Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№56-57 (3202-3203) 30.05.2014

Ҷавоб ба мақолаи хабарнигори рӯзнома Ш. Атобуллоев «Нишондиҳандаҳое, ки шабеҳи ҳубоби рӯйи обанд» («Садои мардум» №38 (3184) аз 17 апрели соли 2014)

Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» фаъолияти ташкилоту хоҷагиҳои соҳаро дар асоси дастуру супоришҳое, ки аз Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронии Роҳбари давлат дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат аз 15 январи соли 2013 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ  дар соли 2012, инчунин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Анҷумани XVI кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ бармеоянд, амалӣ намуда, соли 2013-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуд.

Бояд гуфт, ки ҳар он чӣ вобаста ба иқтидори иқтисодӣ ва имкониятҳои мавҷудаи соҳаи кооператсия дар тӯли  соли 2013 ба нақша гирифта шуда буд, амалан барзиёд иҷро гардид. Натиҷаи ҳамин буд, ки ҳиссаҷудокуниҳо аз ҳама намуди андоз ба буҷети кишвар дар соли 2013 зиёда аз 38,3 миллион сомониро ташкил дод, ки ин рақам назар ба соли 2012 ба андозаи 6,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки Иттифоқи «Тоҷикматлубот», ҳамчун ташкилоти ҷамъиятию хоҷагӣ,  танҳо аз ҳисоби маблағҳои худӣ фаъолият менамояд ва тамоми амалу  фаъолияти худро тибқи нақша, мутобиқ ба дурнамои фаъолияти соҳа ба роҳ монда, ҳамасола аз нақшаҳои тарҳрезишуда ва иҷрои амалии он давра ба давра ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳисобот медиҳад.

Ҳамзамон масъалаи дигареро ба таваҷҷуҳи шумо бо арзи эҳтиром мерасонем, ки ҳамаи нақшаҳо вобаста ба имконият ва иқтидори соҳа тарҳрезӣ мегарданд.

Соҳаи кооператсияи матлубот, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон қариб ба нестӣ рафта буд, маҳз туфайли таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз нав ҷон гирифта истодааст.

Ислоҳоти куллии иқтисодӣ ва гузаштан ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ зарурияти гуногуншаклии моликиятро ба миён овард. Ислоҳоти моликият асоси фаъолияти озоди тиҷорат гардид. Имрӯз бошад, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 98 фоизи ҳаҷми гардиши молии савдои чакана ба дигар сохторҳои  тиҷоратӣ дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва омехта рост меояд. (Аз маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013).

Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 №122 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014» тамоми имкониятҳоро истифода бурда, нақшаҳои захираи маҳсулоти кишоварзиро пурра иҷро намуд. Аз ҷумла дар соҳа барои зимистонгузаронии солҳои 2013-2014, бо дарназардошти нақшаи иловагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъминоти аҳолӣ дар фасли сармо ва то қадре пешгирӣ аз болоравии нархи картошка бо нигоҳдории он, то моҳи феврали соли 2014 ба миқдори 33,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шуд, ки нисбати соли 2012 ба қадри 8,2 ҳазор тонна зиёд мебошад. Бояд таъкид намуд, ки аз ин миқдори захирашуда 14609 тоннаашро картошка ташкил менамояд, ки дар муқоиса ба 800 ҳазор тоннаи талаботи аҳолӣ ҳамагӣ 1,8 фоизро ташкил медиҳад.

Тавре дар боло ишора намудем, маҳсулоти мазкур вобаста ба иқтидори иқтисодӣ ва имкониятҳои молиявию нигаҳдории таъминоти хоҷагиҳои соҳа захира гардидааст, ки чунин захираҳо ҳар сол аз 20 ноябр то 25 март пешкаши аҳолии ҷумҳурӣ мегарданд.

Дар мақола, ки асосан аз хусуси болоравии нархи картошка дар бозорҳои пойтахт таъкид гардидааст, ба маълумоти идораи рӯзнома мерасонем, ки Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар шаҳри Душанбе нуқтаҳои тиҷоратӣ надорад. Фаъолияти матлуботчиёни кишвар бошад, мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооператсияи матлубот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳз баҳри хизматрасонӣ ба аҳолии деҳот нигаронида шудааст. Иттифоқи  «Тоҷикматлубот» ҳам тавассути зерсохторҳояш, ки танҳо дар деҳот ҷойгиранд, дар доираи тавону қудрат ва имкониятҳои мавҷудаи хеш аз уҳдаи иҷрои нақшаву уҳдадориҳои худ оид ба хизматрасонӣ ба аҳолӣ баромада истодааст.

Воқеан, барои он ки нарх дар бозорҳо, аз ҷумла нархи картошка, ба танзим дароварда шавад, аз 800 ҳазор тонна, ки эҳтиёҷоти солонаи аҳолии Тоҷикистон аст, камаш 200 ҳазор тоннаи он бояд захира карда шавад ва дар мавриди зарурӣ пешкаши аҳолӣ гардад. Нархро бошад, истеҳсол паст мекунад,  на хизматрасонӣ.

Сироҷиддин ВАЛИЕВ, раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот»