Аз паём то паём

Барои таҳсилу истироҳати кўдакону наврасон шароит муҳайё буд

№4 (3484) 09.01.2016

Дар остонаи Соли нави мелодӣ 110 нафар кўдакону наврасони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ки дар истироҳатгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов наздик ба панҷ моҳ ба ғамхориву парасторӣ фаро гирифта шуда буданд,  ба зодгоҳҳои худ — ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Дарвоз баргаштанд.

Дар маросими гусели онҳо роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд Ғафурҷон Зоиров суханронӣ намуда, гуфт, ки сокинони вилоят чун тамоми манотиқи дигари кишвар, аз рўзҳои нахустини сар задани офати табиӣ дар навоҳии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт ғамшарики онҳо буданд ва баҳри кумак ба зарардидагони ин ҳодиса ба иҷрои амалҳои хайр иқдом карданд. Вай таъкид намуд, ки тибқи супориши Сарвари давлат-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давоми панҷ моҳ ин наврасон ба маҳфилҳои касбомўзӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, сайругашт ба мавзеъҳои таърихӣ, барномаҳои фарҳангӣ ҷалб ва бо таълим фаро гирифта шуданд.

Хонандагон ва омўзгороне, ки тўли панҷ моҳ онҳоро дар истироҳатгоҳи номбурда ҳамроҳӣ доштанд, барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаашон ба раиси вилоят ва сокинони он арзи сипос ва миннатдорӣ намуданд. Тавре Гулбарг Имматбандаева – омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-и ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон изҳор дошт,  баҳри истироҳату фароғат ва таълиму тарбияи кўдакон дар истироҳатгоҳ беҳтарин шароит фароҳам буд. Дар баробари таълиму тадрис шогирдон ҳамчунин ба омўзиши ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли адрасбофию атласбофӣ, ҷалб гардида, нозукиҳои ин ҳунарҳоро омўхтанд.

Бояд тазаккур дод, ки моҳи июли соли 2015 бинобар сабаби сар задани офати табиӣ ва омадани сел як қатор ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон зарар диданд, аз ҷумла теъдоди зиёди сокинон бесарпаноҳ монданд. Аз ин рў, бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кўдакону наврасони бадахшонӣ дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҷойгир ва ба ғамхорӣ фаро гирифта шуданд, ки давоми панҷ моҳ, то бунёди манзили зисти оилаҳояшон, дар ҳамин урдугоҳ қарор доштанд. Дар ин муддат аз ҷониби роҳбарияти вилоят тамоми тадбирҳо андешида, кўдакону наврасон ба истироҳату таълим фаро гирифта шуданд. Нахуст Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 210 нафар наврасони навоҳии бар асари офати табиӣ зарардидаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва ноҳияи Раштро барои истироҳат ва таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ҷалб намуд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар остонаи соли нави хониш ба наврасони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ду намуд сарулибоси ягонаи мактабӣ, пойафзолу либосҳои тобистонаву зимистона, ҷузвдон, китобҳои дарсӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда, барояшон тани сиҳату хонаи обод таманно намуд.

Ҳамин тариқ, наврасону кўдакони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон баъди ибрози меҳрномаҳои самимиву пур аз муҳаббат бо ҳамсолони суғдии худ хайрухуш намуда, ҷониби зодгоҳашон раҳсипор гардиданд. Роҳашон сафеду ғам аз барашон дур бод!

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»