Ба Пешвои миллат

№4 (3484) 09.01.2016

През01Пешвою Раҳнамою Сарвари донои мо,

Он ки дар қалби ҳазорон мардумаш бигрифта ҷо.

Номи ў Эмомалӣ Раҳмону авлоди Шариф,

Ин шарафмандӣ насибаш гашт бо ҳукми Худо.

Шаҳсутуни миллат асту Офтоби кишвар аст,

Ў табиби дарди миллат, ҳофизи марзу бар аст.

Ҳар гаҳе номи Ватанро оварад вирди забон,

Ҳарфи пурмаънии ў ширин зи шаҳду шакар аст.

Роҳи тайбинмудааш осон набуд то ин замон,

Баҳри ҳифзи кишвару халқаш ба каф бигрифта ҷон.

То ки ёбад кишвару миллат наҷот аз дасти ғам,

Бо ҳама аҳли мухолиф ёфт бо хубӣ забон.

Оқилу донову соҳибмаърифат ин гуна аст,

Он бузурге, ки тавонад дид сад сол пештар.

Гар набуд ў Пешво имрўз тоҷик хор буд,

Мезаданд моро ҳазорон душманон сад нештар.

Бахти миллат, бахти кишвар ў сари қудрат расид,

Бо фаросат, бо адолат ҷамъ кард аҳли пареш.

Бо туфайли заҳматаш моро ҷаҳон бишнохта,

Тоҷикистон, миллати ў меравад ҳар лаҳза пеш.

Эй азизони Ватан имрўз сарҷамъии мо,

Бо туфайли заҳмати мушкили ў оварда бор.

Пас дуо созем ёрони азизи ин Ватан,

Сарвари моро нигаҳбонӣ намо, Парвардигор.

 Давлати СУЛТОН