Мақолаи «Барномаи рушди картошкапарварӣ пурра амалӣ нагардид. Чаро?», ки 15 декабри соли 2016 дар рӯзномаи «Садои мардум», №152 чоп гардидааст, дар маҷлиси назоратӣ – истеҳсолии назди раиси ноҳия бо иштироки муовини соҳавӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва директори хоҷагии таҷрибавии «Муъминобод» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мавриди зикр аст, ки оид ба иҷрои барномаи мазкур амри раиси ноҳияи Муъминобод аз 17 июли соли 2016, таҳти №48 ба тасвиб расидааст. Бо мақсади иҷрои он дар ноҳия соли гузашта майдони кишти картошка аз 977 гектар ба 984 гектар расонида шуд. Дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ҳосилнокии ҳар як гектар ба 224 сентнер расонида шуд. Ҳосили умумӣ 22085 тоннаро ташкил дод. Дар ноҳия Ассотсиатсияи тухмикартошкапарварии «Биотех» фаъолият менамояд, ки деҳқонони ноҳияро бо тухмиҳои хушсифат таъмин менамояд. Дар ихтиёри хоҷагии таҷрибавии «Муъминобод» 800 гектар замин мавҷуд аст, 250 гектараш обӣ мебошад. Камбудиҳои дар мақола нишондодашуда ба хоҷагии номбурда тааллуқ доранд ва ин хоҷагӣ ба тобеияти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб аст.
Барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия яхдон бо ғунҷоиши 1000 тонна, се сардхона бо ғунҷоиши 700 тонна мавҷуд аст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф ва рушди соҳаи картошкапарвариро таъмин намояд.
Д. ИДИЕВ, муовини якуми раиси ноҳияи Муъминобод