем ва маблағи онро низ маркази фавқ пардохт кард. Тақсимоти кумак аз тарафи намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон сурат гирифт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ВМКБ бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки 300 нафар ихтиёрӣ дорад. Намояндагони Маркази «King Salman humanitarian aid & relief centre»-и Арабистони Саудӣ низ вақти тақсимот ҳузур доштанд ва  муътақид шуданд, ки ин раванд дар сатҳи зарурӣ амалӣ гардид. Дар маҷмӯъ, барои мо доштани чунин шарики боэътимод ба манфиати кор буда, раванди воридоти тақсимоти ёрии башардӯстонаро тавсеа мебахшад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»