Дар ду тарафи хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб баландтарин Парчаму Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гашта истодааст.
Баландии Парчам беш аз 50 ва Нишон 27 метрро ташкил менамояд. То ба имрӯз аксари корҳои сохтмонии ин иншоот ба анҷом расидаанд. Ҳоло сохтмончиёну масъулон ба бунёди роҳраву гулгашт ва кабудизор намудани атрофи ин муқаддасоти миллӣ машғуланд.
Темуршоҳи Файзалӣ, «Садои мардум»