Бо кумаки Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон дар маҳалли Барсеми ноҳияи Шуғнон корҳои бехатарсозии кӯли сунъӣ оғоз гардид. Ин кӯли сунъӣ, ки бар асари сели моҳи июли соли равон ва басташавии пеши маҷрои рӯди Ғунд ба вуҷуд омад, эҳтимолияти зиёди рахнашавӣ дар мавсими обхезӣ ва таҳдид ба қисме аз маҳаллаҳои деҳоту маркази вилоятро дорад.
Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Исрор Исроров иброз дошт, ки барои бехатаргардонии кӯл ва кам кардани таҳдиди хатари сел аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як миллиону 460 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Бо ин маблағ канали обпарто сохта хоҳад шуд, ки ба воситаи он оби ҷамъшудаи кӯл ба дарёи Ғунд ҷорӣ мешавад. Канали обпарто 806 метр дарозӣ ва 14 метр паҳноӣ дошта, чуқурии он дар нуқтаи саршавии кӯл ба 17 метр мерасад. Ба ғайр аз сохтмони канал ҳамчунин ба манзури кам кардани хатари офати такрорӣ дар роҳи ҳаракати сел садди бетонӣ бунёд карда мешавад.
Сохтмони канали обпарторо ғолиби тендер-ҶДММ «Панҷ» бар уҳда дорад. Ба гуфти мутахассиси пешбари ин ширкати хусусӣ Шобулбул Муборакшоев тибқи нақша то 20-уми феврали соли 2016 корҳои сохтмони канали обпарто пурра ба анҷом мерасанд.
Интизор меравад, ки дар кори бехатаргардонии кӯл ва кам кардани хатари эҳтимолии сел ташкилотҳои байналмилалӣ ҳам саҳм мегузоранд.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»