Баёнгари ягонагии давлат ва ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон

№136-137(4719-4720) 15.11.2023

E`momali-RahmonДар таҷрибаи низоми идоракунии давлат навъ ва намудҳои гуногун мавҷуданд. Шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ, ки шакли идоракунии халқӣ мебошад, дар навбати худ аз чанд навъи дигар таркиб ёфтааст. Идоракунии халқӣ, яъне ҷумҳуриявӣ, метавонад идоракунии президентӣ, парлумонӣ ва навъҳои дигарро қабул кунад. Ба назари ман, барои Тоҷикистон ҳам аз нуқтаи назари анъанаи давлатдорӣ ва вазъияте, ки баъд аз касб кардани истиқлолияти давлатӣ дошт, эътироф кардани шакли идораи ҷумҳуриявии президентӣ мувофиқи мақсад буд, чунки баъд аз ба давлати мустақил табдил ёфтани Тоҷикистон дар парлумон андешаҳои вакилон гуногун буданд. Дар натиҷа, баҳсу мунозира зиёд шуд. Дахолати хориҷӣ низ беҳад афзуд ва Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал масъалаеро, ки дар назди вакилони Шӯрои Олӣ гузоштанд, ин барқарор кардани ҳокимияти давлатӣ буд. Дар ин замина Роҳбари давлат таҳияи Конститутсияро тадриҷан тарҳрезӣ намуда, пешниҳод карданд, ки ин санади муҳими давлатдориро вобаста ба иродаи халқ қабул кунем ва халқи Тоҷикистон бояд роҳи давлатдориашро муайян намояд. Соли 1994 халқи Тоҷикистон шакли идоракунии президентиро интихоб кард.

Пажӯҳиши масъала маълум намуд, ки гузаш­тан ба шакли идоракунии парламентӣ аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ маншаъ гирифта, тақозои замон буд. Тавре аз гузориши иҷлосияи зикршуда, ки он замон рӯзномаи «Садои мардум» шакли пурраи онро чоп карда буд, бармеояд, вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро қабул карданд, ки дар он меъёрҳои конститутсионии ба ҳокимияти Президент рабтдошта бекор карда шуданд. Дар ин замина, ваколатҳои ба Президент дахлдошта ба Шӯрои Олӣ, Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои Вазирони Тоҷикистон вогузор гардиданд. Илова бар ин, амали қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии зикршуда дар бораи вазъи ҳуқуқии Президент низ бекор гардиданд.

Ба шарофати ибтикори зикршуда фаъолияти институти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қатъ гардида, шакли идораи парламентӣ фаъол шуд. Дар асоси тағйироти мавриди назар Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, кафили риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳо гардида, ҳуқуқи намояндагии Тоҷикистонро дар дохили мамлакат ва муносибатҳои байналмилалӣ, инчунин ҳуқуқи имзои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардид. Хулоса ин аст, ки дар он айёми бениҳоят ҳассосу пурҳаводис ва сарнавиштсоз ҳокимияти президентӣ натавонист рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд ба ҷо орад.

Дар доираи матлаб бамаврид ва заруру ногузир аст, ки моҳият ва мафҳуми «Президент» муфассал ва бо истинод ба манбаъ ва адабиёти муътамад шарҳу тавзеҳ дода шавад. Чуноне ки олими рус Н.А.Сахаров қайд мекунад: «Мафҳуми «Президент» аз забони лотинӣ «praesidens» гирифта шуда, дар луғат маънои «дар пеш нишаста»-ро дорад, ки ҳамчун истилоҳи ҳуқуқӣ дар аксари кишварҳое, ки идораи ҷумҳуриявӣ роиҷ аст, баҳри ифодаи маснади сардори давлат ва ё роҳбари мамлакат истифода мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ниҳоди нисбатан нави сиёсию ҳуқуқие мебошад, ки дар он Президент сарвари давлат ва раиси ҳокимияти иҷроия маҳсуб мешавад.

Пажӯҳишгарони тоҷик зимни таҳлили заминаҳои пайдоиш ва зарурати таъсиси ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чанд омил ишора мекунанд. Як идда қотеъона исрор меварзанд, ки ташкили қолаби нави идора бо роҳбарии Президент дар Тоҷикистон бо ҷанбаҳои айнӣ ва зеҳнӣ тавъам буд. Зарурати пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули оҷилии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими низоми давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

Далели бебаҳс аст, ки таъсиси ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ва таҳрикбахши эътирофи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Бо муҳаққиқон дар мавриди он ҳамфикрам, ки: «Зарурати пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули оҷилии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими низоми давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аз ҷумлаи омилҳоеянд, ки ба ташкили қолаби нави идора бо роҳбарии Президент дар Тоҷикистон асос гузоштанд». Дар робита ба ин месазад ёдовар шавем, ки институти президентӣ дар кишвари мо бо истинод ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва ба шарофати фароҳам намудани заминаи мукаммали ҳуқуқӣ рӯи кор омад.

Набудани механизми мураттаби ҳифзи сохти конститутсионӣ, таҷрибаи муборизаи мадании сиёсӣ, мавҷудияти қувваҳои иҷтимоие, ки ба таври ошкоро муборизаи мусаллаҳонаро чун воситаи ба даст овардани ҳадафҳои худ эълон доштанд, ба он оварда расонид, ки ниҳоди президентӣ ба шаклҳои гуногуни таҳдид ва фишори ғайрирасмии сиёсӣ дучор шуд. Таҳлили холисонаи ин қабил зуҳурот ба хулоса меорад, ки танҳо дар соли 1992 ба Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Олӣ даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ду Президент ва панҷ Ҳукумат иваз гардиданд. Ин ҳолат дар маҷмӯъ, вазъи ҷамъиятӣ-сиёсии ҷумҳуриро хеле ноус­тувор гардонида, ҳаёт, амният ва некуаҳволии шаҳрвандон, худи мавҷудияти давлатдории тоҷиконро зери хавф гузошт. Масъалаҳои марбут ба интихоби шакли раёсати ҷумҳуриявӣ ва тақдири ниҳоди президентӣ боиси нигаронӣ ва муҳокимаи доманадор дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Нақши таърихии иҷлосияи мазкур дар он мебошад, ки бо такя ба арзишҳои волои миллӣ тавонист ба аксари зуҳуроти номатлуб дар ҳаёти давлатӣ баҳои ҳуқуқӣ дода, фаъолияти ниҳодҳои зиёди давлатӣ ва ҷамъиятиро воқеъбинона матраҳ созад. Дар натиҷа, ба қонун аз 27-уми ноябри соли 1992 мансаби президент, мувофиқан шакли раёсати хоси он барҳам дода шуд ва баъд аз таваққуфи дусола бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони тозаистиқлол соли 1994 он дар мазмуни сифатан нав дубора эҳё шуд.

Ҳамин тавр, ниҳоди президентӣ зуҳуроти ҷадиди сиёсию ҳуқуқие мебошад, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамто надорад. Дар адабиёти ҳуқуқӣ асоснок таъкид мегардад, ки ташаккули ниҳоди мазкур «дар ҷумҳурӣ як зайл ва ҳамвора ба вуқӯъ напайваста, ба мушкилиҳои муайяне рӯ ба рӯ гаштааст», вале таъсиси мансаби президент дар шароити сохти шӯравии Тоҷикистон аҳамияти, бешак, инқилобӣ дошт:

- якум, он қадами устувор дар роҳи тасдиқи арзишҳои нави Эъломияи соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ гардид, ки дар он, аз ҷумла, усули таҷзияи ҳокимият эътироф мегашт;

- дуюм, ба шарофати он афкори ҳуқуқии кишвар бо истилоҳи «сарвари ҷумҳурӣ» шиносоӣ пайдо кард;

- сеюм, тавассути он таҷҳизи сохтори идораи давлатӣ амалан шурӯъ шуд;

- чорум, он моҳиятан муждарасони сиёсию ҳуқуқии истиқлолияти минбаъдаи Тоҷикистон гардид.

Таҷрибаи дусолаи фаъолияти мансаби президентӣ дар Тоҷикистон равшан нишон дод, ки дар ҳаёти мамлакат аҳамияти ҳалкунандаро на ин ё он сохтори идора, балки низоми сайқал­ёфтаи роҳбарӣ дорост, ки таҳкурсии сиёсии ҷараёнҳои демократиро ташкил дода, мизони ҳокимияти давлатӣ тавассути ҳамкорию ҳамоҳангии рукнҳои он таъмин мегардад.

Падидаи «Президент» нахустзамина ва асоси ташаккули ҳокимияти иҷроия дар низоми ҳокимияти давлатӣ мебошад. Пайдоиш ва ташаккули ҳокимияти иҷроия чун мафҳуми ҳуқуқию сиёсӣ дар давраҳои гуногуни инкишофи давлатдорӣ чун принсипи конститутсионализми ғарбӣ ба вуқӯъ пайваста буд, ки дар маркази мавзӯи он вазъи конститутсионӣ — ҳуқуқии Президент меистад.

Барои пурратар ошкор намудани хусусияти ин падида дар шароити Тоҷикистон бояд дар назар дошта шавад, ки масъалаи мазкур ба кадом асосҳои бунёдӣ алоқаманд аст, аз куҷо сарчашма мегирад, ба Президент кадом вазифаю салоҳиятҳо дода шудааст, ӯ дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар кадом вазъ қарор дорад ва Конститутсия чӣ гуна механизми амалишавӣ, кафолатҳо ва маҳдудиятҳоро барои ӯ муқаррар намудааст?

Аз мазмуни бобҳои чаҳорум, панҷум ва дигар бобҳои Конститутсия, инчунин аз қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои ҷорӣ, ки дар асоси Конститутсия қабул карда шудаанд, падидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои конститутсионии худро дарёфт ва вазъи конститутсионӣ-ҳуқуқии Президентро дар низоми ҳокимияти давлатӣ муқаррар намуд, ки хусусиятҳои он аз инҳо иборат мебошанд:

Якум, падидаи «Президент» падидае мебошад, ки дар он намояндагии умумихалқӣ таҷассум меёбад, зеро мутобиқи Конститутсия ба мансаби Президент шаҳрванди Тоҷикистон ба тартиби муқарраргардида интихоб шуда метавонад, ки синни ӯ аз 35 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.

Тартиби интихоби Президентро Қонуни конс­титутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21-уми июли соли 1994 таҳти №1043 бо тағйироту иловаҳо аз 3-юми сентябри соли 1999 (№384) ва аз 28-уми декабри соли 2005 (№140) танзим намудааст.

Дуюм, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки ӯро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол бо тартиби муқарраршуда интихоб менамоянд.

Сеюм, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан рамзи давлат, сарвари давлат ва сарвари мақомоти ҳокимияти иҷроия – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ӯ дорои салоҳияти намояндагии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи мамлакат мебошад. Ин вазъи конститутсионӣ-ҳуқуқии Президентро мавҷудияти рамзҳои ӯ шаҳодат медиҳанд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28-уми июли соли 2006 таҳти №192 аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, онҳо рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (моддаи 1).

Рамзҳои президентӣ дар маросими савганд­ёдкунӣ ба ӯ аз ҷониби раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад. Ин маросим бо шукӯҳу шаҳомати хоса барпо шуда, дар ин маросим Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ӯ афрохта мешавад, ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мансаб дорандаи ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи як» мебошад (моддаи 6). Қонуни зикршуда тартиби истифодаи рамзҳои президентиро муқаррар кардааст. Бояд тазаккур дод, ки баъд аз савганд ёд намудани Президенти кишвар мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15-уми ноябри соли 2006 таҳти №205 хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе савганди тантанавӣ ёд мекунанд.

Чаҳорум, Президент баёнгари ягонагии давлат буда, ҷумҳуриро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад, ҳуқуқи аз номи тамоми халқи Тоҷикистон сухан гуфтанро дорад. Чуноне аз моддаи 64 Конститутсия бармеояд, Президент кафили пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо мебошад.

Президент вазифадор аст, ки ҳамгироии фаъолияти рукнҳои ҳокимияти давлатиро ба хотири ваҳдати онҳо таъмин намояд, то ки дар низоми давлатдорӣ «қувваи марказгурез» ба вуҷуд наояд. То ки чунин вазъ рух надиҳад, Конститутсия истифодаи механизми тавозуни (боздорӣ ва мувозинаи) ҳокимиятро муқаррар намудааст, ки ба ҳамкории рукнҳои ҳокимияти давлатӣ дар амалӣ намудани вазифа ва салоҳиятҳо, инчунин аз тариқи мусолиҳа ҳаллу фасл намудани онҳо мусоидат менамояд. Ин вазифаро Президент бо он асос доро мебошад, ки ӯ ҳамчун мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ ва намояндаи ягонаи умумихалқӣ кафили мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо ва ягонагии давлат мебошад.

Панҷум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доранда ва барандаи тавозуни ҳокимияти давлатӣ мебошад. Вай ба тарзҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ ҳамчун шахси масъули бонуфуз дар механизми тавозуни (боздорӣ ва мувозинаи) ҳокимияти давлатӣ фаъолона иштирок менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад механизми мураттабсозӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ – усули тавозуни ҳокимияти давлатиро ба таври воқеӣ истифода барад:

Якум, бевосита ҳангоми истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ (моддаи 58 Конс­титутсия);

Дуюм, аз имзои қонун даст кашидан — дар вақти ба он ва ё қисми он розӣ набудан. Дар ин маврид Президент метавонад дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо қонунро ба Маҷлиси намояндагон баргардонад (моддаи 62);

Сеюм, ба воситаи намояндаи худ дар Парлумон ҳангоми баррасии лоиҳаи қонунҳо ва ҳаллу фасли масъалаҳои ҳаётан муҳими сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ғайра мавқеи худро оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси Олӣ бо сиёсати дохилию хориҷии кишвар муайян менамояд. Ба ҳамин тариқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавозуни устувори «секунҷаи» рукнҳои давлатӣ – ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад.

Шашум, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ягона нозири волои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки ҳамзамон кафили риояи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Ҳафтум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаками умумихалқии бонуфуз дар низоми ҳокимияти давлатӣ мебошад. Дар доираи ин ваколат Президент масъалаҳои марбут ба додани паноҳгоҳи сиёсӣ, қабул ба шаҳрвандӣ, бахшиши ҷазо ва мукофотонии шаҳрвандонро ҳаллу фасл менамояд.

Ҳаштум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо мебошад. Президент дар ин ҷода барои амалисозии вазифаҳои зикршуда ҳуқуқ дорад, ки механизмҳои давлатии амалигардонии онҳоро таъсис ва барҳам диҳад. Аз ҷумла, ӯ Дастгоҳи иҷроияи Президент, Шӯрои адлия ва Шӯрои президентиро ба тариқи муқарраркардаи қонунгузорӣ таъсис медиҳад, ки барои мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини ҳамкории онҳо, иҷро ва риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон, пойдорию бардавомии давлат таҳким мебахшанд.

Нуҳум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, сулҳу субот ва пойдорию бардавомӣ мебошад. Дар ин самт ӯ ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини қобилияти мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми июни соли 1993 «Дар бораи мудофиа» (дар таҳрири қонун аз 4-уми ноябри соли 1995 таҳти №208) меандешад. Шӯрои амниятро ташкил намуда, ба он роҳбарӣ мекунад; самтҳои асосии ҳамкориро бо давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳарбӣ муайян мекунад; гуфтушунидҳо мегузаронад ва оиди масъалаҳои ҳарбӣ шартномаҳои байналмилалиро имзо менамояд; ҳолати ҷанг, сафарбаркунии умумӣ ва ҷузъӣ, ҳолати ҳарбиро дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар маҳалҳои алоҳидаи он эълон карда, бетаъхир ба тасдиқи ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад, Сардори Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд; унвонҳои олии ҳарбиро медиҳад ва ғайра.

Ҳангоми таҳдиди ҷанг мутобиқи қонун метавонад ҳолати ҳарбӣ ё вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ кунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили Конститутсия амнияти шахсият, ҷамъият ва давлатро таъмин менамояд, мақомоти давлатии таъмини амниятро ташкил, аз нав таъсис ва барҳам медиҳад.

Даҳум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — кафили риояи қарордодҳои байналмилалӣ мебошад, ки ӯ самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян месозад, Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, мақомоти марбутаи ҳокимияти иҷроияро дар ин самт таъсис медиҳад, вазъи ҳуқуқии онҳоро муайян мекунад ва онҳоро барҳам медиҳад; сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад, қарордодҳои байналмилалии Тоҷикис­тонро ба имзо мерасонад, иҷрои онҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11-уми декабри соли 1999 таҳти №908 ба роҳ мемонад.

Ёздаҳум, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи қонун ва таъминоти махсус қарор дорад.

Моддаи 72 Конститутсия муқаррар намудааст, ки Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад.

Масъалаҳои таъминот ва ҳимояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминот, адои хизмат ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз 4-уми ноябри соли 1995 таҳти № 204 (дар таҳрири қонунҳо аз 22-юми апрели соли 2003 таҳти №10 ва аз 5-уми майи соли 2007 таҳти № 224) муқаррар шудааст, ки тибқи он Президент таҳти ҳимояи давлат қарор дошта, ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи ӯ таҳти ҳимояи қонун мебошад. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президент қасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Бояд зикр кард, ки бавуҷудоӣ ва инкишофи падидаи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аввалҳои солҳои 90-и асри гузашта аз ғояҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва таҷрибаи Иттиҳоди Шӯравӣ баҳраманд шудааст. Раъйпурсӣ барои қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 баргузор гардида, ба ташаккули падидаи «Президент» аз тариқи раъйпурсӣ заминаи конститутсионӣ фароҳам сохт. Дар он Конститутсия қабул шуд ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мансаби олии давлатӣ бо тарафдории аксарияти интихобкунандагони дар интихобот иштироккарда интихоб гардиданд. Ба ҳамин тариқ, падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқии «Президент» ва вазъи конститутсионӣ-ҳуқуқии Президент ҳамчун намояндаи умумихалқӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол муқаррар гардид.

 Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ба ин падидаи конститутсионӣ-ҳуқуқӣ боби махсус (Боби чорум), ки «Президент» (моддаҳои 64 -72) ном дорад, бахшида шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон муқаррар гардид (моддаи 64).

Ҳамин тариқ, ташаккули ниҳоди президентӣ тақозои замон ва яке аз нишондиҳандаҳои асосии барпо шудани давлатсозию давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз ин ниҳод қодир аст фаъолияти муназзами аркони давлатдорӣ ва бақои давлатро таъмин намояд. Дар навбати аввал ин ниҳод боис гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад. Ҳарчанд давлати нави мустақили тоҷикон ҳамагӣ дар як пораи кӯҳистони сарзамини бузурги таърихии халқи тоҷик таъсис ёфтааст, вале дар он рӯзҳо нақшаҳои тақсими ин давлат дар миён буд. Чунин тарҳҳоро на танҳо неруҳои хориҷӣ, балки баъзе аз сиёсатмадорон ва қувваҳои сиёсии дохилӣ низ ҷонибдорӣ намуда буданд.

Дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир, ки бархӯрди манфиати абарқудратҳо рӯз то рӯз шиддат гирифта истодааст, мақом ва моҳияти ниҳоди президентӣ барҷастаю баръало аст.

Ба андешаи мо, дар сатҳи муосир эҳё ва барқарор намудани ниҳоди президентӣ яке аз дастовардҳои беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Агар ба сиёсат ва раванди давлатсозию давлатдории ин Абармард мутаваҷҷеҳ шавем, моҳияту мантиқи ин гуфта баръалотар мешавад.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»