Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№86-88 (3232-3234) 04.08.2014

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Нархи роҳкиро бояд воқеӣ бошад»-ро (рӯзномаи «Садои мардум», №44 (3190) аз 1 майи соли 2014), ки муаллиф дар он масъалаи нархи роҳкирои нақлиёти мусофирбар дар хатсайри Хоруғ –Душанберо ба миён гузоштааст, баррасӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки Хадамот ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти назорат ва пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ, дар асоси моддаҳои 12 ва 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» назорат ва танзими зиддиинҳисориро танҳо аз рӯйи фаъолияти субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоиро ишғол менамоянд ва онҳо ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори моли муайян мавқеи ҳукмфармоиро доробуда шомил карда шудаанд, амалӣ менамояд.

Роҷеъ ба мақолаи рӯзнома, ки муҳтавои он масъалаи гаронии нархи роҳкиро аст, зикр менамоем, ки дар хатсайри самти Хоруғ-Душанбе шахсони алоҳида ва соҳибкорони инфиродӣ бо нақлиёти шахсӣ машғули мусофиркашонӣ мебошанд, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқи мустақилона муқаррар намудани нархҳои (тариф) кору хизматрасонии худро доранд.

Бояд зикр намуд, ки вобаста ба санҷиши шуъбаи Хадамот дар ВМКБ дар терминали «Мусофиркашонӣ»-и шаҳри Хоруғ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» хизматрасонии терминалҳои нақлиётӣ соҳаи фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ ба шумор мераванд. Хадамоти зиддиинҳисорӣ танҳо дар он ҳолат метавонад нархи роҳкироро дар хатсайри Хоруғ-Душанбе ба танзим дарорад, ки агар нақлиётҳои мусофиркашонӣ дар тавозуни терминали «Мусофиркашонӣ» бошанд ё субъектҳои хоҷагидоре, ки дар ин бозор мавқеи ҳукмфарморо ишғол менамоянд ва ба Феҳрист шомил карда шудаанд.

Сарфи назар аз ин, Хадамот бо мақсади ҳимояи манфиати истеъмолкунандагон мониторинги бозори молиро гузаронида, натиҷаи онро мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода, ҳолати рақобатро дар он баҳогузорӣ менамояд.

Ҳангоми ошкор гардидани қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чораҳои дахлдор нисбати субъекти хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ андешида мешавад.

Абдусамад Раҷабзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон